Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Тоҷикистон ба изҳороти як сокини вилояти Хатлон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кард, бемории саратонро бо истифода аз шири гов табобат мекунад, вокуниш нишон дода, онро “маълумоти беасоси ғайритиббӣ ва аз ҳақиқат дур” арзёбӣ намуд.
Дар вокуниши расмии вазорат, ки рӯзи 19 сентябр нашр шуд, зикр мегардад, ки марде бо номи Аловиддин Саидаҳмадов, сокини деҳаи Гулзори ноҳияи Кӯшониён, дар наворе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, худро муолиҷагар муаррифӣ намуда, гуфтааст, ки гӯё як бемори саратонро танҳо бо шири гов шифо додааст.
Ба гуфтаи вазорат, ин шахс на маълумоти олии тиббӣ дорад ва на иҷозатномаи амал барои фаъолияти тибби халқӣ.
Ҳамчунин, пас аз санҷиши мутахассисони саратоншиноси вилояти Хатлон, муайян шудааст, ки беморе, ки гӯё ба саратон гирифтор будааст, дар асл аз бемории захми меъда (язва) ранҷ мебурд.
“Саратон як бемории ҷиддӣ ва мураккаб мебошад, ки табобати он танҳо бо усулҳои илмӣ асосёфта ва тибби муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, химиотерапия, радиотерапия ва доруҳои ҳадафнок анҷом дода мешавад. Ягон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла шири гов, наметавонад ҷойгузини табобати асосӣ бошад ва хусусан наметавонад бемориро пурра муолиҷа кунад,” – таъкид мекунад вазорати тандурустӣ.
Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки танҳо ба мутахассисони соҳибтахассус ва муассисаҳои расмии тиббӣ муроҷиат кунанд ва ба маслиҳатҳои шахсони тасодуфӣ дар интернет, ки метавонанд бо ҷони инсон бозӣ кунанд, бовар накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube