11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

«Крокус Групп» 100 млн рубли муҳоҷиронро баргардондааст

Ширкати сохтмонии «Крокус Групп»-и Русия музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки аз соли гузашта боқӣ монда буд, ба пуррагӣ пардохт кардааст.

Ин маблағ беш аз 100 млн рублро ташкил медод, ба гуфтаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират ахиран ба пуррагӣ баргардонида шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи пардохт нашудани музди меҳнат зимни вохӯриҳои пайвастаи намояндагӣ бо роҳбарияти ЖК «Лесобережный» ноҳияи Красногорск вилояти Москва ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Ширкати “Крокус Групп» дар хусуси қарздорӣ қайд кардааст, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, музди маоши кормандонро сари вақт пардохт намоянд.

“Дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар корманд ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд”,- таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки зимни суҳбатҳои гузаронидашуда бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар иншооти мазкур кор мекунанд, маълум гашт, ки будубош, 3 вақт хӯрок, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, бақайдгирӣ ва либоси махсус аз ҳисоби корфармо мебошад ва дар давоми 5 – 6 соли фаъолият дар ширкати мазкур бори аввал аст, ки мушкилоти сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат ба миён омадааст.

Қайд карда шудааст, ки айни замон, масъалаи пардохти музди маоши кормандон барои моҳҳои январ ва феврали соли 2023 зери назорати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *