Рубрики Хабарҳо

“Ҳимоя”-и ҷолиби як рӯзноманигор аз хариди ҳавопаймо барои “пешво”

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори ҷонибдори ҳукумат, аниқтараш “пешво” ва поягузору муҳаррири ҳафтаномаи “Пайк”, ки аз серхонандатарин нашрияҳои вилояти Хатлон аст, бо навиштани як “мақола” аз хариди ҳавопаймо барои Эмомалӣ Раҳмон “ҳимоя”-и ҷолибе кардааст. 

Ҳарчанд “мақола” хеле примитивӣ, далоили овардаи рӯзноманигор пуч ва “факт”-ҳояш асосан дурӯғанд, чанд чиз моро водор ба вокуниш ба ин навишта кард:

Аввалан, худи мавзӯъи хариди ҳавопаймои хусусӣ (бале, маҳз хусусӣ) барои диктатори Тоҷикистон аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ канор рафта буд (ки набояд биравад) ва Аҳмади Иброҳим лутф карду онро баргардонд;

Сониян, ҳафтаномаи “Пайк” ҳарчанд минтақавист, хонандаи зиёд дорад, чун бояд эътироф кард аз танқиди мақомоти маҳаллӣ парҳез намекунад;

Сабаби савумро поинтар мегӯем. 

Албатта ба баҳс кашидани “далоил”-е, ки Аҳмади Иброҳим бар зарурати хариди ҳавопаймо барои пешвояш овардааст, каме хиҷолатовар аст, чун хеле пучу бемаъниянд, аммо шояд байни хонандагони “Пайк” қисмате ба ин “далоил” бо пофишории рӯзноманигори воқеъан маъруфи минтақа бовар кунанд. Бинобар ин зарур донистем ба бахше аз онҳо низ посух бигӯем. 

Иброҳим менависад “ба ақидаи мухолифони ҳукумат Президент набояд бо ин нарх тайёра бихарад. Дар ҳоле, ки тайёраро на барои Эмомалӣ Раҳмон, балки барои Президент харидаанд. Ин ду субъект, ҳамагон хуб медонанд, ки аз якдигар тафовут доранд. Барои Президент, он ҳам Пешвои миллат бихаранд, яъне барои тамоми мардуми Тоҷикистон харидаанд”.

Воқеъан шахсият ва президент ду субъекти гуногунанд, аммо танҳо дар Тоҷикистон на. Ин ду субъект ба он хотир гуногунанд, ки шахсият рӯзе бо иродаи мардум иваз мешавад, барои кадом ҷинояте барканор мешавад, ногаҳон мемирад ва ғайра, вале худи мақоми президентӣ боқӣ мемонад. Аммо дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенту “пешво” як субъектанд, чун ба қавли худашон онро “сварка” кардааст. Бахусус мақоми “пешво”-гӣ, ки муҳаррири “Пайк” ҳам бар он таъкили махсус мекунад. Бо барканории ё марги субъекти аввал, яъне Эмомалӣ Раҳмон, субъекти дувум, яъне “пешво” низ аз байн меравад. Бо гумони ғолиб бо ин қадар ҷноят, ки дида шуд як “президент” ба он қодир аст, Раҳмон ин мансаб дар Тоҷикистонро низ барои ҳамеша бо худ хоҳад бурд.  

Аҳмади Иброҳим дар идома мегӯяд: “Таваҷҷӯҳ кунед, тайёраро аз як мамлакати қашшоқ харидаанд. Яъне президенти он мамлакати қашшоқ барои худ тайёраи нав харида будааст, мо кӯҳна”. 

Бояд бисёр аблаҳу дарснохонда бошӣ ё мардумро чунин пиндорӣ, ки Мексикаро кишвари қашшоқ номӣ! Ба таваччӯҳи он хонандагони “Пайк”, ки ин дурӯғи рӯзноманигори маъруфи минтақаашонро бовар кардаанд: Мексика на танҳо қашшоқ нест, балки ҳатто ҷузъи кишвраҳои миёна ҳам нест! Мексика 15-умин иқтисоди ҷаҳон аст ва узви G-20, яъне 20-гонаи кишварҳое, ки иқтисоди қавитарин дар ҷаҳонро доранд.  

Дар идома муҳаррири “Пайк” менависад: Дуюм, чӣ гуна мешавад, ки дар ҷамъомаде тамоми президентони мамолики дигар бо тайёраҳои муқтадири худ рост ба он мамлакат парвоз кунанду президенти мо тавассути ду фурудоӣ? Магар шарманда намешавем? Ё худ, ҳама парвоз карда раванду тайёраи президенти моро соатҳо дар фурудгоҳи бегона таъмир кунанд. Обирӯйи давлати мо чӣ мешавад? Ё ба ҳамин монанд сад ҳодисаи дигар”. 

Мутаассифона ҷаҳонбинии колхозии “пешво” на танҳо ба аъзои ҳукуматаш, балки ба тарафдоронаш ҳам сироят кардааст. Дар ҷаҳони имрӯз обрӯву рейтинги ҳар раҳбари давлат, агар бо парвоз дар ҳавопаймои хусусӣ дар қиёс қарор гирад, комилан баръакси он аст, ки Аҳмади Иброҳим мегӯяд. Яъне он раисҷумҳуре пеши мардумашу мардумони дигари ҷаҳон маҳбубтару обрӯмандтар аст, ки сарфаи бештаре барои кишвараш мекунад ва аз ин гуна ҳазинаҳои беҳуда мисли доштани ҳавопаймои хусусӣ комилан даст кашидааст. Мисли раисҷумҳури нави Мексика, кишваре бо 15-умин иқтисоди ҷаҳон. Ё масалан дар Аврупо зиёд мушоҳида мешавад, ки раҳбарони кишварҳо бо метрову қатор ав мусофирбарҳо ба ҷои корашон бираванд ва ё ҳади ақал аз ҳавопаймои хусусиву кортежҳо даст кашанд. Аз қазо маҳбубтарину обрӯмандтарин роҳбарон ҳам ҳаминҳоянд. 

Ба хотир оваред парвози раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Сооронбей Жээнбековро аз Амрико дар ҳавопаймои мусофирбарӣ ҳамроҳ бо мардуми оддӣ, ки чи қадар шӯру шавқи мардумро на танҳо дар кишвараш балки дар кулли минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон барпо карда буд. Ин парвоз воқеъан рейтинги Жээнбековро ба таври боварнокарданӣ боло бурд. 

Баъдан, инҷо ҳам муҳаррири “Пайк” аз факту далеҳои пучу дурӯғ истифода мекунад ва мегӯяд “тамоми президентони мамолики дигар бо тайёраҳои муқтадири худ” парвоз кунанд. Дар ҳоле, ки тайёраҳои хусусиро раисҷумҳурҳои кишварҳои муқтадир ва сарватманд доранд. Як қисми дигар албатта аз ҳавопаймои махсус истифода мекунанд, аммо он ҳавопаймо мутааллиқ ба кулли ҳукумат аст, на махсус барои раҳбари кишвар. 

Ин “далел”-и Иброҳим мутаассифона аз далоиле аст, ки бештари камбизоатон ба он истинод мекунанд: мисли дастархонороӣ дар идҳо, ки барои ақаб намондан аз сарватмандҳои моҳонаи дусолаашонро қарз карда дастархон меороянд ва то иди дигар қарз мекананд. 

Фаразан агар қисмати зиёди раҳбарон ба кадом саммите бо ҳавопаймои худашон рафтанд (ҳаргиз чунин иттифоқ нахоҳад афтод, ки ҳама бо ҳавопаймои хусусиашон бираванд, магар дар нишасти G-7), рафтани Раҳмон бо ҳавопаймои хусусӣ болои бурдани обрӯи худашу кишвараш нест, баръакс мавриди хандахариши дигарон шуданаш аст. Мисли гадое, ки аз бист-сӣ нафар сарватманд қарз кардааст ва барои рафтан ба маҷлисе, ки онҳо ҳузур доранд, бо ҳамин қарз мошине мисли мошинҳои онҳо мехарад. 

“Опозитсияи мо, — менависад Аҳмади Иброҳим, — тамоми ҳақиқатро яксу гузошта фақат тайёрахариро мебинад ва барои миллат мегӯяд. Маълум аст, ки инҷо ҳазорҳо нафар таги масъаларо фикр накарда гуфтаи опозитсияро қабул мекунанд ва душман мешаванд. Душман ки шуданд, маълум, ки болои сари миллати мо бадбахтие чарх мезанад”.

Сабаби савуми вокуниши мо ба ин навиштаи муҳаррири “Пайк” ҳам ҳамин буд. Ҳазорҳо хонандаи маъруфтарин ҳафтавори Хатлон бо хондани ин “мақола”-и Аҳмади Иброҳим (ҳарчанд ин навишта бо сабки ӯ хеле ихтилоф дорад ва бо гумони ғолиб муаллиф нафари дигаре асту Иброҳим зери он имзо гузоштааст) шояд ба “факту далелҳо”-и ӯ аз қабили қашшоқии Мексикаву ҳавопаймо доштани ҳамаи роҳбарон “таги масъаларо фикр накарда” бовар кунанд.   

Дар идома Аҳмади Иброҳим дар бораи адами ҳимояти ҳукуматдорон аз пешвояшон, сабаби мансабҳои калидиро ба хешовандони худаш додани Раҳмон, сабаби ба мухолифат пайвастани журналистон “факту далелҳо”-и боз ҳам ҷолибтаре овардааст. Чун ин баҳсҳо кӯҳна ва забонзадаанд мо ба шарҳи онҳо намепардозем ва хулосаро ба худи хонандагон, аз ҷумла хонандагони ҳафтавори “Пайк” вомегузорем, то “таги масъаларо фикр карда”, “далоил”-и Иброҳимро таҳлил кунанд.
“Паём” ба рӯзноманигори маъруф дар вилояти Хатлон Аҳмади Иброҳим, ки воқеъан бо поягузории “Пайк” дар рушди матбуот, ҳади ақал дар ин минтақа хидмати беназире анҷом додааст, бобати ин ки мавзӯъи бисёр муҳими хариди ҳавопаймои хусусӣ барои Раҳмонро, ки аз расонаву шабакаҳо канор рафта буд баргардонд, арзи сипос мекунад. 

Воқеъан мавзӯъи хариди ҳавопаймои хусусӣ бо пули миллати бе ин ҳам қашшоқ барои парвозҳои комфорти Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷиноятҳои сангини иқтисодии ин ҳукумат дар соли гузашта буд, ки набояд фаромӯш шавад. 

Умедворем ин хабарнигори пуркор минбаъд ҳам ҳамин гуна дар баргардонидани мавзӯъҳои муҳими фаромӯшшуда саҳми худро хоҳад гузошт.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *