Имрӯз, 17 июн Иттиҳодияи Аврупо стратегияи нави ин ниҳод барои Осиёи Марказиро тасдиқ карданд. Тибқи санад, ИА бо кишварҳои минтақа дар масоили мисли ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқи башар, кӯмак дар рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳо, мустақилияти додгоҳӣ ва тақвияти иқтисоди бозаргонӣ кӯмак хоҳад кард.
Дар ҳуҷҷат зикр гардидаст, кӯмакҳои ИА ба Тоҷикистон аз 20 миллион еврои оғози солҳои 2000-ум то 33 миллион доллар дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. ИА дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 227 миллион доллар кӯмак кардааст, ки ин маблағҳо ба бахшҳои маориф (70 миллион евро), беҳдошт (57 миллион евро) ва рушди деҳот (100 миллион евро) равона шудааст.
“Равобити дуҷонибаи тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва ИА, дар қиёс бо кишварҳои дигари ОМ, маҳдуд аст”, омадааст дар матни стратегия. Соли 2018 ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон 47 миллион евро ва аз ИА ба Тоҷикистон 174 миллион евроро ташкил додааст. Дар қиёс бо соли 2007, ки ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Аврупо 268 миллион евроро ташкил дода буд, ба навиштаи муаллифони гузориш, ин нишондод бо далели “пайваста коҳиш ёфтани нархи алюминий – маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Аврупо – шадидан коҳиш ёфтааст. ИА ба Тоҷикистон бештар таҷҳизоти фаннӣ ва маводи тиббӣ ворид мекунад.
“Тоҷикистон ба наздикӣ дар чаҳорчӯби низоми умумии имтиёзҳо (“GSP+”) соҳиби статус ё мақоми хос шуд. “GSP+” дар баробари эҷоди имкониятҳои иқтисодӣ, дар расидани ИА ба ҳадафҳои хориҷӣ чун як абзори тиҷорат ва рушд хидмат мекунад. Он ба ҳайси василаи мусоидат дар риоя шудани ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи кор, инчунин ҳадафҳои экологӣ ва мудирияти дуруст хидмат мекунад”. Дар идома гуфта шудааст, ки гузариш аз мақоми “GSP” ба “GSP+” ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки пардохтҳои гумрукии ин кишвар панҷ баробар кам шуда, бар ивази 1,8 миллион евро 360 ҳазор евро пардохт кунад. “Аризаи Тоҷикистон барои ворид шудан ба ин барномаи имтиёзҳо аз ин кишвар иҷрои баъзе шартҳо, аз ҷумла, қабули бархе қонунҳоро тақозо мекунад, ки қобили қабули Шӯрои Аврупо ва Парлумони Аврупо бошад”, омадааст дар матни стратегия.
Дар стратегияи ИА барои ОМ гуфта мешавад, ки масоили ҳуқуқи башар дар сиёсати хориҷии ИА, аз ҷумла дар робита бо ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.