“Барқи Тоҷик” дар соли 2017 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ ($400 миллион бо қурби миёна дар ин сол) зиён дидааст. Тибқи аудитиҳисобдории «Барқи Тоҷик», ки онро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом додааст, зарари Барқи тоҷик тақрибан баробари даромадаш аз фурӯши барқ аст.
“Барқи Тоҷик” — ширкати монополии фурӯши барқ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи афроди наздик ба Оила идора мешавад ва ҳаргиз дар бораи харҷу дахлаш ба мардум ҳисобот надодааст, зараровартарин ширкати бузурги кишвар маҳсуб мешавад. Ин ширкат тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об бештар аз $1,7 млрд доллар аст, ки наздик ба 70 дарсади буҷаи солонаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRLдар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) бароварда шуда буд. Соли 2015 низ ин ширкат тавониста буд 2,8 млрд сомонӣ (ҳудуи ($350млн бо қурби миёна) зарар кунад. Яъне дар се сол Барқи Тоҷик 1 миллиард доллар зарар кардааст, ки бояд аз ҳисоби буҷа, аниқтараш кисаи мардум пардохт шавад.
Тоҷикистон солона ҳудуди 17 млрд кВт/с барқ истеҳсол мекунад.10-12 дарсади он тибқи гуфтаи масъулини ширкат то расидан ба харидор гум мешавад. Қимати миёнаи фурӯши барқ ба аҳолӣ, корхонаҳо ва хориҷ 2,3 сентро ташкил медиҳад. Яъне, бо назардошти барқи гумшуда, дар умум Барқи Тоҷик ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ ($400 миллион) барқ фурӯхтааст.
Маълум мешавад масрафи ин ширкат ду баробари даромадаш аст, ки бар замми 3,4 млрд сомонӣ даромад аз фурӯши барқ 3,4 млрди дигар масраф кардааст, яъне 6,8 млрд ё $800 миллион.
Барои чунин зарари бузург қимати истеҳсолии барқ бояд ҳади ақал 30-40 дарсад бештар аз фурӯши он бошад. Яъне агар барқ 17 дирам фурӯхта мешавад, бояд қимати аслии он 22-25 дирам бошад. Оё воқеъан чунин аст?
Масъулини Барқи Тоҷик ҳамеша қимати аслии барқи истеҳсолшавандаро пинҳон мекунанд. Як моҳ қабл Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат гуфта буд «Барқи тоҷик» баъзан нерӯи барқро аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» бо нархи қиммат харидорӣ карда, бо нархи арзонтар ба аҳолӣ мефурӯшад. Аммо ин далели гаронтар будани қимати харид аз фурӯш нест. Аввалан Ёдгорӣ гуфт “баъзан”, сониян ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ дар ин ду нерӯгоҳ дар муқоиса ба НБО Норак ночиз аст.
Барқи истеҳсолкардаи НБО Норак бо ҳамон қимати истеҳсолшуда дар ихтиёри Барқи Тоҷик қарор мегирад. Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси тоҷик мегӯяд “истехсоли 1 кВт энергияи барки дар Неругохи Норак бо назардошти амортизатсияи садфоизаи иктидорхои асли ва грантхои бешумор на зиёдтар аз 6-7 дирам ва нерӯгохи Рогун (ба икрори итолиевихо) 9-10 дирам мебошад”.
75 дарсади барқро дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Норак истеҳсол мекунад. Ҳатто дар сурати гаронтар аз нархи фурӯш будани хариди барқ аз Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, нархи миёнаи барқ барои Барқи Тоҷик на бештар аз 9 дирам тамом мешавад, ки каме бештар аз ними нархи фурӯши он ба аҳолӣ аст.
Барои истеҳсол+хариди 17 млрд кВ/с нерӯи барқи истеҳсолшаванда барои Барқи Тоҷик на бештар аз 1,5 миллиард сомонӣ масраф мекунад, дар ҳоле, ки ба 3,4 миллиард сомонӣ барқ мефурӯшад. Яъне бояд 1,9 миллиард сомонӣ фоида гирад.
Аммо аудит нишон додааст ин ширкати монополист 3.4 млрд сомонӣ зарар кардааст. Пас маълум мешавад “хароҷоти дохилӣ”-и ширкат баробар ба 6,3 млрд сомонӣ (ҳудуи 750 миллион доллар бо қурби миёнаи соли 2017) мебошад.
Суоли матраҳ ин аст, ки “Барқи Тоҷик” ин қадар маблағро ба куҷо масраф кардааст ва кай назди мардум посух хоҳад гуфт?