Рубрики Хабарҳо

Сатҳи об дар НОБ «Норак» 4 метр поин фаромадааст

Cатҳи об дар обанбори «Норак» чаҳор метр поин шудааст. Мақомот мегӯянд камшавии вуруди об ба обанбор бинобар сардиҳо ва афзоиши масрафи об аз обанбор ба хотири таъмини барқ ба аҳолӣ дар сардиҳо сабаби камии об шудааст.

То ин сатҳ поин фаромадани сатҳи об дар обанбор метавонад «лимит»-и интқиоли барқ ба аҳолиро тӯлонитар созад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳавошиносон гармшавии ҳаво то 21 дараҷа дар ҳатфаи ояндаро пешбинӣ мекунанд. Гармшавии ҳаво дар навбати худ ба шурӯъи мавсими киштукор мерасонад, ки талабот ба барқ ва обро бештар месозад.

Раиси шаҳри Норак Дилшод Асосозода нисбат ба соли гузашта чаҳор метр поинтар фаромадани сатҳи обро тасдиқ карда, гуфтааст “сабаб ин ки дар айёми сардӣ барқ доданд. Сарфи барқ ҳам зиёд шуду оби обанбор ҳам.

Дар ҳамин ҳол, масъулини нерӯгоҳи “Норак” аз тавлиди бештари барқ нисбат ба солҳои гузашта хабар медиҳанд.

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси “Норак” гуфтааст, “нерӯгоҳ дар соли гузашта зиёда аз 10 миллиард киловат соат барқ истеҳсол кард. Ин бештар аз сад дарсади нақшаро ташкил мекунад.”

Навсозии чархаҳои нерӯгоҳи барқи обии “Норак” чанд сол боз идома дорад.

Як чархаи нерӯгоҳро соли гузашта баъди бозсозӣ дигарбора ба кор дароварданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *