Дар робита ба қазияи пурсарусадои зане аз ноҳияи Фархор, ки шаби 29 ба 30 июн худ ва чаҳор кӯдакашро ба дарёи Сурхоб партофт, то имрӯз ду мурофиаи додгоҳӣ баргузор шудааст.
Вакили дифои ӯ, Беҳрӯз Алиев ба “Азия-Плюс” хабар додааст, ки Мадина Ҳалимова сабаби ин амали худро “рашки зиёд” ба шавҳараш номидааст ва гуфтааст, ки “аз кардааш сахт пушаймон аст”.
Ба қавли ӯ, қабл аз ҳодиса зан дар телефони шавҳараш паёмаке аз зани бегонаро хонда будааст ва ҳаминро сабаби аслии ба дарё андохтани худу фарзандонаш гуфтааст.
Ҳалимова дар додгоҳ нақл кардааст, ки аввал се фарзандашро ба дарё андохта, сипас бо чорумӣ худро партофтааст. Вале пас аз чанд лаҳза буттаеро дошта худро аз об берун кардааст.
То имрӯз ҷасади се кӯдак — Зайнаби 3-сола, Муҳаммади 2-моҳа ва Ёсамини 2-сола ёфт шуда, ҷустуҷӯи Латофати 5-сола идома дорад.
Падару шавҳари Мадина қаблан гуфта буданд, ки ӯ “аз бемории рӯҳӣ ранҷ мебарад”. Аммо вакили дифои ӯ ин фарзияро рад мекунад. Ба гуфтаи падари зан, мақомот ҳамчунин вазъи равонии ӯро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Нисбати Мадина Ҳалимова бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ) парванда боз шудааст, ки то 25 соли зиндон ё ҳукми абадро пешбинӣ мекунад.
Ин ҳодисаи фоҷеабор вокунишҳои шадидро дар ҷомеа ба бор овард. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баъди ин ҳодиса гуфт, “зарурати чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон” мавҷуд аст ва аз ҷомеа хост, ки барои ташаккули муҳити муҳофизаткунанда нисбати кӯдакон саҳм гузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube