Дар садамаи автомобилӣ дар марзи Русияву Қазоқистон ҷанд нафар шаҳрвнади Тоҷикистон кушта шудаанд. Дар ин бора шабакаи телеграмии «Парвиз ТВ» навореро ҳам нашр кардааст, аммо макони садама дақиқ нест.
Дар навор мошин тамғаи Hyundai, рангаш кабуд бо рақами давлатии Е518РУ790 дида мешавад, ки комилан тахриб шудааст. Наворбардор мегӯяд ронанда ва мусофиронаш зодагони Бадахшон будаанд. Ӯ мегӯяд «ронанда кушта шудааст, ҳамаашон кушта шудаанд».
Баъдан як корманди хадамоти имдоду наҷот шиномномаи яке аз мусофиронро нишон медиҳад. Дар он ному насаби Булбулова Мастура Алиназаровна дарҷ шудааст ва шиноснома дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дода шудааст. Гуфта намешавад, ки ин хонум зинда аст ё на.
Шумори кушташудагон ва маҷрӯҳон ҳам дақиқ нест.