Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ вориди Душанбе шуданд ва бо Эмомалӣ Раҳмону писараш Рустами Эмомалӣ мулоқот карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори пойтахти кишвар, мансабҳои асосии варзиширо ҳам ба худ гирифтаанд. Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи олимпии Тоҷикистон аст ва Рустами Эмомалӣ раиси Федерасюни футболи Тоҷикистон. Махлум нест Раҳмон бо Инфантино ба ҳайси раисҷумҳур мулоқот кардааст ё раиси кумитаи миллии олимпӣ.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳур , дар мулоқоти ӯ бо президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол аз ҷумла “ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд”.
Қабла аз Раҳмон президенти ФИФА бо Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гашта буд. Тибқи иттилои “Ховар” баъди табрики Рустами Эмомалӣ Ҷанни Инфантино ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш, онҳо дурнамои ҳамкории минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳур дар идома иддао кардааст, тайи солҳои соҳибистоқлолии давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 7400 майдону майдончаҳои варзишӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар таъмиру таҷдид ва бунёд гардидаанд. Танҳо дар шаҳри Душанбе тайи панҷ соли охир беш аз 300 адад майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва айни ҳол дар пойтахти мо беш аз 470 майдону майдончаҳои бозии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Ин лофи дафтари матбуотӣ дар ҳолест, ки аксари кулли ин майдонҳо ба ибтикори сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд ва раисҷумҳуру писараш камтарин саҳме дар он надоранд.