Рубрики Хабарҳо

Иддаои Исроил: 90 дарсад тавонманди низомии Эронро дар Сурия нобуд кардем

Мақомҳои аршади вазорати дифоъи Исроил муддаӣ шуданд, ки дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ин кишвар дар Сурия ҳудуди 90 дарсад тавонмандии низомии Ҷумҳурии Исломӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон нобуд шудааст. 

Рӯзномаи исроилии “Иерусалим Пост” дар шумораи рӯзи якшанбе (23 октябр) ба нақл аз мақомҳои низомии аршади ин кишвар навишт: “Исроил дар солҳои ахир муваффақ шудааст тавоноии Эронро дар интиқоли силоҳ ба Сурия, сохти силоҳ дар хоки ин кишвар ва эҷоди пойгоҳҳои муштарак бо шибҳинизомиёни таҳти ҳимояташ, тақрибан ба таври комил аз байн бибарад.” 

Охирин ҳамлаи и Исроил дар Сурия рӯзи ҷумъа рух дод, ки дар пайи он манотиқе дар наздикии фурудгоҳи Димишқ ҳадаф қарор гирифт. Ин ҳамла пас аз ҳудуди як моҳ таваққуфи нисбии ин гуна ҳамалот анҷом шуд. Манобеъи огоҳ дар вазорати дифоъи Исроил ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки таваққуфи давраии ҳамалот натиҷаи тасмими Эрон барои таълиқи муваққати қочоқи силоҳ ба Сурия бо ҳадаф ёфтани масири ҷадид ва фиреби Исроил аст. 

Мақомҳои амниятии Исроил таъкид кардаанд, ки артиши Исроил ба масирҳои баҳрӣ, ҳавоӣ ва заминии қочоқи силоҳи Эрон ба Сурия осеби ҷиддӣ ворид кардааст. Ҳамчунин дар натиҷаи ин ҳамалот, тавоноии артиши Сурия дар тавлиди таслиҳот ва муҳиммот низ аз замони истифодаи муштараки эрониҳо ва Ҳизбуллоҳ аз онҳо коҳиш ёфтааст. 

Ба гуфтаи мақомҳои исроилӣ, ки “Иерусалим Пост” аз ифшои номи онҳо иҷтиноб карда, ҳамалоти Исроил дар солҳои ахир ба мутаваққиф кардани қочоқи қатаот ба маркази таҳқиқоти илмии (CERS) воқеъ дар шаҳри Масяф, ки аз сӯи Эрон барои тавлиди анвоъи мушак ва таслиҳоти пешрафта барои нерӯҳои ниёбтиаш истифода мешавад, мутамаркиз будааст. 

Иерусалим Пост ҳамчунин бар пояи арзёбии мавҷуд дар Исроил навишт, ки Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, фаъолияти низомии Эрон ва Ҳизбуллоҳро ба вижа дар наздикии баландиҳои Ҷӯлон ва ҷануби ин кишвар коҳиш додааст. 

Манобеъи исроилӣ далели ин иқдоми Асадро ноумедии ӯ аз бозпасгирии манотиқи курднишини таҳти контрол ва тасарруфи курдҳо ва Туркия эълом кардаанд. Бар ҳамин асос, гуфта шуда, ки талоши раисҷумҳури Сурия бар бозгардондани субот ба шаҳрҳои бузурги ин кишвар, ба вижа Димишқ ва минтақаи воқеъ дар навори соҳилӣ мутамаркиз шудааст. 

Манобеъе, ки “Иерусалим Пост” бо истинод ба онҳо гузориши худро мунташир кардааст иддао кардаанд, ки “ба далели тадовуми ҳамалоти ҳавоии артиши Исроил алайҳи нерӯҳои эронии ҳозир дар Сурия”, тарҳи Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯи Қудси Эрон, ки дар соли 2020 тавассути амрикоиҳо кушта шуд, шикаст хӯрдааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *