Чин ҳамзамон бо афзоиши 7.2 дарсадии будҷаи низомии худ аз афзоиши баргузории давраҳои омодасозии размии нерӯҳои низомии ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.
Вазорати дороии Чин рӯзи якшанбе дар ҷараёни баргузории маросими ифтитоҳияи нишасти солонаи парлумони ин кишвар бо ироаи гузорише эълом кард, ки буҷаи низомии ин кишвар, ки ҳизби коммунисти Чин онро сирфан дифоъӣ медонад, дар қолаби раванди болоравӣ ба мизони 7.2 дарсад дар соли 2023 афзоиш меёбад ва ба 225 миллиард доллар мерасад. Буҷаи низомии Чин соли гузашта ҳам бо рушди 7.1 дарсадӣ ба 210 миллиард доллар расид, ки 15 миллиард доллар камтар аз буҷаи дар назар гирифта шуда барои соли ҷорӣ буд.
Дар ҳамин ҳол, артиши Чин низ эълом кард, ки тарҳи тақвияти тавони размии нерӯҳои худро дар чорчуби сенарияи ҷанги фарзӣ бо Тайван дар дастури кори худ дорад. Ли Кэтсян, нахуствазири Чин низ рӯзи якшанбе хостори “афзоиш”-и давраҳои омӯзишии нерӯҳо ва ҳамчунин тақвияти “омодагии размӣ” ва “навоварӣ дар ҷиҳатгириҳои стратегӣ”-и артиши кишвараш шуд.
Мақомҳои Иёлоти муттаҳида тайи моҳҳои ахир борҳо Чинро муттаҳам кардаанд, ки дар тадоруки ҳамлаи низомӣ ба Тайван аст. Нимҷазирае, ки Пекин муддаии моликияти он аст ва аз муттаҳидони Вашингтон ба шумор меравад. Ҳамчунин, Вашингтон нигарони ҳимояти таслиҳотии Пекин аз Маскав дар ҷараёни ҷанги Укроин аст.
Чин пас аз Иёлоти муттаҳида, дувумин буҷаи низомии солонаи сангин дар ҷаҳонро барои соли 2023 қабул кардааст, ҳарчанд, ки ҳудуди як чаҳоруми будҷаи низомии 858 миллиард долларии Амрикост. Албатта бархе коршиносони мустақили низомӣ ҳамвора дар мавриди рақами дақиқи буҷаи низомии Чин шубҳа ворид кардаанд, чуноне ки хабаргузории Фаронса низ эълом карда, ки Чин ҳазинаи бисёре аз таҳқиқоти низомии худро ба вижа дар заминаи мушакҳо ва дифоъи сайберӣ ҷузъи ҳазинаҳои низомӣ ба шумор намеоварад.
Мутобиқи гузориши андешакадаи бритониёӣ “муассисаи байналмилалии мутолиоти стратегӣ”-и (IISS), артиши Чин дорои ду миллиону 35 ҳазор нерӯи марду зан аст. Бар пояи ин гузориш, Чин ба суръат дар ҳоли тавлиди ҷангандаҳои радаргурез (пинҳонӣ) аст ва ҳамзамон дар талош барои тақвияти нерӯи баҳрии худ аст. Пекин дар ҳоли ҳозир, танҳо се нови ҳавопаймобар дар ихтиёр дорад, ки дар муқоиса бо 11 нови ҳавопаймобари Иёлоти муттаҳида камшумор аст. Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм низ баровард карда, ки Чин ҳудуди 350 кулоҳаки ҳастаӣ дар ихтиёр дорад. Бисёр камтар аз Амрико ва Русия вале бештар аз Бритониё ва Фаронса.