Эрону Арабистон бо миёнҷигарии Чин барои азсаргири равобит ба тавофуқ расиданд
Намояндагони Эрону Арабистон дар нишасти бо ҳузур Алӣ Шимхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Мусоид ибни Муҳаммад Ал-ъибён ҳамтои саудии ӯ баёнияи азсаргирии равобити дуҷониба Теҳрон — Риёзро имзо карданд.
Бар асоси гузоришҳо ва тасовире, ки аз сӯии пойгоҳи хабарии Нурнюз, наздик ба Шӯрои оли амнияти миллии Ҷумҳурии исломӣ мунташир шуда, ин нишаст дар Пекин ва бо ҳузур Тсин Ган, вазири умури хориҷаи Чин баргузор шудааст.
Бар асоси баёнияи мунташиршуда дар расонаҳои давлати Эрон, тарафайн тавофуқ кардаанд, ки ҳадди аксар дар муддати ду моҳ, заминаҳои иҷрои табодул сафирон ва бозгушоии сафоратхонаҳо ва ҳамчунин дигар илзомот барои азсаргирии равобитро фароҳам кунанд.
Нурнюз дар гуфтугӯ бо Алӣ Шимхони гузориш дода, ки бо ибтикори Чин ин гуфтугӯҳо сурат гирифта ва тарафайн бо “рафъи суитафоҳумҳо ва нигоҳи рӯ ба оянда” ба самти тавсеаи суботу амнияти минтақавӣ ва афзоиши ҳамкорӣ дар равобити дуҷониба ва ҳамчунин кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ҳаракат хоҳанд кард.
Ӯ ҳамчунин бо ишора ба 5 даври музокироте, ки ба мизбонии Ироқ ва Уммон анҷом шуда, таъкид кард, ки даври ниҳоӣ аз 6 то 10 март дар шаҳри Пекин баргузор ва тарафайн тавофуқ карданд пас аз 7 сол равобити дипломатики худро аз сар бигиранд. Ин мақоми амниятии эронӣ ҳамчунин афзуда, ки зарфи ниҳоятан ду моҳ, вазирони хориҷаи ду кишвар бо якдигар дидор ва заминаҳои иҷрои табодули сафирон, бозгшуоии сафоратхона ва ҳамчунин дигар илзомот барои аз саргирии равобити ду тарафро фароҳам хоҳанд кард.
Равобити Эрону Арабистони саудӣ дар замони давлати Рӯҳонӣ пас аз он қатъ шуд, ки гурӯҳе аз неруҳои тундрав дар эътироз ба эъдомм шайх Нимр, рӯҳонии шиаи саудӣ, ба сафорати Арабистон дар Теҳрон ҳамла карданд ва парчами ин кишварро поин кашиданд. Пас аз он иқдом Риёз равобити худ бо Теҳронро ба сурати расмӣ қатъ кард ва дипломатҳои эрониро ихроҷ намуд.
Соате пас аз интишори ин хабар аз сӯи расонаҳои эронӣ, хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ ҳам дар гузорише баёнияи азсаргирии равобити дипломатики ин кишвар бо Эронро таъйид кард.
Дар ҳамин робита як сухангӯи амнияти миллии Кохи Сафед ба хабаргузории Рейтерз гуфта, ки Вашингтон аз гузоришҳо дар бора эҳёи равобити Эрон ва Арабистон огоҳ аст ва ба сурати куллӣ аз ҳар талоше барои кумак ба поёни ҷанг дар Яман ва ҳамчунин танишзудои дар Ховари Миёна истиқбол мекунад.
Ҳамчунин вазорати хориҷа Чин ҳам дар баёнияе эълом кард тавофуқ миёни Эрон ва Арабистон барои азсаргирии равобит як пирӯзӣ барои сулҳ ба шумор меравад. Вазорати хориҷаи Туркия ҳам дар баёнияе нисбат ба азсаргирии равобити Теҳрону Риёз истиқбол кард.
Вазорати умури хориҷаи Ироқ низ дар баёнияе зимни хурсандӣ аз тавофуқи ҳосилшуда миёни Эрону Арабистон таъкид карда, ки ин тавофуқ ба маънои оғози сафҳаи ҷадиде дар равобити дипломатик миён ду кишвар ба шумор меравад.