Оятуллоҳ Сайид Мӯҳсин Ҳуҷҷат дар суханрониаш дар масҷиде дар Кобул аз Толибон хост, ки ба маносик ва маросими муҳаррам эҳтиром бигузоранд ва маҳдудиятҳоро бардоранд.
Ӯ ба бархӯрди хашини Толибон бо азодорон ишора кард ва аз мардуми шиъа хост ба дастурҳои маҳдудкунандаи Толибон эътиное накунанд.
Замони ин суханронӣ мушаххас нест аммо телевизиони “Тамаддун” дар Кобул онро рӯзи сешанбе нашр кардааст, ки дар он ба маҳдудиятҳои ҷадиди Толибон барои баргузории маросими Ошӯро ишора шудааст. Ў ин маҳдудиятҳоро эҳтиром нагузоштани Толибон ба мазҳаби мардуми шиъа тавсиф кардааст.
Сайид Мӯҳсин Ҳуҷҷат аз мамнуъияти насби парчамҳо, роҳандозии дастаҳои азодорон дар хиёбонҳо ва дигар маносики Ошӯро интиқод кард ва аз шиъаён хост, ки ба дастуроти Толибон таваҷҷуҳе накунанд.
Ҳуҷҷат гуфт: “мо аз ин мамлакат ҳастем ва аз ин ҳукумат ҳам табаият мекунем аммо то замоне, ки мухолифи мазҳаби мо ба мо чизе нагӯяд. Агар гуфт парчамро поин кун, шумо набояд онро поин кунед. Агар гуфт тоблу назан, набояд гӯш бидиҳед.»
Ӯ аз мардум хост, ки бетаваҷҷӯҳ ба латукӯби Толибон маросими Ошуроро ба ҷо оваранд.
Толибон гуфтаанд, ки маросими азодории Муҳаррамро ба далоили амниятӣ маҳдуд кардааст. Ин тасмим норизоияти Шӯрои уламои шиъа дар Афғонистонро барангехтааст ва ин ниҳод хоҳони лағви маҳдудиятҳо шудааст.
Оятуллоҳ Ҳуҷҷат дар ин маврид гуфт: “амнияти моро мегиред, хеле ташаккур. Аммо маънои амният гирифтан ин нест, ки моро маҳдуд кунед, моро бечора бисозед: оқо ин корро бикун, ин корро накун.”