Рубрики Хабарҳо

Кӯмаки нави $1,7 млн. ИМА ба Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе имрӯз, 6-уми май дар баёнияе изҳор дошт, ки ИМА барои муқобила бо вируси коруно ба Тоҷикистон 1 миллиону 690 ҳазор доллари дигар кумак мекунад.

Тибқи ин байния, кӯмакҳо тавассути Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) ба дасти Тоҷикистон расонида мешаванд.

Қаблан агентии USAID Central Asia, ки аз Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад ва худи ҳукумати ИМА барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ба Душанбе $1 млн ва $866 ҳазор мутаносибан кумак карда буданд. 

Ба гуфтаи Сафорати Амрико ин кӯмакҳо барои ба таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани зарфиятҳои ташхисӣ барои мубориза бо COVID-19 дастрасӣ пайдо кардани кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

«Иёлоти Муттаҳида дар ин ҳолати бӯҳронӣ дар паҳлуи Тоҷикистон аст», — гуфтааст сафорати Амрико дар баёнияи худ. Дар маҷмӯъ, ҳукумати Амрико тайи 20 соли охир барои бахши тандурустии Тоҷикистон 125 миллион доллар кумак кардааст.

Тайи моҳҳои ахир барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва муқобила бо он, кишвару созмонҳои мухталиф ба Тоҷикистон миллионҳо доллар ҷудо кардаанд. То ба ҳол барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон Олмон 1 миллион евро, ​Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар, ​Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, ​Русия ва Чин беш аз 20 ҳазор донаӣ тест ва ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ додаанд.

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки барои муҳофизати қишрҳои осебпазир аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 600 ҳазор доллар кумак мерасонад.

Иттиҳоди Аврупо низ ба Тоҷикистон ба маблағи 48 миллион евро ёрӣ карданист.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин кумакҳо ва шеваи харҷи онҳо ба таври шаффоф гузориш надодаанд. Ин аст, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷимоӣ мехоҳанд, ҷараёни харҷи кумакҳо сахт назорат карда шавад.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои харҷи нодурусти баъзе аз кумакҳо танқид кардаанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *