Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 05.05

Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров  дар шабакаи Телеграми худ навореро нашр кард, ки дар он як гурӯҳи дигари ихтиёриён барои ширкат дар амалиёти вижа ба Украина рафтанд.

Дар навор  гуфта мешавад, ки дастгирии ихтиёриён дар ҳама марҳилаҳо, аз ҷумла иштироки пурраи пулакӣ ташкил карда мешавад, дар рӯзи сафар ба ҷангиён 300 ҳазор рубл медиҳанд, илова бар ин, ба суратҳисоби ҷангиён ҳар рӯз  53 доллар гузаронида мешавад.  Дар навор инчунин рақамҳои тамос барои онҳое, ки мехоҳанд ба сафи ҷанговарон шомил шаванд, оварда шудаанд.

***

Австралия алайҳи вакилони Думаи давлатии Русия ва вазирони Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск ва Ҷумҳурии Халқии Донетск таҳрим ҷорӣ кард.

Дар ин бора рӯзномаи The Sydney Morning Herald бо такя ба маълумоти вазири корҳои хориҷии Австралия Марис Пейн хабар додааст. Инак ҳукумати Австралия алайҳи 76 узви Думаи давлатии Русия ва 34 узви ҳукуматҳои Донетск ва Луҳанск таҳрим ҷорӣ мекунад.

Қаблан дар феҳристи таҳримҳои Австралия Владимир Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва дигар сиёсатмадорону тоҷирони Русия шомил шуда буданд. Ин кишвар дар баробари шуморе аз ширкатҳои русӣ низ маҳдудият ҷорӣ карда, содироти маҳсулоти гаронарзиш, гилхок ва маъданҳои алюминий ба Русияро манъ кардааст. Ин таҳримҳо дар посух ба амалиёти низомии Русия дар Украина ҷорӣ шудааст. 

Таҳрим ҷорӣ кардани Австралия бори аввал нест, рӯзи 22 апрел Австралия 147 шаҳрванди Русияро ба феҳристи таҳримҳои худ илова кард. Мария Воронтсова ва Катерина Тихонова, ки гумон меравад духтарони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамчунин духтари Екатерина Винокурова, вазири умури хориҷии Русия бошанд, мавриди таҳрим қарор гирифтанд. 144 нафари боқимонда аъзои Шӯрои Федератсия мебошанд.

***

Дар Казокистон фармони президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев се вилояти нав,  Абай, Жетису ва Улитау таъсис дода шуданд.

Ба Ҳукумат супориш дода шуд, ки якҷоя бо Суди Олӣ, Шӯрои олии судӣ ва мақомоти давлатӣ ҷиҳати татбиқи ин фармон дар давоми як моҳ нақшаи чорабиниҳои ташкилӣ тасдиқ ва дигар тадбирҳо андешад. 

Илова бар ин, маркази маъмурии вилояти Алмаато аз Талдиқӯрғон ба Кунаев интиқол дода шуд.

***

Бар асари обхезӣ дар Афғонистон  20 нафар ҷон бохтанд. Дар ин бора Шарофиддин Муслим, муовини раиси вазорати ҳолатҳои изтирории Толибон хабар дод.

Обхезӣ дар вилоятҳои Ҳирот, Ҳилманд, Қандаҳор, Бадахшон, Бодғис, Майдони Вардак, Таксор, Форёб, Ҷузҷон ва Парвон рух додааст.

Гайр аз ин, кариб 30 кас заҳмӣ шуда, ба молу мулк ва зироатхои хочагии кишлок зарари калон расидааст, 100 хона вайрон , то 100 cap чорво кушта, 200 гектар замини хочагии кишлок зери об мондааст. Аммо, ин танҳо маълумоти пешакӣ аст. Толибон ба шуморе аз осебдидагон пули нақд расонданд ва дар ҳоли интиқоли кумак ба манотиқи офат қарор доранд.

***

Тақрибан 40 истгоҳи метро дар Пекин, пойтахти Чин, рӯзи чаҳоршанбеи 4 май муваққатан баста шуданд.

Ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус гирифта шудааст.

Тарабхонаҳо ва барҳо дар шаҳр танҳо барои он фаъолияташон иҷоза аст, ки истеъмолгарон ғизоро харида мебаранд. Иншооти варзишӣ баста шудаанд ва мактабҳо низ аз 29 апрел дарбастаанд.

***

Sputnik Арманистон бо истинод ба Шушан Даниелян, намояндаи Донишгоҳи давлатии тиббии Ереван навиштааст, ки яке аз эътирозгарон дар Ереван дар урдугоҳи хаймаӣ бар асари аз кор мондани дил ҷон додааст.

Даниелян дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст: «Шаҳрванди ношиносро бо мошини ёрии таъҷилӣ аз яке аз хаймаҳои Плей де Франс бо ташхиси боздошти қалб ба аввалин беморхонаи донишгоҳӣ бурданд. Дар бемористон тадбирҳои эҳёгарӣ гузаронида шуданд, ки мутаассифона  бесамар анҷом ёфтанд «

Аз 25 апрел инҷониб мухолифин дар саросари Арманистон тазоҳурот баргузор мекунанд ва мухолифон чанд рӯз боз кӯчаҳо ва шоҳроҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла марказҳои муҳими нақлиётиро бастаанд.

***

Bloomberg навиштааст, ки дар пайи даст кашидани кишварҳои Аврупо аз гази Русия, қимати нерӯи барқ якбора афзуд. Ин ҳолат метавонад талаботро ба гази табиӣ ва ангишт афзоиш диҳад. Нархи газ, нерӯи барқ ​​ва ангишт дар рӯзи 3 май беш аз 7 дарсад боло рафт. Тақрибан 25 дарсади нафти Аврупо ва сеяки ниёзи он ба газ ба Русия рост меояд.

Маҷористон ва Словакия, ки ба қатъи фаврии ашёи хоми Русия мухолифанд, барои ҷорӣ кардани таҳримот то охири соли 2023 иҷоза доранд. 

Интиқоли газ аз Норвегия, дуввумин таъминкунандаи гази Аврупо хеле афзоиш ёфтааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки кишварҳои аврупоӣ имкон доранд то 6 моҳ бидуни гази Русия зиндагӣ кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *