Рубрики ХОВАР

«Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе аввалин парвози ҳавоиро анҷом дод






ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе аввалин парвози ҳавоӣ бо 15 мусофир оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, давомнокии парвоз дар масири Душанбе — Ванҷ — Душанбе — рафту бозгашт — мутаносибан 50 дақиқаӣ давом кард.

Парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 иҷро мегардад. Ҳавопаймои АН-28 имкони интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг борро дорад. Нархи чипта барои як нафар дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.

Ифтитоҳи парвози мустақим дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе панҷумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки аз ҷониби «Тоҷик-Эйр» анҷом дода мешавад. Қаблан, ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе, Душанбе-Панҷакент-Душанбе ва Душанбе-Рашт-Душанбе парвозҳоро оғоз намуда буд.

АКС: «ТоҷикЭйр»



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *