Рубрики Хабарҳо

Вузарои фарҳанги Тоҷикистону Эрон тақвияти ҳамкориро баррасӣ карданд

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва хонум Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳам дидор карда, тарафайн масоили марбут ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ миёни 2 кишварро баррасӣ карданд.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ибрози умедворӣ карда, ки равобити фарҳангии ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.

Инчунин тарафайн бо ишора ба забону фрҳанги муштараки ду кишвар изҳор доштанд, ки дар оянда фурсати ҳамкорӣ дар заминаи театр, синамо ва табодули таҷриба миёни аҳли фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дойир намудани намоишгоҳҳои фарҳангии ду кишвар, бузургдошти чеҳраҳои саршиноси адабӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон аз дигар мавзӯҳои муҳим дар дидори Собирӣ ва Давлатзода буд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин дидор ҳамчунин дар бораи интишори китобҳо, табодули таҷрибаҳои фарҳангӣ ва барномаи ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар соли 2020 баҳс ва табодули назар карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *