Рубрики Хабарҳо

Ду сокини Тоҷикистон дар ҳаҷ фавтиданд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ҷони худро аз даст додаанд. Аз онҳо  Муҳаммад Расулов  ва Қизларгул Тоҷиева ном бурда мешавад. 

Муҳаммад Расулов 62 сол дошта, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиеваи 64-сола сокини ноҳияи Қубодиён будаанд.

Кумитаи дин бо истинод ба  сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода , ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд.

Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи ҳар ду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, зоирони дигари тоҷик солим буда, бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво, баъзеи онҳо «бо сабаби нӯшидани оби хунук ба бемориҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ба табиб муроҷиат мекунанд».

Инчунин гуфта мешавад, байни зоирини тоҷик то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба “COVID-19” ба қайд гирифта нашуда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик шароити хубе фароҳам аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *