Рубрики Хабарҳо

Русия машруботашро ба кишварҳои Осиё гузарониданист

Расонаи иттилоотии ТАСС бо такя ба вазорати кишоварзӣ ва саноати коркарди Кузбасси вилояти Кемерово навиштааст, ки дар сурати афзудани шиддати таҳримот алайҳи  Русия,  нӯшокиҳои спиртӣ  ба мамолики  Ховари  Миёна,  ба Ӯзбекистон, Чин, инчунин ба Арманистон, Озарбойҷон ва Белорус содир карда мешаванд. 

Қайд гардидааст, ки шартномаҳои содиротӣ барои таҳвили машрубот ба ИМА аз коргоҳҳои истеҳсолии Кузбасс бекор карда шуданд. Содироти нӯшокиҳои спиртии қавӣ аз Кузбасс ба 18 кишвари ҷаҳон анҷом дода мешуд. Соли 2021 ин коргоҳ ба қимати умумии 7,9 ҳазор тонна (1,58 миллион литр) машрубот ба маблағи 29 миллион доллар ба ҳориҷи кишвар содир кард. 

Тибқи иттилои вазорати вилоят, дар Кузбасс чаҳор корхонаи асосӣ ба содироти спирти қавӣ машғуланд. Соли гузашта ба Латвия — 1 миллиону 200 хазор тонна, инчунин ба Германия — 97 хазор литр нушокихои қавитарини спиртй содир карда шуд. Агар кишварҳои аврупоӣ аз таҳвили машруботи Кузбас даст кашанд, барои нигоҳ доштани ҳаҷми истеҳсолот ниёз ба тағйир додани харитаи содирот пайдо мешавад. Яъне харидори маҳсулотро бояд аз дигар кишварҳо ҷӯянд.  

Аз вазорати кишоварзии Кузбасс гуфтанд, ки агар таҳримҳо шадидтар шаванд, тавлидот метавонад муваққатан коҳиш ёбад. Аммо ҳаҷми маҳсулоти алкоголие, ки барои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пешбинӣ шудааст, метавонад ба кишварҳои дӯст – Узбакистон, Озарбойҷон, Чин, Арманистон, Беларус ва Ховари Миёна фурӯхта шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *