Рубрики Хабарҳо

$50 млн-и БОР ба Тоҷикистон барои рафъи авоқиби COVID-19

Бонки Осиёии Рушд  50 миллион доллар грантро барои кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои манфии иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемияи коронавирус COVID-19 тасдиқ кард.

Тавре хабаргузории Авеста иттилоъ медиҳад, Масатсугу Асакава, президенти  Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, ки  «Бонки Осиёии Рушд  омода аст Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи COVID-19 дастгирӣ кунад ва дар коҳиш додани таъсири он ба аҳолӣ  кӯмаки иқтисодӣ кунад».

Ба гуфти Асакава «ин грант ба маблағгузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ оид ба тақвияти системаи тандурустӣ, тавсеаи кӯмаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазир, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастгирии тиҷорати хурд кӯмак хоҳад кард».

Ин грант ба ҳукумат дар тавсеаи дастрасии лавозимоти тиббӣ ва фароҳам овардани шароити карантини ҳадди аққал дар 14 беморхона дар саросари кишвар бо шӯъбаҳои алоҳида барои занон ва мардон мусоидат мекунад. Музди меҳнати кормандони ҳама тиббие, ки бо беморони COVID-19 кор мекунанд, таъмин карда мешавад, ки ҳадди аққал 80% онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Маблағгузории Бонки Осиёии Рушд инчунин ба ҳукумат дар тавсеаи барномаи кӯмаки иҷтимоӣ барои ҳадди аққал 207 ҳазор хонаводаҳои камбизоат, аз ҷумла пардохти иловагии яквақтаи пулӣ, кӯмак мекунад. Амнияти озуқаворӣ тавассути мониторинг ва назорати нархҳои озуқаворӣ, инчунин ба деҳқонон захираҳои кишоварзӣ таъмин карда мешавад. Қарзҳои субсидияшуда ва имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои хурду миёна, ки ҳадди аққал 24 дар сади онҳоро занҳо роҳбарӣ мекунанд, таъмин карда мешаванд.

Бонки осиёии Рушд кӯмаки техникиро барои дастгирии татбиқи барномаи CARES сафарбар хоҳад кард ва ба таҳкими системаҳои давлатии идоракунии молиявӣ, мониторинг, арзёбӣ ва ҳисобот кӯмак хоҳад кард.

Дар моҳи март, Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон барои харидани лавозимоти тиббии таъҷилӣ, аз ҷумла таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ барои кормандони тиб, 100 000 доллар грант ҷудо кард. Бонки Осиёии Рушд инчунин таҳқиқоти иҷтимоиву иқтисодиро барои арзёбии эҳтиёҷоти афзалиятнок пас аз COVID-19 дар Тоҷикистон, ки ба лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд дохил карда мешаванд, омода мекунад.

Гуфтанист, COVID-19 иқтисодиёти Тоҷикистонро ба таври назаррас заиф карда, ба коҳиши якбораи интиқолҳои пулӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва сармоягузории мустақими хориҷӣ оварда расонид. Аз ҷумла, дар бахшҳои нақлиёт, сайёҳӣ, савдо ва молия коҳиш ба назар мерасад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *