Рубрики Хабарҳо

МАЛАЙЗИЯ

Малайзия дар қисмати ҷанубушарқии қитъаи Осиё воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 329,758км. Самти ғарбии ин давлатро, ки дар нимҷазираи Малакка ва Калимантан  ҷойгир аст, Малайя меноманд.

Ҳамсарҳади дарёӣ бо Тайланд, Сингапур, Индонезия , Брунея ва Филипин аст. 60 фисади аҳолии кишварро мардуми таҳҷоӣ, яъне малайзиҳо ташкил мекунанд, ки имтиёзи бештаре дар соҳибкорӣ ва омӯзиш доранд. Маънои номи давлат кишвари кӯҳиро мефаҳмонад. Аввалан федерасияи Малайа ном дошт. Соли 1957истиқлолият ба даст овард. Соли 1963 бошад се давлати дигар — Сингапур, Борнеои шимоли ва Саравак ба  ин федерасия пайваст, ки шумораи “зи”, яъне се ба номаш пайваста шуд .Бо ҳамин Малайзия ном гирифт.

Пойтахти давлати Малайзия шаҳри Куала Лумпур аст, ки бо баландтарин маркази тиҷорат бо номи Боҳит Байнтинг (баландиаш 451 метр) дар дунё машҳур гаштааст. Сохти давлатдориаш секулорӣ (Монархияи конститусионӣ) буда аз 13 иёлот  иборат аст. Роҳбари давлат подшоҳ аз ҷониби ҳукумати ин 13 мамлакат барои 5 сол мӯҳлат интихоб карда мешавад.

Мақомоти қонунгузораш парламенти дупалатагист . Палатаи поёнӣ аз 222 нафар депутатҳо иборат аст,ки аз ҷонибиаҳолӣ ба таври интихобот қабул шудаанд. Дар 9 иёлоти тобеъи Малайзия (Перлис,Кедах,Перак, Келантан, Тренггану, Паханг, Селангор,Негри Сембилан ва Ҷаҳор) салтанат аз авлод ба авлод мегузарад. Дар чор иёлоти дигар (Малакка, Пинанг, Сабаҳ ва Саравак ) губернаторони барои 4 сол мӯҳлат интихобшуда ҳокиманд.

Забони давлатӣ бахаса мелайю, яъне малайзӣ. Воҳиди пулиаш ринггит.  Аҳолиаш зиёда аз 32 милиону 17 ҳазор нафар гашта дар ҷаҳон ҷойи 44-умро ишғол мекунад.Дар як худи пойтахт 1 милиону 700 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд . Аз шумораи умумии аҳолии Малайзия  16 милиону 217 ҳазору 402 нафар мардон, 15 милиону 764 ҳазору 795 нафар занон мебошанд.

Ғайр аз Малайзиҳо дар ин ҷо чиниҳо ва ҳиндуён низ хеле бисёранд ва ҳамаи мардум забони англисиро ҳам медонанд.  Калонтарин фурудгоҳи дунё низ дар Куала Лумпур воқест. Инчунин бояд қайд кард,ки ин давлат 57 адад фурудгоҳи тайёра дорад. Пойтахти ба таври афсонавӣ ободшудаи Малайзия ҳанӯз шаҳри 50-сола аст. Ҳисоби миёнаи умри одамонаш айни ҳол 74-76 сол муайян гардидааст.

Интихоби дин озод , аммо дини асосӣ ислом ҳисобида мешавад. Шасту ду  фисади аҳолиро мусалмонон ташкил мекунанд.Сохтори сиёсии Малайзия секулор аст, яъне на динро дар умури сиёсӣ дахолат медиҳанд ва на сиёсатро ба умури динӣ.   Дар ҳалли масоили  издивоҷ, бекор кардани никоҳ ва  мерос қарор аз рӯйи фармудаҳои шариати ислом қабул карда мешавад. Суди дунявӣ ҳуқуқи дахолат ба ин масоилро надорад.

Ғайри мусалмонон, бутпарастон  19,8%; насрониҳо 9,2%; ҳиндуҳо 6.3%; ва бисёр  намояндагони динҳои дигар низ вуҷуд доранд.

Маориф

Таълим дар макотиби миёнаи Малайзия ҳатмӣ ва мутлақо ройгон аст. Мактабҳои олии давлатӣ ва шахси хеле зиёд буда, ҳамасола зиёда аз 50 ҳазор нафар донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори дунё барои таҳсил ба донишгоҳҳои Малайзия меоянд.

Дар ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон (Англия,Амрико ва Австралия ) ин ҷо донишгоҳу донишкадаҳое фаъолият доранд,ки барои довталабон шароити мусоиду усулҳои  омӯзиши беҳтаринро фароҳам овардаанд ва хусусан бо донишҷӯёни хориҷӣ. Дипломи донишкадаҳои Малайзия барои фаъолияти минбаъда дар тамоми дунё мусоидат мекунад.

Яке аз донишгоҳҳои қадимтарин ва бонуфузи Малайзия дар миёнаҳои асри 20 бунёд ёфтааст, ки бо шиори “Илм манбаи рушд аст” фаъолият мебарад. Бо сатҳи баланди дониш, малакаву тахассуси олӣ ва усулҳои хоси таълим ин донишгоҳ ҳанӯз ҳам хеле бонуфуз аст. Кулли донишгоҳҳои Малайзия баъди хатм барои хоҳишмандон  масъалаи бо ҷойи кор таъминкуниро низ бар дӯш доранд.

Иқтисодиёт

Охирҳои солҳои 70-ум, сатҳи камбизоатӣ дар Малайзия 57 фоизро ташкил медод, аммо имрӯз ба 5 фоиз расид. Дар айни замон, даромади аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 300 то ба 5 000 доллари амрикоӣ афзудааст, дар ҳоле, ки аҳолии кишвар аз 5 миллион то 32 миллион нафар расида аст.

Ҳадафи асосии Малайзия аз ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ эҷоди ҷойҳои корӣ барои мардуми кишвар буд, аммо ин сармоягузорӣ  натиҷаҳои хубтари дигар низ дар пай дошта аст. Дар як муддати кӯтоҳ давлат ба содиркунандаи бузурги ашёи саноати ба бозори ҷаҳонӣ   табдил ёфт. Дар як худи соли 2003 ҷамъи содироти Малайзия ба сад милиард доллар расида буд.

Солҳои охир иқтисодиёти Малайзия бо суръатпеш рафта , дар арсаи ҷаҳонӣ  дар ҳамаи самтҳои тиҷорат,истеҳсолот,коркард, воридоту содирот ҷойгоҳи назаррас  дорад. Шурӯъ аз соли 2017 пас аз он, ки масъалаи ситонидани андоз аз истеъмолот муваққатан бардошта шуд, ба рушди устувори бозори меҳнат вазъият хеле мусоид гашт.

Бозори содироти Малайзия асосан нефт, газ, таҷҳизоти барқӣ, калонтарин нишондиҳандаи содироти равғани палма (Дар ҳамкорӣ бо давлати Индонезия), гази мое ва ғайра мебошад. Дар умум устуворӣ ва пешрафти иқтисодии ин кишвар ҳатто ду баробар зиёдтар аз меъёри миёнаи  муайяннамудаи бозори ҷаҳонист.

Бо вуҷуди ин ҳама маҳдудиятҳо низ ҳастанд. Барои мисол Натиҷаи интихобот, ки сарвазири 93 сола Маҳадир бар сари қудрат баргашт , дигаргуниҳои сиёсиро низ дар бозори иқтисод ворид намуд.

Сатҳи зиндагӣ дар Малайзия хуб аст, зеро сатҳи бекоронро ҳамагӣ 3-4% аҳолӣ ташкил медиҳанд. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат бо ҳисоби доллари амрикоӣ 832- то 1000 доллар аст, аммо ин миқдор дар ҳоли  нархи дастраси маводи озуқа, манзил, нақлиёт ва иҷораи хеле арзон хубу басанда аст. Истеъмоли машруботи спиртӣ истисно аз пиво дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *