Рубрики Хабарҳо

Мушоҳидаи вируси короно пушти марзҳои ғарби Эрон

Раиси маркази беҳдошти устони Кирмоншоҳи Эрон эълом кард вируси  короно пушти марзҳои ғарбии ин кишвар расидааст. 

Иброҳим Шикебо, раиси маркази беҳдошти устони Кирмоншоҳи Эрон гуфт: Мутаъсифона ахборе мабнӣ бар мушоҳидаи мавориде аз бемории  короно дар иқлими Курдистони Ироқ гузориш шуда, ки нишон медиҳад ин вируси пушти марзҳои ғарбии кишвар расидааст. 

Ба гузориши хабаргузори ИСНО, вай дар идома ҳамчунин изҳор дошт: 

“Ҳамакнун омодабоши комил дар марзҳо ва марокизи беҳдоштӣ ва дармонии устон вуҷуд дорад. Муроқибатҳо дар марз ташдид шуда ва тамоми мусофирон вуруди кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд”. 

Гуфтанист, ин вирус барои аввалинбор 12 декабр дар Вуҳон шиносоӣ шуд. Масъулини ин шаҳр дар 31 декабр, эълом карданд, ки 27 нафар муртабит бо ғизоҳои дарёӣ ба ин “бемории мармуз” мубтало ва ин бозори он баста шудааст. 

Комиссияи беҳдошти миллии Чин тайи иттилоияе эълом кард: то кунун 7711 нафар дар саросари кишвар ба бемории ношӣ аз вируси  короно мубтало шуда ва 170 аз онон низ ҷони худро аз даст додаанд. 

Вируси  короно

Алоими ин вирус 80 дарсад шабеҳ ба пневмония буда ва аз тариқи сурфа ва атса ба дигарон сироят мекунад. Аввалин алоими вируси  короно ба таби боло, гулӯдард, сурфа, тангии нафс ва исҳол зоҳир мешавад. Дар мароҳили баъдӣ боиси норасоии куллия шуда ва дар ниҳоят мумкин аст мунҷар ба марги фард шавад. 

Воксине барои ин вирус то кунун вуҷуд надорад ва танҳо роҳи наҷот аз он ташхиси зудҳангом ва дармони бемор дар карнтин аст. Мақомоти чинӣ аз шаҳрвандони ин кишвар хостаанд аз ҳузур дар амокуни шулуғ ва умумӣ худдорӣ кунанд. Ин вирус аз тариқи мусофирон ба хориҷ аз Чин низ сироят карда ва нигарониҳоеро дар саросари ҷаҳон эҷод кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *