Рубрики Хабарҳо

Amnesty International гузориши худро барои соли 2021 бо забони тоҷикӣ нашр кард

Созмони муодфеъи ҳуқуқи башар Amnesty International гузориши худро барои соли 2021ба забонҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ нашр кард. 

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон “даъвоҳои бармаҳали ҳукумат дар бораи ба итмом расидани густариши Ковид19 ва назорати шадиди иттилооти интишоршуда, чораҳои ҳифзи саломатии ҷамъиятро дар давраи пандемия халалдор карданд”. 

Дар гузориш омадааст: “Аз зӯроварии хонаводагӣ наҷотёфтагон дар дастрасӣ ба адолат бо мушкилот рӯбарӯ буданд. Шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона паҳншуда боқӣ монд, вале дар бораи он кам хабар дода мешуд. Ҳукумат озодии баёнро беасос маҳдуд карда, фаъолони мухолифин ва мунаққидони ҳукуматро бо иттиҳомоти ангезаи сиёсидошта ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Шумо метавонед мухтасари гузориши солонаи Amnesty International — ро бо забони тоҷикӣ бо пахши ин тугма дастрас карда хонед

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Сардори давлат: Эмомалӣ Раҳмон 

Сардори ҳукумат: Қоҳир Расулзода 

Даъвоҳои бармаҳали ҳукумат дар бораи ба итмом расидани густариши Ковид19 ва назорати шадиди иттилооти интишоршуда, чораҳои ҳифзи саломатии ҷамъиятро дар давраи пандемия халалдор карданд. Аз зӯроварии хонаводагӣ наҷотёфтагон дар дастрасӣ ба адолат бо мушкилот рӯбарӯ буданд. Шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона паҳншуда боқӣ монд, вале дар бораи он кам хабар дода мешуд. Ҳукумат озодии баёнро беасос маҳдуд карда, фаъолони мухолифин ва мунаққидони ҳукуматро бо иттиҳомоти ангезаи сиёсидошта ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. 

Маълумоти умумӣ 

Рӯзи 28 апрел дар қисмати баҳсбарангези марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари баҳси сокинони маҳаллӣ аз ҳарду ҷониб барои дастрасӣ ба об сар зад. Мақомоти Тоҷикистон иддао карданд, ки то замони қатъ шудани хушунатҳо дар рӯзи 1 май аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Моҳи июл ҳукумат эълом дошт, ки омодаи қабули 100 000 паноҳанда аз Афғонистон аст. Моҳи август расонаҳо хабар дода буданд, ки 2000 гурезаи афғон аз тариқи Тоҷикистон гузашта ва ҳама ба кишварҳои сеюм кӯчонида шудаанд. Моҳи сентябр Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон инфрасохтори пазироии паноҳандагони бисёрро надорад. Дар моҳи сентябр боз 200 шаҳрванди Афғонистон талош карданд вориди Тоҷикистон шаванд, аммо танҳо 100 зану кӯдак иҷозаи воридшавӣ гирифтанд. 

Ҳуқуқ ба саломатӣ 

Мақомот гузоришҳо дар бораи пандемияи Ковид-19-ро зери назорати шадид гирифта, таъсири воқеии онро кам нишон доданд ва дар натиҷа, ин ба чораҳои дер ва камсамари маҳдуд кардани паҳншавии он ва ҳифзи саломатии мардум оварда расонд. Рӯзи 26 январ Президент ба Парлумон гуфт, ки дар Тоҷикистон дигар гирифтори бемории Ковид-19 ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ, ба кормандони тиб барои ташхис накардани ин вирус фишор оварда мешуд ва гуфта мешавад, ҳадди ақал як пизишк пас аз додани натиҷаи мусбии тест аз кор ронда шудааст. Рӯзи 21 июн дафтари нахуствазир эълом кард, ки баъзе ҳолатҳо ошкор шудаанд ва худи мардум ба риоя накардани чораҳои муҳофизатӣ айбдор карда шуданд. Ваксинзании ҳатмӣ барои ҳама калонсолон ҷорӣ карда шуд, аммо дар бораи чӣ гуна татбиқ кардани он маълумоте дода нашуд. То охири сол зиёда аз 4 миллион вояи ваксина ворид карда шуд. Дар моҳи сентябр ҳукумат эълон кард, ки аз оғози пандемия 17,000 ҳолати Ковид-19 ва 124 марг ба қайд гирифта шудааст, аммо расонаҳои мустақил иддао карданд, ки бар асоси гузоришҳои худи онҳо рақамҳо хеле баландтаранд. 

Зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон 

Наҷотёфтагон аз зӯроварӣ дар оила ҳамчунон бо мушкилоти бисёре дар дастрасӣ ба дастгирӣ, ҳимоя ва адолат рӯбарӯ буданд. Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила аз соли 2013 имкон медиҳад, ки наҷотёфтагон дар бораи зӯроварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд, аммо ниҳодҳои дахлдорро ӯҳдадор намекунад, ки барои тафтиши шикоятҳо, содир кардани амрномаҳои муҳофизатӣ ва боз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳои дахлдор андешанд. Тарҳи нави Кодекси ҷиноятӣ, ки дорои моддаи алоҳида оиди ҷиноят ҳисобидани зуроварии оилавӣ аст, дар парлумон баррасӣ шуд. Бо вуҷуди ин, он ҳама намудҳои зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварии равонӣ, таҷовузи заношуӣ ва таҷовузи ҷинсиро фаро намегирад. 

Шиканҷа ва дигар бадрафторӣ 

Моҳи феврал Нақшаи чорабиниҳо, ки дар доираи стратегияи нави ислоҳоти низоми адолати судии ҷиноятӣ пешниҳод шуда буд, эътибор пайдо кард. Он мониторинги мустақили боздоштгоҳҳо, инчунин такмил додани механизми шикояти дар муассисаҳои ислоҳӣ будагон ва таҳияи механизми тафтишоти мустақили ҳолатҳои марг дар боздоштгоҳҳоро пешбинӣ мекунад. Танҳо оиди шумораи ками ҳолатҳои шиканҷа ва дигар ҳолатҳои бадрафторӣ ба мақомот гузориш дода мешуд. Дар моҳи март гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа гузориш дод, ки дар давоми соли 2020 ҳадди ақал 38 ҳолати шиканҷа ва дигар бадрафториро ҳуҷҷатгузорӣ кардааст ва қайд намудааст, ки ин як қисми шумораи воқеии парвандаҳоро ташкил медиҳад. Моҳи июн се афсари милиса барои соли 2017 Ҳасан Ёдгоровро шиканҷа намудан аз 10 то 13 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Номбурда пас аз чанд рузи аз тарафи маъмурони милиса дар шаҳри Турсунзодаи ғарби Тоҷикистон бо роҳи лату кӯб ва зарбаи барқ шиканҷа шудан ба содиркунии куштор «иқрор» шуда буд. Вай то лағви айбномаҳо шаш моҳро дар боздоштгоҳи пешакӣ сипарӣ кард ва моҳи майи соли 2018, вақте як гумонбари дигар боздошт шуд, раҳо гардид. Ҳасан Ёдгоров як рӯз пас аз раҳо шуданаш дар бораи шиканҷа хабар дод. Ба ду нафар афсари милиса қонуни авф татбиқ шуд ва дар натиҷа мӯҳлати ҷазои онҳо кӯтоҳтар гардид. 

Озодии баён 

Мақомот ба саркӯбии фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукумат идома дода, онҳоро бо иттиҳомоти ангезаи сиёсидошта ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда, аксаран истирдоди онҳоро аз кишварҳои ғурбат дархост намуда, наздиконашонро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар таъқиб мекарданд. Рӯзи 13 январ Саъдӣ Раҳматов, яке аз пайвандони Шарофиддин Гадоев, муовини сарвари ҷунбиши мухолифи худсарона мамнӯъшудаи “Гурӯҳи 24”, ки бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба рӯйхати ҷустуҷӯи Интерпол ҳамроҳ карда шуда буд, пас аз ду моҳи боздошт аз маҳбаси Юнон раҳо шуд. Саъдӣ Раҳматов дар Тоҷикистон ба «мусоидат ба зархаридӣ» муттаҳам шуда буд ва ин ҷиноят то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Рӯзи 25 март адвокати мустақил ва раиси Маркази тоҷикони Маскав Иззат Амон (Иззатулло Холов) бедарак шуд. Пас аз ду рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки ӯ аз Русия истирдод шуда, дар боздоштгоҳи пойтахт, шаҳри Душанбе аст. Иззат Амон борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои нотавонӣ дар дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия интиқод карда буд. Моҳи октябр суди шаҳри Душанбе ӯро барои қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Мирзо Ҳоҷимуҳаммад, узви собиқи Ҳизби худсарона мамнӯъшудаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 1 июн бо ҷурми “узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ” ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ду соли охир дар Русия ба ҳайси пизишк кор мекард ва моҳи феврали соли 2021 барои як дидор ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ аввал зери маҳдудияти сафар қарор гирифта, сипас дар моҳи май боздошт шуд. Гуфта мешавад, ки ҳукми ӯ бар асари навиштаҳои номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ асос ёфтааст. Ӯ соли 2020 дар як мусоҳибааш ба ВАО аз эътирофи дери пандемияи Ковид-19 аз ҷониби мақомот интиқод карда буд. Моҳи январ рӯзноманигори мустақил Далер Шарипов баъди анҷоми муҳлати ҷазо озод шуд. Моҳи апрели соли 2020 вай дар «барангехтани кинаю адовати динӣ» гунаҳкор дониста шуда, барои нашр ва паҳн кардани рисолааш дар бораи ислом ба як соли зиндон маҳкум шуда буд. Моҳи октябр бар асоси қонуни авф, ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли кишвар эълон шуда буд, муҳлати ҳукми Бузургмеҳр Ёров чаҳор сол кам карда шуд. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, барои ҳимоят аз чанд узви ҲНИТ дар Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *