Рубрики Хабарҳо

Ҷасади донишҷӯе, ки кӯдакро наҷот доду фавтид, ба кишвар оварда мешавад

Ҷасади донишҷӯйи тоҷик, ки дар Уфа як кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дод, тариқи парвози махсус интизор меравад дар ояндаи наздик аз Уфа ба Тоҷикистон интиқол ёбад.

Гуфта мешавад, ҷасади ӯро тариқи парвози махсус ба ватан мефиристанд. Тибқи маълумоти расонаишуда,  зимни пешниҳоди кумак аз ҷониби мақомоти Бошқирдистон ва ҷои таҳсили марҳум, падари ҷавон ҳама пешниҳоди кумакҳоро рад карда, танҳо хостааст, ки ҷасади фарзандашро ба Тоҷикистон гуселонанд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди Тоҷикистон, донишҷӯи соли аввал кӯдакеро дар Уфа аз ғарқшавӣ наҷот доду худ ба ҳалокат расид.

Ин фоҷиа дар дарёи Белийи шаҳри Уфа рух дод.

Ҳоҷимурод Қаландаров ҷавони 18-солаи тоҷик, хатмкардаи соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон мебошад. Ӯ барои таҳсил ба шаҳри Уфа омада буд.

Рӯзи 7 июн ҷавони тоҷик дар соҳили дарё истироҳат мекард, ки дид кӯдаке дар об ғарқ мешавад. Ӯ дарҳол худро ба дарё андохт ва кӯдакро ба соҳил баровард, вале худ натавонист наҷот ёбад.

Наҷотдиҳандагон пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади ҷавонро аз дохили об пайдо карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *