Дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аз мардум расидҳои пардохти пули барқ, андози замин ва ғайраро барои 6-7 соли охир талаб доранд. Дар деҳаҳое, ки бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надорад, мақомоти маҳаллӣ аз ҳар оила барои бунёди бунгоҳ 150 сомонӣ талаб мекунанд.
Гуфта мешавад бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ва ҷамъоварии андоз аз мардум омодагии мақомот барои сафари дар пешистодаи Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аст. Мақомоти маҳаллӣ мехоҳанд ба раисҷумҳур нишон диҳанд, ки чӣ қадар “ободкорӣ” кардаанд.
Дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун ва Вахш деҳаҳое, ки бунгоҳи тиббӣ надоранд ва ё бунгоҳи тиббиашон ба талаботи масъулин посухгӯ нест, мардумро маҷбур мекунанд, ки аз ҳар оила 150 сомонигӣ ҷамъоварӣ кунанд.
Дар ноҳияҳои бархе деҳаҳои Ҷ. Балхӣ ва Ҷайҳун аз мардум расидҳои пардохти пули барқ, андози замин ва обро барои 6-7 соли охир талаб доранд. Ба суоли мардум, ки мо расидҳои 7 соларо аз куҷо пайдо мекунем, масъулин посух медиҳанд, ки “намедонем, ба мо аз боло супориш шудааст”.
Дар ин се ноҳия ғортаи мардум бештар аз ҳама навоҳии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Қаблан Паём дар бораи ҷамъоварии маблағ дар ин навоҳӣ дар Душанбе хабар дода буд.
Моҳи июл дар навоҳии Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), Панҷ ва Вахш масъулин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ талаб карда буданд, ки аз ҳар гектари заминашон 30 сомонӣ барои сохтмони боғи нави истироҳатӣ дар Душанбе маблағ супоранд. Ҳамчунин барои сохтмони боғи нав аз дӯкондорон вобаста аз ҳаҷми дӯконашон маблағ ситонида мешуд.
Қаблан Кумитаи меъмории Тоҷикистон эълон карда буд, ки тарҳҳои намунавии бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон, ҳаммом, сартарошхона ва ороишгоҳу дигар муассисаҳои иҷтимоиро таҳия кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд, дар шаҳраку деҳоти кишвар бунёд кунанд.
Кумита бо нашри як баёнияи расмӣ гуфта буд, ки тарҳҳоро баъди ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 26-уми май имсол таҳия кард, ки дар он аз вазорату идораҳо хоста шудааст, барои пешвози 30-солагии истиқололи Тоҷикистон саҳм бигузоранд.
Дар эълони Кумитаи сохтмон омадааст, вазорату идораҳо, соҳибкорон метавонанд, тарҳҳои муносиб ба маҳаллеро интихоб кунанд ва барои “дастрас кардани тарҳҳо ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.”