Толибон ба таҳсили духтарон иҷоза доданд
Сарпарасти Вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон, ки дар Маҷлиси парлумони ин кишвар сухан мегуфт, аз иҷозаи Толибон ба духтарон барои таҳсил то ба даст овардани мадраку диплом хабар дод.
Мирвайси Балхӣ ба расонаҳо гуфт, ба тозагӣ паёме аз Толибон дар вилояти Кундӯз дарёфт кардааст, ки духтарон дар манотиқи таҳти контроли ин гурӯҳ метавонанд дарс хонда соҳиби диплом шаванд.
Пеш аз ин Толибон дар манотиқи таҳти идораи худ дар Афғонистон ба духтарон иҷоза медоданд фақат то синфи шашуми ибтидоӣ ба мадраса бираванд.
Балхӣ ҳамчунин гуфт, соли гузашта 333 мактаб дар минтақаҳои таҳти идораи Толибон бозкушоӣ шуд ва имсол низ талошҳо барои бозкушоии дигар мактабҳо дар минтақаҳои ноамн идома меёбад.