Тазоҳурот зидди лоиҳаҳои қонун дар бораи «агентҳои хориҷӣ» дар Тифлиси Гурҷистон баргузор шуд. Ширкаткунандагон аз хиёбони марказии ба номи Шота Руставели то бинои порлумон роҳ рафтанд.
Дар Гурҷистон нерӯҳои вижа барои пароканда кардани эътирозгарон алайҳи тасвиби қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода карданд.
Дар наздикии бинои порлумон, воқеъ дар хиёбони Шота Руставели, миёни нерӯҳои вижа ва тазоҳургарон задухӯрд ба амал омад.
Тазоҳуроти зидди лоиҳаҳои қонун дар бораи «агентҳои хориҷӣ» дар назди бинои порлумон дар маркази Тифлис баъд аз зӯҳри 8 март оғоз шуда, ҳудуди 10 000 нафарро гирдиҳам овард..
Гирдиҳамомадагон аз мақомот талаб карданд, ки қонун дар бораи агентҳои хориҷиро лағв кунад ва ҳамаи онҳоеро, ки дар амалиёти шаби гузашта боздошт шудаанд, раҳо кунанд.
Тибқи баъзе гузоришҳо, дар тазоҳурот аз 30 то 50 000 нафар ширкат кардаанд. Эътирозгарон инчунин бо истифода аз қуттиҳои партов ва курсиҳо баррикадаҳо сохтанд.
Дар ҷараёни тазоҳурот тазоҳуркунандагон ба сӯи нерӯҳои вижа ба партоби ашёҳои гуногун шурӯъ карданд, онҳо низ мошини хадамоти вижаро чаппа ва оташ заданд.
Дар посух полис барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз мошинҳои обпош, гази ашковар ва норинҷакҳои садонок истифода кард. Ҳабсҳои оммавӣ вуҷуд доранд.
Гуфтанист, рӯзи сешанбе порлумони Гурҷистон тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷиро дар қироати аввал қабул кард. Мухолифон иддаъо доранд, ки тасвиби ин тарҳҳо дурравии мустақим аз масири ғарбгароёна аст ва ба як ҳадаф — ҷилавгирӣ аз гирифтани мақоми номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо аз Гурҷистон хидмат мекунад, ки нақзи Қонуни асосии ин кишвар аст.