Рубрики Pressa

Паси парда (идома аз мақолаи «Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд»)


Паси парда

Муродуллоҳ, ки дар шуъбаи байналмилалии КМ кор мекард, медид, ки чӣ гуна фазо тағйир меёбад. Пештар агар дар долонҳо сухан аз таърих, миллат, эҳтироми миёни роҳбарон мерафт, ҳоло ҳар кас бо эҳтиёт сухан мегуфт. Ҳарфи зиёд маънии бар зарари худ кор карданро дошт.

Пётр Лучинский ва Қаҳҳор Маҳкамов ҳар ду тамкин пеша карда буданд, дил ба якдигар намекушоданд. Ин ду нафар мисли ду шохобе буданд, ки аз як чашма об мехӯрданд, вале рӯд куҷо равон буд, касе намедонист.

Соли 1987, вақте ки бори аввал вожаҳои “тафаккури миллӣ”, “худшиносӣ” ва “тамаддуни фарсзабонҳо” аз гӯшаҳои минбарҳо садо доданд, Пётр Лучинский изҳори нигаронӣ кард. Барои ӯ ин вожаҳо оғози “бедорӣ, аз хоби гарон хестан” буданд.

Муродуллоҳ он шаб дар дафтари хотироташ менависад: “Бозсозӣ агар бо шубҳа оғоз шавад, бо парешонӣ анҷом мегирад. Мо шоҳиди сукутем – сукути роҳбарон, сукути умед ва сукути ҳақиқат”.

Сухан рамзи ҳувият

Соли 1988. Боде, ки аз сӯи Маскав мевазид, дигар на он боде буд, ки парчами идеологияи Шуравиро партавафшон кунад. Он бод, ки солҳо аз забони шиорҳо ва радиои расмӣ ба гӯш мерасид, акнун шакл дигар мекард: боди шӯрангез, боди саволҳо, боди бедорӣ. Боди наве буд, ки нахуст ба деворҳои пурасрори Кремл бархӯрда, баъд ба гӯшаҳои дуртарин, то водии Рашт, Хатлон, Зарафшон ва Бадахшон мерасид.

Дар Душанбе кӯчаҳо гувоҳ буданд, ки мардум дар ҷодаи бедорӣ гом мезананд: ором, вале қатъӣ. Ба гӯши шаҳр калимаҳои нав, эҳсосҳои нав, ормонҳои нав ворид мешуданд. Миллат, ки солҳои тӯлонӣ хомӯш нигоҳ дошта шуда буд, гӯё аз хоби амиқ бедор мешуд.

Дар маҷлисгоҳҳо, донишгоҳҳо, осорхонаҳо ва маҳфилҳои адабӣ забонаи баҳси “Забон – ҳастии миллат” аланга мезад. Вожае, ки замоне танҳо дар шеъру таронаҳо мерехт, акнун ба гуфтори кӯча табдил меёфт. Забоне, ки дар маҷлисҳо танҳо барои «қисмати адабӣ» истифода мешуд, акнун дар гуфтугӯи рӯзмарраи мардум эҳё мегардид.

Сухан дигар танҳо воситаи суханронӣ набуд, рамзи ҳувият буд. Забони русӣ, ки то дирӯз моли элита ҳисоб мешуд, тадриҷан ҷойи худро ба забони тоҷикӣ медод. Шахсиятҳое, ки солҳои тӯлонӣ бо русӣ ҳарф мезаданд, акнун бо эҳтиром ва камоли масъулият ба омӯзиши забони тоҷикӣ иқдом мекарданд.

Дар маҳфилҳои фарҳангӣ, дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, дар барномаҳои радиову телевизион сухан аз эҳёи забон ва худшиносии миллӣ мерафт. Забони тоҷикӣ дигар забони идҳои расмӣ набуд, ба забони зинда, ба забони рӯзмарраи миллат табдил ёфта буд.

Ҳамин бедорӣ дар кӯча, дар хона, дар мактаб, дар сина ва дар сухан садо медод. Ва ин садо дигар хомӯш намешуд…

Қаҳҳор Маҳкамов ва эҳсоси зарурати забон

Қаҳҳор Маҳкамов, ки он айём раҳбари аввали ҷумҳурӣ буд, ин тағйиротро хуб эҳсос мекард. Ӯ ҳарчанд забони модариро медонист, вале ҳис мекард, ки вақти амиқ омӯхтан ва дарки назокатҳои он фаро расидааст.

Дар як нишаст вай мегӯяд: “Ман мехоҳам забонро омӯзам, на танҳо барои суханронӣ, балки барои фаҳми миллат, барои шунидани дили мардум”.

Аз ҳамон рӯз ба ҷустуҷӯи як устоди забони тоҷикӣ, ки на фақат забоншинос бошад, балки ҳамзамон сиёсатфаҳму ба дарки вожаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ қодир бошад, шуруъ кард.

Миллате, ки забонашро мешиносад, худро мешиносад. Дар он солҳо мардум ин ҳақиқатро дар амал эҳсос мекарданд. Рӯзе, ки гузашт, дигар барнамегашт. Миллати тоҷик, ки солҳои дароз дар байни марзҳои шикаста, дар байни сиёсатҳои ҳамгомсозӣ камранг гашта буд, акнун дубора чеҳраи хешро меёфт.

Забон гӯё парчами даридаю аз ҳам ҷудои миллатро медӯхт, ба ҳам меовард. Он бо рагҳои бедорӣ мепайваст, бо нафаси миллат мезист.

Вохӯрӣ

Қаҳҳор Маҳкамов тасмим мегирад, ки бо ҷиддият ба омӯхтани забони тоҷикӣ машғул мешавад. Ёфтани муаллим барои шахси аввал осон набуд. Ӯ мебоист забон донад, аз сиёсат, адабиёту фарҳанг бохабар, ҳамчунин шахси боэътимод бошад. Он рӯзҳо номзадҳо зиёд баррасӣ мешуданд: устодони донишгоҳ, кормандони Институти забон ва адабиёт, муҳаққиқон, омӯзгорон…

Бинои КМ ПК Тоҷикистон. Дафтари кори котиби аввали ҳизб. Дар гӯшаи мизи корӣ чанд ҷилд китоб рӯи ҳам чида шудаанд: «Девони Рӯдакӣ», «Сиёсатнома», «Шоҳнома», чанд мақолаи марбут ба забони давлатӣ.

Қаҳҳор Маҳкамов ангушт ба занги рӯи миз зад. Котиби ҷавон ворид шуд.

– Ман дастур дода будам, ки бароям муаллими забони тоҷикӣ кобанд. Пайдо шуд?,- пурсид Маҳкамов.

– Бале, як нафарро интихоб карданд. Вай солиёни зиёд дар Афғонистон ба сифати тарҷумон кор кардааст. Аз фарҳанг ва сиёсат бохабар. Забонаш фасеҳ, қаламаш бурро. Дар шуъбаи равобити байналмилалӣ кор мекунад.

Қаҳҳор Маҳкамов интизор надошт, ки дар дохили дастгоҳ чунин шахсе пайдо мешавад ва ба котиб дастур дод, ки ӯро даъват кунад.

Баъд аз лаҳзае ба дафтари кори ӯ ҷавони навчаи қадбаланди гандумранги ҷисмаш обутобхӯрда ворид шуд. Қаҳҳор Маҳкамов синчакорона ба Муродуллоҳ нигоҳ кард ва дар ӯ солҳои ҷавонии худро дид. Ҳам дар чеҳра ва ҳам дар қаду баст.

Ӯро даъват ба нишастан карду пурсид:

– Шумо ба варзиш машғул ҳастед?

– Бале,- гуфт дар ҷавоб Муродуллоҳ.

– Кадом намуди варзиш?

– Теннис.

Қаҳҳор Маҳкамов қариб буд аз курсӣ боло шавад. Ӯ теннисро дӯст медошт. Қариб ҳар рӯз теннисбозӣ мекард. Аммо гоҳо шарик пайдо намешуд. Ҳоло рӯ ба рӯяш ҷавоне қарор дошт, ки метавонад ҳам шарики теннисбозӣ ва ҳам устоди забони тоҷикӣ бошад.

– Чанд сол аст, ки дар шуъбаи байналмилалӣ кор мекунед?

– Соли сеюм,- кӯтоҳ ҷавоб дод Муродуллоҳ.

Дар суҳбати начандон кӯтоҳ Қаҳҳор Маҳкамов кию чӣ будани Муродуллоҳро донист. Ӯ писандаш омада буд.

Пас аз гусел мудири шуъба Лақим Қаюмовро даъват кард. Аз сатҳи донишу фаҳмиш ва ахлоқи Шерализода пурсид. Ҷавобҳо мусбат буданд.

Ба Муродуллоҳ Шерализода супориш шуд, ки аз рӯзи дигар ба кори муаллимӣ оғоз намояд.

Дарси аввал

Рӯзи дигар дар соати муқарраршуда дари утоқи Котиби аввал боз шуд. Ҷавони дар тан либоси расмӣ, дар даст бастаи китобу варақҳо назди дар қарор дошт. Нигоҳаш орому боварбахш буд.

– Салом, рафиқ Қаҳҳор Маҳкамович. Иҷозат диҳед, дароям.

Қаҳҳор Маҳкамов бо табассум алек гирифт ва иҷозати ворид шудан дод.

Котиби якум ва муаллим рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд. Чанд лаҳза оромӣ фазоро фаро гирифт. Гӯё ду ҷаҳон – сиёсат ва сухан ба ҳам наздик мешуданд.

– Шумо… забонро дӯст медоред?,- пурсид Маҳкамов.

– Бале, чунон ки модарро дӯст медорам. Забон барои ман ҳам нон дод ва ҳам ном.

Ин ҷавоб ба Маҳкамов писанд омад. Ӯ курсиро каме пеш кашид:

– Ман мехоҳам забони тоҷикиро чуқур омӯзам. Забонро, грамматикаро не. Чунки вақт танг. Бароям дарки забон, нутқи бурро ба забони тоҷикӣ муҳим аст. Ҳангоми раиси “Госплан” будан кӯшиш кардам забони англисиро омӯзам, аммо нобарор баромад.

Қаҳҳор Маҳкамов табассум кард ва идома дод:

– Англисиомӯзиам қиссаи аҷиб дорад. Бо як нафар аз “Госплани” СССР маро ба Конго, ба сафари хидматӣ фиристоданд. Боре барои нонхарӣ ба мағоза даромадем. Ба фурӯшанда ишора ба рафе кардам, ки дар он нон меистод. Ҳарчанд кӯшиш кардам, фурӯшанда чӣ хостани моро нафаҳмид. Оқибат маҷбур шудам ба дохил даромада, бо даст нонро нишон диҳам. Он рӯз ният кардам, ки ҳамин ки ба Душанбе баргардам, ба омӯзиши забони англисӣ машғул мешавам. Чунин ҳам кардам. Бо як муаллимаи забони англисӣ қарор шуд, ки баъди кор ҳар рӯз дар хонааш як соат забони англисӣ меомӯзам. Як моҳ давом кард. Як рӯз ҳамсарам ҷанҷолро бардошт, ки гӯё ман бо зане дӯстӣ дорам ва ҳар бегоҳ хонаи ӯ меравам. “Дӯстон” ба ҳамсарам бо ҳамин оҳанг хабар расонидаанд. Фаҳмондам. Аммо, зан – дия, куҷо мефаҳмад. Бо ҳамин англисиомӯзиям ба охир расид.

Дарс оғоз шуд. Аммо ибтидо бо чанд сухани муқаддимавӣ. Қаҳҳор Маҳкамов, ки то он дам ба забон ҳамчун васитаи баёни фикр менигарист, фаҳмид, ки забон заминаи ҳастии миллат аст. Ва Шерализода шахсе буд, ки ин заминаро бо эҳтиром ба ӯ меомӯзонд.

Чӣ гуна нутқи роҳбари ҷумҳурӣ тоҷикӣ шуд?

Дар толори Кумитаи марказӣ баромади навбатии Қаҳҳор Маҳкамов дар назар буд. Муродуллоҳ Шерализода охирин ҷумларо ислоҳ мекард. Бо лаҳни ширину гуворо. Суханронӣ бояд бо шеър оғоз мешуд. Оғози сухан бо шеър хоси котибони аввал набуд, хусусан онҳое, ки ҳамчун “технократ” шинохта мешуданд. Шеър, дар воқеъ, қисме аз нутқ буд.

– «То забон зинда аст, миллат зинда аст…» – Муродуллоҳ ин ҷумларо хонд ва лаҳзае чашм баста, ба андеша рафт. Ӯ ҳис кард, ки ҷумлаҳо чун шаддаи марҷон ба ҳам бастаанд.

Қаҳҳор Маҳкамов, ки паси миз нишаста буд, лаҳзае хомӯш буд. Сипас сар боло кард:

– Муродуллоҳ, ман омодаам. Шуруъ мекунем?

Бори аввал Котиби якуми ҳизб нутқашро ҳиҷҷа карда мехонд. Замоне, ки калимаҳо нофаҳмо буданд, сар боло мекард ва ҷониби Муродуллоҳ назар меафканд.

– «Ҳамватанон» – ин беҳтар аз «граждане», баёни эҳсоси ботин аст, на расмӣ.

– «Масъулият» – вожаи дар сиёсат муҳим. Давлат масъулият дорад, на танҳо қудрат.

Нутқ оҳиста-оҳиста шакл мегирифт. Он дигар маҷмӯи ҷумлаҳои расмӣ набуд. Он сухани зинда буд. Забон мисли об шаффоф, ҷорӣ, ба дил наздик буд.

Нутқи аввал бо забони тоҷикӣ

Он рӯз, вақте ки Қаҳҳор Маҳкамов дар минбар қарор гирифт ва нахустин ҷумлаҳояшро бо забони тоҷикӣ ба забон овард, гӯё як девори монеазо шикаст. Ҷавонон, пирон, зиёиён ва ҳатто шахсоне, ки забони тоҷикӣ барояшон то ба он дам танҳо забони гуфтугӯи маъмулӣ буд, бо ҳайрат ва ифтихор гӯш медоданд.

– «Ҳамватанони азиз,…».

Ин дам назари Қаҳҳор Маҳкамов ба Лучинский П. К. афтод. Гӯё чашмонаш роҳ дида бошанд, ба як нуқта дӯхта шуда буданд.

Ин нутқ, ки як ҷо бо Муродуллоҳ Шерализода таҳия шуда буд, на танҳо нутқи роҳбари ҷумҳурӣ буд, он эъломияе буд дар бораи эҳтироми давлат ба забони миллат.

Шаҳрро овоза фаро гирифт:

– «Котиб тоҷикӣ гап зад!».

– «Ба тоҷикӣ! Бе тарҷума!».

Шерализода он шаб ором хобид. Медонист, ки ӯ  муаллими оддӣ не, муаллими як марҳилаи таърих аст. Марҳилае, ки забони инъикоси рӯҳи миллат дубора дар минбарҳои баланд садо дод.

Ҳар каломи ӯ акнун вазн дошт, ҳар андешааш реша. Луқмаҳое, ки ӯ ба даҳони Қаҳҳор Маҳкамов мегузошт, бо гузашти вақт вазн ва эътибор пайдо мекарданд.

Тадриҷан дарсҳои забон ба суҳбатҳои самимиву ҷиддӣ табдил меёфтанд. Муродуллоҳ дар дарсҳо решаҳои забони тоҷикиро бо ҳаводиси замон мепайваст, забонро на танҳо меомӯзонд, балки зинда мекард. Қаҳҳор Маҳкамов, ки бо тамоми масъулияти роҳбарӣ вазни ҳар каломро ҳис мекард, ба Муродуллоҳ на ҳамчун омӯзгор, балки ҳамчун ҳамфикр менигарист.

Як тасмими таърихӣ

Дарс мисли дигар рӯзҳо оғоз шуд, аммо зуд равиши дигар гирифт. Забони тоҷикӣ воситаи ниҳон, вале қавии расидан ба ҳадафҳои нав буд. Муродуллоҳ бо ҳар ҷумла ва ҳар мисол масъалаҳои амиқтарро пеш меовард: манфиатҳои миллӣ, ҷойгоҳи забон дар бархӯрди тамаддунҳо…

Қаҳҳор Маҳкамов бо таваҷҷуҳи хоса муаллимашро гӯш мекард.

Муродуллоҳ пайти мувофиқ ёфт, то масъалаеро ба миён гузорад, ки боиси нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон гашта буд:

– Фикр мекунам замоне расидааст, ки Тоҷикистон қонуни алоҳида дар бораи забони давлатӣ қабул кунад. Забон бояд на танҳо воситаи гуфтугӯ, балки пояи худшиносӣ бошад.

Маҳкамов сар набардошт. Ҳарфе нагуфт. Вале хомӯшиаш бетафовутӣ набуд, хомӯшии андеша буд. Ин гуфтугӯи кӯтоҳ дар зеҳни ӯ ҷо гирифт.

Муродуллоҳ бо сабки ором ва далелҳои муътамад дар асл тухми як тасмими бузургро кошт.

Соли 1989 баргҳои умед дубора сабз шуданд, дарахтони ба хушкшавӣ гароида дубора реша давониданд. Он рӯзҳо рӯзҳои бедории миллат буданд. Бедории тасодуфӣ не, натиҷаи даҳсолаҳои хомӯшӣ, фишор ва  рӯҳияи худшиносӣ буд.

Раванди “бозсозӣ”, ки Михаил Горбачёв эълон карда буд, барои ҷумҳуриҳои Шуравӣ на танҳо як иқдоми ислоҳотӣ, балки имкони худшиносӣ ва бозгашт ба асли худ буд. Тоҷикистон низ, ки солҳо бо сахтӣ ва хомӯшӣ забону асолати хешро муҳофизат мекард, ин бор имкон ёфт ба садо ояд.

Ҳанӯз то митинги таърихии 24-уми феврали соли 1989, ки нахустин гирдиҳамоии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ барои ҳимояти забони модарӣ шуд, Муродуллоҳ заминаро фароҳам оварда буд. Вай бо фаҳмиш ва дарки амиқи забон тавонист Маҳкамовро мутмаин созад, ки қонуни забон на танҳо рамзи ҳувият, балки омили устувории давлат аст.

Пас аз сӣ сол, профессор Иброҳим Усмонов ин марҳиларо чунин ёдоварӣ мекунад: «Қаҳҳор Маҳкамов тарафдори қабули Қонуни забони тоҷикӣ буданд ва дар ин чиз нақши барҷастаро Муродуллоҳ Шерализода бозиданд. Шерализода шахси донишманд, ором ва созишгар буданд, аз ҳама муҳим, эшон Маҳкамовро бовар кунонида тавонистанд, ки дастгирии Қонуни забон ба фоидаи он кас ва кишвар аст».

Пас аз чанд рӯз, дар оғози як дарси навбатӣ, Маҳкамов коғазеро рӯи мизи Муродуллоҳ гузошт. Он фармон буд: таъйини Муродуллоҳ Шерализода ба вазифаи ёрдамчии Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

– Ташаккур барои эътимодатон,- гуфт ӯ.

Маҳкамов бо табассуми нарм, аммо оҳанги ҷиддӣ илова кард:

– Аз ҳамин рӯз, шумо масъулед, ки маводҳои барои қабули Қонуни забон асоснокро ҷамъоварӣ кунед.

Муродуллоҳ чизе нагуфт. Вале ҳама чиз дар нигоҳи ӯ хонда мешуд. Ӯ дигар муаллим набуд. Ӯ дигар корманди оддии як шуъба набуд. Ӯ акнун шахсе буд, ки дар қабули қарорҳои ҷиддӣ, сиёсати давлатдорӣ таъсиргузор аст.

Акнун ӯ на танҳо иштирокчӣ, балки аз тарроҳони асосӣ дар роҳи қабули Қонуни забони тоҷикӣ буд, роҳе, ки чанд моҳ баъд дар майдони марказӣ мардуми ҳамназарро гирд овард ва 22-юми июли соли 1989 ба тасдиқи санади расмӣ мусоидат кард.

Ин оғози як марҳилаи нав буд, на танҳо барои ӯ, балки барои худи забон. Забоне, ки солҳо пушти парда монда буд, акнун бо қабули қонун қадам ба рӯйи саҳна мегузошт.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *