Имрӯз, 9 июн Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шунид. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ин ноҳияҳо супориш додааст соҳаи кишоварзӣ рушд дода шуда, аз ҷумла майдони кишти картошка 40 фоиз зиёд карда шавад. Ӯ ҳамчунин дар бораи ҷамъоварии ҳосилу таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ ва ғайра “дастуру супоришҳои мушаххас” дод.
Ҳамчунин раисҷумҳур “ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳар як шаҳру ноҳия бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ”,таъмиру таҷдиди мактабу муассисаҳои томактабӣ “супоришҳои қатъӣ” дод.
Ва билохира “пешвои миллат” аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб кард, ки “ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯрокаро дар хонаҳояшон захира намоянд”.
Наздик ба даҳ сол аст, аниқтараш аз замони пахши сериоли “Ҳазрати Юсуф” дар охири соли 2010 — аввали 2011, ки дар он баъди хоби Фиръавн паёмбари Худо онро таъбир ва пешниҳод мекунад барои 7 сол захира карда шавад, Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол чанд маротиба талаб мекунад мардум барои ду сол маҳсулоти хӯрокиашонро захира кунанд. То имрӯз касе ин даъвати “пешво”-ро иҷобат накардааст. Бо чанд сабаб имкони он ҳам вуҷуд надорад ва ин як даъвати агар нагӯем аҳмақона, хеле бесаводона аст. Ва аз ноогоҳии комили раисҷумҳур пеш аз ҳама аз вазъи мардум ва шароити нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ шаҳодат медиҳад.
Зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон сериоли “Ҳазрати Юсуф”-ро низ сар-сарӣ тамошо кардааст. Онҷо фиръавн ба мардум дастур намедиҳад, ки захира кунанд, балки худаш дар саросари кишвар анборҳо месозад ва гандум захира мекунад. Сипас замоне қаҳтӣ фаро расид, онро бо нархи арзон ба мардум мефурӯшад ё ҳадя мекунад.
Албатта худи раисҷумҳур ва аъзои ҳукуматаш ҳамеша замони фаро расидани бӯҳроне иддао мекунанд, ки давлат захираи дусолаи тамоми маводи хӯрокаро дорад ва набояд мардум ба таҳлука афтад. Имсол ҳам вақте ҳангомаи вирус бархосту мардум ба захира кардани орд шурӯъ кард, мақомот итминон медоданд, ки захираи дусола вуҷуд дорад ва набояд мардум ба таҳлука афтад. Аммо дар ҷараён маълум шуд, ки ҳеҷ гуна захирае вудуд надорад, чун қимати орд аз 20 то 40 дарсад боло рафт. Агар захирае вуҷуд медошт давлат онро ба бозор мебаровард ва аз ҷаҳиши нарх пешгирӣ мекард.
Инҷо суоли дигаре ҳам пеш меояд, ки агар давлат захираи дусолаи тамоми маводи хӯрокаро дорад, пас чӣ зарурате ба захира кардани мардум мемонад?
Аслан захира кардани маводи хӯрока барои ду сол ғайримкон аст, чун мӯҳлати нигоҳдории ҳеҷ намуди маҳсулоти хӯрока аз як сол бештар нест. Агар манзур аз захира танҳо гандум бошад он ҳам чанд мушкил дорад, аз ҷумла дар куҷо нигоҳ доштанаш, чӣ гуна хариданаш (дар ҳоле, ки мардум пул надорад) ва дар куҷо орд карданаш.
Раисҷумҳур ҳеҷ гоҳ намегӯяд, ки он захира аз чӣ маводе иборат аст ва дар куҷо бояд нигоҳдорӣ шавад. Мақомоти кишвар, расонаҳои авлатӣ, коршиносони тарафдори давлат, ки ин даъвати ӯро чун ғамхории беназираш ба мардум нишон медиҳанд, ҳеҷ гоҳ шарҳ намедиҳанд, ки ин захиракунӣ чӣ гуна бояд сурат гирад.
Агар фарз кунем, ки манзураш молҳои талаботи аввали хӯрокворӣ аст, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва сабзиву пиёзу картошка, пас чанд суол пеш меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон бояд посух гӯяд:
1. Мардуме, ки барои хӯроки якҳафтаинааш пул надорад, барои 2 сол аз куҷо пул пайдо кунад?
2. Маҳсулотеро, ки муддати нигоҳдориашон аз 6 моҳ то як сол аст, чӣ гуна ду сол нигоҳдорӣ кунад?
3. Агар фаразан пуле ҳам пайдо кард, ин маҳсулотро дар куҷо бояд нигоҳдорӣ намояд, дар ҳоле, ки ҳатто мардуми деҳанишин имкони ин корро надорад, чӣ расад ба шаҳрнишинҳо, ки дар хонаҳои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд? Чун нигоҳдории дарозмуддат ҷойҳои махсус омодашударо талаб мекунад.
Ин гуна суолҳоро мешавад даҳҳо матраҳ кард, вале чун бештарашон борҳо аз тарафи коршиносону фаъолон матраҳ шудаанд бо ҳамин иктифо мекунем.
Қаблан агар раисҷумҳур бо додани танҳо маслиҳат иктифо мекард, ҳоло “супориши қатъӣ” додааст, ки мардум бояд захираҳои дусолаашонро омода кунанд. Ба назар мерасад дар Тоҷикистон як маъракаи дигари хона ба хона гаштану тафтиш кардани захираҳои мардум дар роҳ аст. Зеро вақте супориш шуд, раисон бояд аз иҷрояш гузориш диҳанд.
Супориши 40 дарсад афзоиш додани замини кишти картошка ҳам авоқиби хубе надорад. Намунаашро мо аллакай дар симои зане, ки кишти пиёзашро хароб кардаву маҷбур ба картошкакориаш карданд дидем. Ин супориш метавонад ҳамин тавр ҳазорҳо деҳқонро хонахароб созад. Ҳади ақал аз ин сабаб, ки якбора 40 дарсда афзудани як намуди маҳсулот метавонад қимати онро ба маротиб поин оварад.