Рубрики Хабарҳо

Бозор Собир дар Амрико фавтид

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик рӯзи якуми май дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Амрико даргузашт.

Бозор Собири 79-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ — порлумони вақти Тоҷикистон — интихоб шуд.

Соли 1993 барои 9 моҳ уро ҳукумати Фронти халқӣ ба зиндон андохт ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи Уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.

Баъди лаҳнҳои тунду дурушташ ва бадгӯӣҳо нисбати эътиқодмандон ва бузургони гузаштаи миллати тоҷик, бештари обрӯи худро аз даст дод ва аксарияти мухлисонаш аз ӯ рӯй тофтанд

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *