Аморати Муттаҳидаи Араб дар Сайёраи Миррих ба худ шаҳрак месозад
Аморати Муттаҳиддаи Араб як барномаи 100-солаеро ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он дар сайёраи Миррих, АМА ба худ як шаҳраке бунёд мекунад. Дар ин бора дар як саммити байналмилалӣ, ки имрӯзҳо дар Дубай шуда гузашта истодааст, муаллифони ин барнома гузориш доданд.
Дар ҳошияи ин саммит, дар як намоишгоҳ нақша ва сохти шаҳраки оянда дар сайёраи Миррих намоиш дода шуд.
Дар муаррифии ин барнома сарвазири АМА ва амири шаҳри Дубай, Муҳаммад бин Рашид Ал-Мактум ширкат варзид.
Ба назар гирифта шудааст, ки дар сохтмони шаҳраки миррихӣ ду ташкилоти байналмилалӣ бо дастгирии институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар ин муддати сад соли омодагӣ, ҳамчунин мутахассисон барои ҳамлу нақли мардум ва хурока ба Миррих омода карда хоҳанд шуд.