Ҳусейн Абдусамадов, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро раҳбари гурӯҳи ҳамлавар ба сайёҳон дар Данғара медонанд, аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 21 ноябр ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев, ки дар ҳамдастӣ бо ӯ муттаҳам мешаванд, ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.
Ҳусейн Абдусамадов ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо ва Ғаниеву Сафоев ба иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ ва ифротгароӣ муттаҳам шуданд.
12 тани дигар, ки ба пинҳон доштани ҷиноят муттаҳам мешаванд, тибқи ҳукми додгоҳ аз як то якунимсоли худро паси панҷараҳои зиндон сипарӣ хоҳанд кард. Аммо Баҳринисо Ҳайдарова бинобар доштани кӯдаки хурдсол озод шудааст.
Баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигар аз Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр соли ҷорӣ шурӯъ кард. Мурофиъа дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) оғоз шуд ва ҳарчанд мурофиъаро озод эълон карданд, ҳеҷ нафар аз рӯзноманигорон ва намояндагони сафоратҳову созмонҳои байналмиллалӣ натавонистанд дар он ширкат кунанд.
Додраси додгоҳ дар мусоҳибааш бо Радиои “Озодӣ” хабар дод Ҳусейн Абдусамадов гуфтааст ҳамларо бо фармони ДОИШ анҷом додааст. «Ҳусейн гуфт, ки куштори шаҳрвандони Аврупо ва Амрико ба он хотир буд, ки гӯё ин кишварҳо бар зидди гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ҷанг мекунанд” — гуфт манбаъ.
Баъди нашри ин мусоҳиба Додгоҳи Олӣ билофосила изҳорот нашр кард ва дар он Ҳизби наҳзати исломиро дар ҳамла гунаҳкор донист. Мурофиъа низ ба таъхир гузошта шуд. Сабабашро мақомот “бемории Абдусамадов” номиданд. Амммо я манбаъи Паём иттилоъ дод, Ҳусейн Абдусамадов баъди мурофиъаи аввал шадидан латукӯб шуда, бистарӣ гаштааст. Мақомот аз ӯ хоста буданд, фармоишгарро ҲНИТ муаррифӣ кунад, аммо ӯ гуфт ҳамларо бо фармони ДОИШ анҷом додааст.
Сардаргумии мақомот дар парвандаи ҳамла ба сайёҳон
Бо гузашти чаҳор моҳ аз куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, мақомот ҳанӯз намедонанд бо ин масъала чӣ гуна бархӯрд кунанд. Баёноти зуддунақизи мақомоти кишвар аз рӯзи вуқӯъи ин ҳодиса сар шуда, бо оғози мурофиъаи додгоҳии муттаҳамон печидатар шуд.
Дар рӯзҳои аввал баъди ҳамла мақомот тамоми кӯшишашонро ба он равона карданд, ки ҲНИТ-ро масъули ин ҳамла муаррифӣ кунанд. Як рӯз баъд аз ҳамла, бидуни ҳеҷ таҳқиқе як даъвои оҷили мақомот садо дод, ки ҳамла аз тарафи Ҳизби наҳзати исломӣ тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст. Аммо ба бахти бадашон рӯзи дигар ДОИШ ин ҳамларо ба дӯш гирифт ва навори байъати омилони он ба ин Абӯбакри Бағдодиро нашр кард.
Вале ин эътирофи ДОИШ аз тарафи мақомот нодида гирифта шуд ва дертар фарзияи аз даъвояшон ҳам аҷибтареро пеш оварданд: Наҳзат дар ин ҳамла аз номи ДОИШ истифода кардааст. Аммо қабл аз ин даъво чанд даъвои зиддуннақизи Вазорати корҳои дохила садо дода буд, ки яке дигариро инкор мекард. Барои мисол рӯзи дуввум ВКД эълон кард 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият нобуд карда шудаанд, аммо рӯзи дигар гуфтанд 1 нафар кушта шудааст. Ҷаъфариддин Юсупове, ки аввалин шуда дастгир шуда буд, пагоҳи он рӯз бо ду нафари дигар ҳангоми “нишон додани муқобилият” кушта мешавад.
Кори мақомоти Тоҷикистон то ҷое кашид, ки ҳатто раисҷумҳур дар як баромадаш гуфт ҳамла ба сайёҳон кори Наҳзат аст.
Аммо ҳеҷ кишвар, созмонҳои амниятии сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳатто мардуме, ки пайваста ба гӯшаш аз расонаҳои давлатӣ ин фарзияро такрор ба такрор мехонанд, ин даъвои мақомотро ҷиддӣ нагирифтанд. Баръакс чанд кишвар бар дурӯғ ва сиёсӣ будани даъваоҳои ҳукумати Тоҷикистон таъкид карданд.
Дертар мақомот аз ҳарчанд аз даъвои даст доштани ҲНИТ дар ҳамла расман даст накашиданд, вале сӯҳбат ар ин мавзӯъро хеле кам карданд ва дигар номи ҲНИТ дар иртибот бо ин амалиёт бурда намешуд.
Баробари оғози мурофиъаи додгоҳӣ дар 23 октябр зиддунақизҳо аз нав ҷараён гирифтанд. Додраси додгоҳ дар мусоҳибааш бо Радиои “Озодӣ” хабар дод Ҳусейн Абдусамадов гуфтааст ҳамларо бо фармони ДОИШ анҷом додааст. Ҳамчунин номи фармоишгари ин амалиёт тағйир кард. Додрас дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд: “Гуфт, ки таълимотҳои аввалиро аз Қорӣ Носир гирифтааст, вале дар ин роҳ аз шахсе бо лақаби Нуҳас низ супоришҳо мегирифт. Нуҳас ба гуфтаи Ҳусейн, масъули гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар ҳудуди кишварҳои ИДМ будааст».
Қаблан бештари такяи мақомот ба ҳамин Қорӣ Носир буд, ки ӯро узви ҲНИТ ва супоришдиҳандаи амалиёт меномиданд. Гуфтанист, ҲНИТ баъди даъвои мақомто эълон карда буд ҳаргиз чунин узве надоштааст.
Зиддият дар ҳарфҳои додраси парванда ва Додгоҳи Олӣ
Баъди ин мусоҳибаи додрас коршиносон дарҳол ин фарзияро пеш оварданд, ки ҳукумат аз даъвои пучаш пушаймон шудаву мехоҳад иттиҳомро аз дӯши ҲНИТ бардорад. Бо дарназардошти воқеъиятҳои Тоҷикистон, касе ин фарзияро ба назар нагирифт, ки додрас метавонад бидуни машварат бо мақомоти дигари давлатӣ ҷузъиёти мурофиъаро ошкор кунад.
Қаблан дар як филми ҳуҷҷатие, ки мақомот омода карда буданд, Абдусамадови аллакай ришдор гуфт ҳамларо бо дастури ҲНИТ анҷом додааст. Риш доштани Абдусамадове, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад, ягона аҷобати ин филм набуд. Он пур аз зидунақизҳоест, ки бидуни шарҳи ҳуқуқшиносон ҳам як шаҳрванд метавонад онро дарк кунад. Ҳоло ки ӯ аз шиканҷахонаи ВКД берун рафтаву дар боздоштгоҳи вазорати адлия қарор дорад, метавонад ҳақиқати амрро баён кунад.
Дарҳол баъди нашри мусоҳибаи додрас, Додгоҳи Олии Тоҷикистон баёнияеро нашр кард, ки дар он пояшро аз ВКД ва додситонӣ ҳам фаротар гузошт ва ҳамаи ҳамлагаронро аъзои ҲНИТ эълон кард: “Абдусамадов Ҳ.А. бо ҳамроҳии шаҳрвандон Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери парчами «Давлати исломӣ” рӯзи 29 июли соли 2018 бо мақсади дарёфт кардани сайёҳони хориҷӣ ва ба қатл расонидани онҳо ва бо ин роҳ паст задани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Душанбе ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, ҳуҷум намудаанд” — омадааст дар баёния.
Аммо чаро Додгоҳи Олӣ анҷоми мурофиъаро мунтазир нашуд?
Аз саросемавор баёния содир кардани Додгоҳи Олии Тоҷикистон мешавад хулоса кард, ки мусоҳибаи додраси парванда бо “Озодӣ” бидуни мувофиқат бо мақомоти дигар будааст. Мақомоте, ки то ҳанӯз аз ҳадафи муттаҳам кардани ҲНИТ дар қазия даст накашидаанд. Албатта метавонистанд мусоҳидаро аз сойти “Озодӣ” бардоранд, аммо расонаҳои дигар онро бознашр карда буданд. Чун гунаҳкор корманди додгоҳ аст, Додгоҳи Олӣ дастур гирифт бо ҳар роҳе рӯи ин хато сарпӯш бизанад.