Рубрики Хабарҳо

Шумори мубталиён ба коруно дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар фаротар рафт

Теъдоди афроди мубталоӣ ба вируси коруно дар саросари ҷаҳон ба 2 миллиону 65 нафар расид. 

Бар асоси охирин омор, то кунун 2 миллиону 65 нафар дар саросари ҷаҳон ба вируси ҷадиди коруно “COVID-19” олуда шудаанд. 

Амрико бо 614 ҳазору 246 маврид дорои бештарини омори беморони коруноӣ дар ҷаҳон аст. Испониё бо 162 ҳазору 488 ва Итолиё низ бо 143 ҳазору 303 тан дар радаҳои дувум ва севум қарор доранд. 

То кунун дар Чин 82 ҳазору 295, дар Фаронса 132 ҳазору 210, дар Англистон 93 ҳазору 873, дар Эрон 74 ҳазору 877 ва дар Туркия низ 65 ҳазору 111 ба  COVID-19 мубтало шудаанд. 

Шумори беморони коруноӣ дар Белгия 31 ҳазору 119, дар Швейтсария 25 ҳазору 936, дар Нидерланд 27 ҳазору 419, дар Бразилия 25 ҳазору 684, дар Исроил 12 ҳазору 46, дар Кореяи ҷанубӣ 10 ҳазору 591, дар Португалия 17 ҳазору 448 ва дар Утриш 14 ҳазору 234 нафар эълом шудааст. 

Гуфтанист вируси коруно нахустинбор дар декабри 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин зоҳир ва тайи муддати кӯтоҳе бо шуйӯъи дар 210 кишвар табдил ба бемории “ҳамагирии ҷаҳонӣ” шуд. То кунун 484 ҳазору 597 бемории коруноӣ дар саросари ҷаҳони беҳбуд ёфта ва 126 ҳазору 754 тани дигар низ ҷон бохтаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *