Вазорати умури хориҷаи Амрико дар чорчӯби “қонун Қайсар” номи 39 мақоми аршади режими Сурия аз ҷумла Башор Асад ва ҳамсараш Асмо Асадро дар феҳристи таҳримҳои худ дарҷ кард.
Моик Помпео, вазири умури хориҷаи ИМА тайи баёнияе эълом кард: “Вошингтон дар қиболи ҷиноёте, ки то кунун аз сӯи режими Асад иртикоб шудааст, бетафовут нахоҳад монд ва дар ин росто, бо истинод ба қонуни Қайсар барои нахустин бор номи 39 мақоми аршади режими Сурия аз ҷумла Башор Асад ва ҳамсараш Асмо Асадро дар феҳристи таҳримҳои худ дарҷ кардем».
Вай ҳадаф аз ин иқдоми вазорати умури хориҷаи Амрикоро «афзоиши фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бар режими Асад» эълом карда ва афзуд: «таҳримҳо алайҳи режими Асад то замони мутобиқати режим бо қатъномаи шумора 2254 Шӯрои амнияти Созмон милали муттаҳид ба таври афзоянда идома хоҳад ёфт».
Бар асоси ин гузориш номи гурӯҳҳои «Муҳаммад Ҳамшу» ва «Лашкари фотимиюн» ба иттиҳом «ҳимояти молӣ аз ҷиноёти ҷангӣ дар Сурия» дар феҳристи таҳримҳои вазорати умури хориҷаи Амрико сабт шуд. Номи шумори зиёде аз генералҳои артиши режими Сурия аз ҷумла Моҳир Асад, бародари Башор Асад низ вориди ин феҳрист шуд.
Фармони шумораи 13894 раёсатҷумҳурии Амрико дар декабри 2019 таҳти унвони “қонун Қайсар” ба имзо расида ва 180 рӯз баъд иҷроӣ шуд. Номи “Қайсар” исми рамзии полиси низомӣ аст, ки аксҳои қурбониёни шиканҷаҳо дар зиндонҳои режими Асад дар сол 2014-ро интиқол дод. Ин аксҳо дар ҳамин сол барои нахустин бор аз сӯи хабаргузории Анатолии Туркия мунташир шуда ва ба унвони шавоҳиди ҷиноёти ҷангии режим Асад бозтоб густурдае дар пай доштанд.