Рубрики Хабарҳо

Хариду фурӯши рамзҳои тиҷоратӣ дар шариат

Дар солҳои охир бо васеъ гаштани доираи тиҷорат, номҳои махсус ва рамзҳои махсуси тиҷоратӣ низ хеле зиёд ҳастанд. Танҳо як ширкат ва ё як тоҷир метавонад садҳо намуди колоро ба фурӯш барорад. Баробари ин танҳо як нафар ва як ширкати махсус ба даҳҳо давлатҳои дигар колои худро исдор мекунад. Агар пештар як нафарро бо як намуди колофурӯшӣ, тоҷир мешумориданд, имрӯз як нафарро бо исдори садҳо коло мешиносанд. Пештар агар як корхона танҳо шир истеҳсол мекарда бошад, имрӯз ҳамон корхона тамоми маҳсулоти аз шир интоҷшударо истеҳсол мекунад. Бо ин тарзу равиш васеъ гаштани доираҳои тиҷорат сабаб гаштааст, ки имрӯз ҳар як шахси тоҷир ва ҳар як ширкатҳои тиҷоратӣ ном ва рамзи хоси худро дошта бошанд. Ҳоло аз ширкатҳои кӯчаки маҳаллӣ сар карда, то ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ном ва рамзи худро доранд. 

Ширкатҳои текнолоҷии Samsung, Apple дар саросари ҷаҳон бо маҳсулоти болосифаташон машҳур ҳастанд. Бо шунидани номи Самсунг харидор мутмаин мешавад, ки колои босифатро харида истодааст.

Ширкатҳои тиҷоратии Адидас, Найк бо пӯшокиҳои бо сифати худ машҳур ҳастанд, харидор бо дидани рамзи Найк ва ё Адидас дар босифатии либосаш бовар доранд.

Инчунин дар ҳар як кишвар мағозаҳое ҳастанд, ки бо колоҳои босифати худ дар байни мардум шинохта шудаанд. Дар Русия ва баъзе давлатҳои собиқ шӯравӣ, мағозаҳои Магнит, Элдорадо, Детский Мир бо маҳсулотҳои худ дар байни мардум машҳур ҳастанд. Дар баробари мағозаҳои дорои молҳои босифат буда, мағозаҳое ҳастанд, ки бо нархҳои арзони худ машҳур ҳастанд. Дар Русия мағозаи Планета бо нархҳои арзони худ машҳур аст. Ҳар касе, ки мехоҳад бо нархи арзон барои худ либос харад ба мағозаҳои Планета меравад.

Имрӯз дар майдони тиҷорат, тоҷирони муваффақ ва ширкатҳои машҳур ҳатман бо номи худ ва ё рамзи тиҷории худ машҳур ҳастанд. 

Ногуфта намонад, ки ширкатҳои тиҷоратии машҳур номи рамзии худро дар ҳукумат сабт мекунанд. Бо сабти ном кардани худ, дар воридоту содироти коло дучори мушкилии зиёд намешаванд. Аксари давлатҳои пешрафта  ширкатҳои машҳури тиҷоратиро аз андоз озод мекунад ва ё нисбати андози онҳоро ба маротиб ба поён мебарад.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, имрӯз, ки ном ва рамзи тиҷоратӣ хеле муҳим аст ва сабаби зиёд шудани муштарии зиёд ва пешрафти тиҷорат аст, оё барои ширкатҳои машҳур ҷоиз аст, рамзи тиҷоратии худро ба касе фӯрӯшанд. Ба тоҷири дигар иҷозат диҳад, то бо рамзи хоси ин ширкат маҳсулоти худро ба бозор барорад ва муқобили ин иҷозатномаашон аз тарафи муқобил маблағ гирад.

Масалан, шахсе мехоҳад корхона кушояду либос истеҳсол кунад. Ин шахс тоза ба ин тиҷорат даст зада истодааст, ӯро касе намешиносад ва то шӯҳрат пайдо кардан, муддати дароз ва харҷи зиёд лозим аст. Барои он ки дар байни мардум зуд шӯҳрат пайдо кунад ва маҳсулоташ зуд ба савдо равад, ба либосҳои истеҳсол кардаи худ рамзи Адидас ва Найкро мезанад. Баробари дар либосҳои ӯ ин рамзҳои машҳурро дидан, мардум хеле зуд аз колои ӯ харидорӣ мекунанд. Барои ин, ин тоҷири ҷадид аз ширкати адидас рамзи адидасро мехарад, ба ибораи возеҳтар иҷозатнома мепурсад, сипас колои худро бо он рамз ба фурӯш мебарорад.

Рамзи тиҷоратӣ арзиши маънавӣ дорад. Рамзро ба даст гирифта намешавад, дар фиқҳи замонавӣ ва қонунҳои давлати рамзи тиҷоратиро ҳуқуқи тиҷорӣ мегӯянд. 

Вақте ба китобҳои фиқҳи Исломӣ нигоҳ мекунем, оиди хариду фурӯши рамзҳои тиҷоратӣ мавзӯи хосе пайдо намекунем, барои он ки ин намуди тиҷорат дар солҳои пеш вуҷуд надошт. Аммо мавзӯъҳое ҳастанд, ки ба ин намуд тиҷорат шабоҳат доранд. Мисли аз ҳаққи харидани хона бар ивази пул даст кашидан ва амсоли инҳо.

Дар Ҷамъияти уламои муосир ва китобҳои фиқҳи муосир хариду фурӯши рамзҳои тиҷоратӣ вуҷуд дорад ва ин намуд савдоро ҷоиз мегӯянд. Агарчӣ ҳуқуқи тиҷоратӣ чизи маънавӣ бошад ҳам, дар ҷаҳони имрӯз яке аз сабабҳои пешравии тиҷорат ва зиёд гаштани муштарӣ мебошад. Аз тарафи дигар тоҷирҳое, ки бори аввал ба тиҷорат оғоз мекунанд, бо харидани рамзи хоси ягон ширкати машҳур хеле зуд комёб мегарданд.

Уламои муосир  хариду фурӯши рамзи тиҷоратиро ҷоиз мегӯянд, аммо бо ду шарт.

Шарти аввал. Ҳар ширкати тиҷоратӣ ва ё ҳар нафари тоҷире, ки мехоҳад рамзи тиҷоратии худро фурӯшад, бояд на танҳо байни мардум, балки дар назди давлат низ шинохта шудаву ҳуҷҷатҳояш сабти ном шуда бошад. Барои он ки бо сабти ном кардани рамзи тиҷоратӣ ширкатҳои тиҷоратӣ дорои имтиёзҳои зиёд мегарданд. Содироту воридот барояшон осонтар мегардад.

Шарти дуввум. Шахсе, ки рамзи тиҷоратии ширкатеро мехарад, бояд маҳсулоти худро айни маҳсулоти он ва ё беҳтар аз он содир кунад. Бо харидани рамзи он ширкат, мабодо бо истеҳсоли маҳсулотҳои бесифат обурӯи ширкати машҳурро аз байн набарад.

Ҳар як ширкате, ки бо номи ширкати дигар бо рамзи тиҷоратии ширкати дигар колои худро ба фурӯш мебарорад, агар иҷозатномаи ширкати аслиро надошта бошад, ин амалаш дар назди қонунҳои давлатӣ ва ҳам дар назди шариат дуздӣ маҳсуб мешавад ва албатта ҷазои худро дорад.

Хариду фурӯши рамзии тиҷоратиро мешавад дар Русия ва кишвари худамон низ ба кор бурд. Масалан, ман мехоҳам дар Русия мағоза кушоям, барои он ки мағозаи ман зуд муштарӣ пайдо кунад, номи мағозаамро “Магнит” мегузорам ва айнан тамоми колои тиҷоратие, ки дар мағозаҳои “Магнит” мефурӯшанд дар мағозаам мегузорам. Аммо пеш аз он, ки номи мағозаи худро “Магнит” гузорам, ҳатман аз соҳиби аслиии магнит иҷозатнома мегирам ва тамоми ҳуҷҷатҳои мағозаро бо номи “Магнит” дар давлат сабт мекунам. Албатта соҳиби аслии мағозаи Магнит ройгон ба ман номи мағозаашро намедиҳад ва ба ивази номи ӯро истифода кардан ва  ҳамчун шохаи мағозаи ӯ будан, ман ба ӯ маблағи муайяне медиҳам. 

Албатта баъзе ширкатҳои тиҷоратие ҳастанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ рамзи тиҷоратии худро ба касе намефурӯшад ва ба ин ҳақ доранд. Зеро рамзи тиҷоратии онҳо ҳуқуқи шахсиашон мебошад. 

Баъзан ширкате ва ё шахси оддие молеро истеҳсол мекунад ва тариқаи истеҳсоли онро танҳо худаш медонад, ба касе аз чигунагии он хабар намедиҳад. Баъзан мутахассисе дар касби худаш хеле муваффақ аст, дар амали худ сирри муваффақияти худро дорад, аммо ба касе аз ин сир хабар намедиҳад. Дар шариати мо илми диниро пинҳон кардан гуноҳ аст, ҳар як олими шаръӣ бояд илми гирифтаашро ба мардум расонад. Вақте касе аз илми ӯ мепурсад дарҳол ҷавоб диҳад. Аммо дар илмҳои дунявӣ, махсусан дар ҷодаи истеҳсол ва ихтироъ, оё масъала айни ҳукмро дорад ё на, оё шахсоне, ки илми дунявӣ ва ё ихтирои шахсии худро аз дигарон пинҳон мекунанд, бо ин амалашон гунаҳгор мешаванд ё на, ба посухи Шайхи Аллома Абдураҳмон Носир ибни Баррок гӯш медиҳем:

“Пинҳон кардани илми дунявӣ, на гуноҳ нест. Аз ҳаром буданаш чизе нашунидаам. Илми дунявӣ, мисли моли ту аст, агар хостӣ аз он эҳсон мекунӣ, ба дигарон медиҳӣ, агар нахостӣ, намедиҳӣ. Магар дар як ҳолат, агар мардум сахт ба илми ту ниёз дошат бошанд, бояд ба мардум кӯмак кунӣ, дар ғайри ин илми дунявӣ мисли мол аст дар ҳолати зарурӣ бояд дода шавад, дар ғайр  зарурат соҳиби мол метавонад бидиҳад ё надиҳад. Агар ту чизеро ихтироъ кардӣ ва нафари дигар мехоҳад, мисли ту ихтироъ кунад, ту ҳақ дорӣ ба ӯ аз ихтирои худ хабар надиҳӣ.”

Пинҳон кардани ихтирооти худ ва баъзе истеъдоди шахсӣ ҷоиз будааст, касеро ба хотири пинҳон кардани сирри амалаш наметавон танбеҳ кард ва бахил шуморид. Инчунин фурӯхтани рамзҳои тиҷоратӣ ва номи мағоза ва ё ширкатҳои тиҷоратӣ низ ҷоиз мебошад.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *