Рубрики Хабарҳо

Кумитаи Норвежии Ҳелсинки: Бояд кишвари Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин талош кунад

Кумитаи Норвежии Ҳелсинкии, ки мақарраш дар Ослои Норвегия аст, аз пайдо шудани муҳоҷири аз Олмон истирдодшудаи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин дар боздоштгоҳи КДАМ Тоҷикистон изҳори таассуф ва нигаронӣ кардааст. 

Ҳамчунин Кумитаи Норвежии Ҳелсинкии  дар изҳороти нави худ ба кишвари Олмон ҳушдор дода, навиштааст, ки  “бояд кишвари Олмон озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро аз хукумати Тоҷикистон талаб кунад ва барои озодии у талош кунад. Бояд Олмон тамоми масьулиятро дар баробари Абдуллоҳи Шамсиддин ба душ гирад.”

Кумитаи Хелсинки дар сомонаи расмии худ бо нашри изҳороти ҷадид гуфтааст, ки боздошт ва дар дасти хадамоти амниятӣ қарор доштани Абдуллоҳи Шамсиддин тасдиқи  қурбонии таъқиботи сиёсӣ буданаш мебошад. 

“Ба ақидаи мо мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҳадафи интиқом барои ширкати қонунии падараш дар фаъолияти сиёсии сулҳомез боздошт кардаанд. Мо бори дигар талаб мекунем, ки Душанбе ба таври эътимодбахш айбнома эълон кунад ё  Абдуллоҳи Шамсиддинро фавран озод кунад”, — омадааст дар изҳорот.

Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Норвежии Ҳелсинкии дар изҳорот таъкид кардааст, ки  мақомоти Тоҷикистон бояд фавран макони ҷойгиршавии ҷаноби Абдуллоҳи Шамсиддинро ифшо кунанд ва шарҳ диҳанд, ки чаро аз замони парвозаш ба Душанбе рӯзи 19 январ касе аз ӯ хабар нагирифтааст. Душанбе бояд алайҳи ӯ иттиҳоми мӯътамад пешниҳод кунад ё фавран раҳо кунад. Дар ҳар сурат, ба ӯ дастрасӣ ба вакили мудофеъ дода шавад.

Кумитаи Норвежии Ҳелсинкии дар давоми изҳорот инро ҳам аз эҳтимол дур намедонад, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба хотири қаробаташ бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар Тоҷикистон мавриди шиканҷаву зулм қарор мегирад.

“Ба мақомоти тоҷик маълум аст, ки Абдуллоҳи Шамсиддин аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-и муқими Олмон аст ва ин ду то замони ихроҷи оқои Шамсиддин дар Олмон робитаи доимӣ ва наздик доштанд. Робитаи наздики ӯ бо оқои Кабирӣ Абдуллоҳи Шамсиддинро ба хатари бештари мавриди шиканҷа ва дигар бадрафторӣ ру ба ру мекунад. Боиси нигаронӣ аст, ки хадамоти маъруфи амниятии Тоҷикистон, ӯро барои гирифтани маълумот дар бораи Муҳиддин Кабирӣ шиканҷа хоҳад кард”, — гуфта шудааст дар изҳорот.

Дар ниҳояти изҳорот Кумита аз буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нигаронӣ карда навиштааст, ки “солҳои ахир бӯҳрони сартосарии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз назорат берун мешавад. 

“Мақомот садҳо нафар аз мухолифин, фаъолон ва рӯшанфикрони осоишта, аз ҷумла ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва дигаронро бо иттиҳомоти сохтаи сиёсӣ зиндонӣ кардаанд. Мухолифони сиёсӣ  нопадид ва  ҳатто кушта мешаванд. Режим озодии баёнро комилан аз байн бурда, матбуотро бераҳмона саркӯб мекунад. Ҳама гуна мухолифони сиёсиро ғайриқонунӣ эълон кард. Беҷазоӣ барои нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон як меъёр боқӣ мондааст ва шиканҷа як хусусияти маъмулии системаи иҷрои ҷазо мебошад.”

Гуфтанист, ин дуюмин изҳороти Кумитаи Норвежии Ҳелсинки дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин ва боздошташ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳафтаи гузашта, рузи 2 март ҳамчунин бо талаби маълум кардани макони боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин ин Кумита изҳорот пахш карда буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 январ мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро бо ҳавопаймо аз Дюсселдорф тавассути Истанбул ба Душанбе ихроҷ карданд. Рӯзи 19 январ наздикони Абдуллоҳи Шамсиддин парвози ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар Тоҷикистон интизор буданд. Аммо, Абдуллоҳи Шамсиддинро пайвандонаш дар фурудгоҳ наёфтанд. Бо вуҷуди ин, масъулони Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулл иддао доранд, ки дар бораи макони будубоши ӯ маълумот надоранд. 

Дирӯз Радиои Озодӣ бо истинод аз суҳбати ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин хабар дод, ки  ӯ аз худ дарак додааст ва дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *