Рубрики Хабарҳо

12 хатсайри заминӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳандозӣ мешаванд

Байни шаҳрҳои калони Тоҷикистону Ӯзбекистон боз 8 хатсайри нави заминӣ тавассути мусофирбар роҳандозӣ мешавад. Қаблан аз кушодашавии 4 хатсайр иттило дода шуда буд.

Ҳафтаи гузашта дар Тошканд байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии нақлиёти Ӯзбекистон созишномаи азсаргирии хатсайрҳои мусофирбар ба имзо расид. Дар ин бора Азия Плюс бо истинод ба ширкати мусофиркашонии Тоҷикистон “Asian Express” хабар медиҳад.  

Аз оғози моҳи май мусофирбарҳо сӯи шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав, Қуқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро ва Тирмиз ҳаракат хоҳанд кард.

Аз ҷониби Тоҷикистон мусофиронро ширкати “Asian Express” интиқол хоҳад дод. Ширкати ҷониби Ӯзбекистонро Агентии нақлиёти Ӯзбекистон  таъин хоҳад кард.

Мусофирбарҳо Душанберо бо Деҳнаву Тирмиз, Панҷакентро бо Самарқанду Бухоро, Хуҷандро бо Тошканду Фарғона, Шаҳритӯсро бо Тизмиз ва Исфараву Конибодомро бо Қуқанд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона пайваст хоҳанд кард.

Дар гузаргоҳҳои марзӣ ба мусофирон лозим меояд, ки аз мусофирбарҳо  пиёда шуда, расмиёти убури сарҳадро амалӣ созанд.

Ҳаракати мусофирбарҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *