Хонандагони мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмиллалии “FISO”-и Амрико соҳиби 171 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ шудаанд, хабар медиҳад Азия Плюс.
Ин олимпиада ба таври фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ оғози моҳи март барпо шуда, охири ҳафтаи гузашта кумитаи тадорукот натиҷаҳои онро эълон кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, аз 171 нафар толибилмони “Литсей барои хонандагони болаёқат”, ки дар олимпиада пирӯз шуданд, аксаран аз фанҳои математика ва забони англисӣ медал ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи фаннии фосилавӣ аз 26 давлати дунё, беш аз 4 ҳазор толибилм иштирок кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, толибилмони ин литсейи шаҳри Хуҷанд давоми як соли ахир дар олимпиадаҳои фаннӣ ва забономӯзӣ дар кишварҳои Англия, Таиланд, Малайзия, Туркия, Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия, Ҳиндустон иштирок карда, 313 медал ба даст оварданд.
Хонандагони ин мактаб, дар олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонии “Дониш” ва “Коперникус”, ки дар кишварҳои Туркия ва Амрико низ ҳузурӣ иштирок намуда, пирӯз шуда буданд.
Дар “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд беш аз 250 хонанда шомили ҳаракати олимпӣ буда, ҳоло 42 нафар аз онҳо барои иштироки ҳузурӣ дар олимпиадаи байналмиллалии кишварҳои Англия ва Олмон омодагӣ мебинанд.
Инчунин даҳаи дуюми моҳи феврали имсол 28 нафар хонандаи ин литсей ба даври ниҳоии олимпиадаи “ISTEM”-и Олмон роҳхат гирифтанд.
Ин олимпиада аз фанни математика бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ доир шуда дар он 48 хонандаи ин мактаби Хуҷанд иштирок карда буданд. Даври ниҳоии озмун дар шаҳри Франкфурти Олмон санаҳои 19-24 июли имсол баргузор мегардад ва дар назар аст дар он аз 96 давлати дунё беш аз 8 ҳазор хонандаи мактаб ҳузури иштирок мекунанд.