Дар ҳоле ки мақомоти Русия ҳеҷ гоҳ дар мавриди эҳтимоли ҳамла ба мақари раёсатҷумҳурии Укроин дар Киев изҳори назаре накардаанд аммо Зеленский мегӯя чораҳое андешида шуда ва тасмимашро гирифта буд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиони маҳаллӣ гуфт агар низомиёни Русия дар рӯзҳои ибтидои ҷанг ба дафтари ӯ дар Киев ҳамла мекарданд, ӯ ва ҳамкоронаш ҳаргиз ҳозир ба таслим набуданд ва то лаҳзаи охир меҷангиданд.
Зеленский дар мусоҳибае, ки рӯзи шанбе аз канали “1+1”-и Укроин пахш шуд, гуфт: “ман медонам чи гуна тирандозӣ кунам.” Раисҷумҳури Укроин ҳамчунин муддаӣ шуд, ки ҳамеша бо худ силоҳе мегардонад ва пайваста бо он тамрин мекунад.
Вай дар посух ба саволи хабарнигор мабнӣ бар ин ки оё мумкин аст ба ҷои ин ки асир шавад, аз ин аслиҳа дар ҷиҳати поён додан ба зиндагии худаш истифода кунад, дар ҷавоб гуфт: “на, на, на.” “Ин барои тирандозӣ ба худам нест. Балки қатъан барои шиллик ба душман аст.”
Зеленский бо ишора ба марҳилаҳои оғози ин ҳамлаи Русия ба Укроин тавзеҳ дод, ки агар ӯ тавассути нерӯҳои русӣ ба асорат гирифта мешуд, ҳамчун як “лакаи нанг” мебуд. Ў гуфт “фикрашро бикунед, ки ҳамаи расонаҳо титр бизананд “раисҷумҳури Укроин тавассути русҳо асир шудааст? Ин мусалламан як нанг аст ва мӯътақидам, ки мояи шармсорӣ мебуд.”
Ҳамзамон бо оғози амалиёти низомии Маскав дар феврали 2022, мақомоти укроинӣ иддао карда буданд, ки нерӯҳои вижаи Русия талош доштанд зимни нуфуз ба Киев, ба мақари раёсатҷумҳурии Укроин низ ворид шаванд.
Бо ҳамлаи Русия ба Укроин, Владимир Зеленский раисҷумҳурии Укроин, аз кишвараш фирор накард. Дар воқеъ, Зеленский борҳо аз хатти муқаддами ҷабҳа боздид ва бо сарбозону ғайри низомиёни осебдида дидор кард. Ў ҳамчунин борҳо ва борҳо дар ҷаласот ва дидорҳои дипломатик ба сурати ҳузурӣ ва видеоӣ ширкат кард.
Зеленский дар мусоҳибаи рӯзи гузаштаи худ инро ҳам хотир нишон сохт, ки дар оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин, “анборҳои силоҳ ва муҳиммот дар қисматҳои мухталиф хиёбони марказии шаҳр ҷосозӣ карда будаанд” то дар сурати вуруди низомиёни рус ба ин хиёбон, ки мақари раёсатҷумҳурӣ дар он қарор гирифтааст, аз худ дифоъ кунанд.