Фатҳулло Комилов, бародари Ҷаннатулло Комилов, ки соли 2000-ум ба 18 соли зиндон мақкум шуда буд, пас аз поён ёфтани мӯҳлати ҷазояш ба озодӣ баромад. Ӯ дирӯз аз зиндон хориҷ шуд ва ҳоло дар хонааш, назди фарзандон қарор дорад.
Фатҳулло Комилов, аз размандагони собиқи ИНОТ, ки баъди сулҳ дар як воҳиди низомӣ хидмат мекард, бо иттиҳомоти сохтаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ, хиёат ба ватан ва убури ғайриқонунии марз соли 2000-ум ба ҳукми қатл маҳкум шуд. Бинобар қабул шудани мораторияи қатл аз тарафи Тоҷикистон ин ҳукм ба 25 соли зиндон иваз гардид. Баъди шикояти касатсионӣ, зинаи дуввуми додгоҳ ҳукми ӯро ба 18 сол поён бурд.
Комилов замони боздошташ 35 сол дошт ва соҳиби 5 фарзанд буд, ки калонияш 12 ва хурдияш 4 сола буданд. Ӯ дар синни 53 солагӣ аз зиндон раҳо шуд ва фарзанди хурдиаш ҳам 22 сола шудааст.
Чанд моҳ қабл бародари калонии Фатҳуллову Ҷаннатуллоҳ — Раҷабалӣ низ боздошт ва ба иттиҳомоти сохта, ки яке аз онҳо убури ғайриқонунии марз дар соли 1997 мебошад, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Оилаи Комиловҳо, ки дар Себистони Данғара зиндагӣ мекунанд, яке аз ранҷдидатарин оилаҳо аз дасти Фронти халқӣ ва режими Эмомалӣ Раҳмон аст. Паём қиссаи ин хонаводаро қаблан карда буд.
Як сол қабл модари онҳо Саймо Қулова бар асари шиканҷаҳои шадиди равонӣ аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон ҷаҳонро падруд гуфт.