Рубрики Хабарҳо

Тазоҳурот дар Берлин бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз фаъолони сиёсии тоҷик дар Аврупо ҳамроҳ бо фаъолони олмонӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, пойтахти Олмон таҷаммӯъи эътирозӣ барпо карданд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон талаб намуданд Абдуллоҳи Шамсиддин озод карда шавад.

Беш аз 20 нафар фаъолони тоҷику олмонӣ зуҳри имрӯз, 24 март дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҷамъ омаданд ва бо шиорҳое мисли «Озодӣ ба Абдуллоҳи Шамсиддин» ва «Раҳмонов диктатор» сар доданд. Байни тазоҳургарон падари Абдуллоҳ — Шамсиддини Саид низ ҳузур дошт.

Мухолифон ва фаъолони сиёсии муқими Аврупо барои фардо тазоуҳроти дигар дар назди Бундестаг эълон кардаанд, ки қарор аст дар эътироз ба сафари Раҳмон ба Аврупо баргузор шавад.

Қаблан ҳам чанд маротиба бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин баргузор шуда буд, аммо бори аввал аст, ки ин таҷаммӯъи эътирозӣ дар Берлин ва назди сафорати Тоҷикистон баргузор мешавад. Қаблан тазоҳурот асосан дар шаҳрҳои Дюсселдорф ва Дортмунди Олмон ва назди мақомоти муҳоҷирати ин кишвар барпо шуда буд.

Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18 янавар аз сӯи пулиси Олмон истирдод шуд ва то ҳол дараке аз ӯ нест. Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон дар нишасти солонаи матбуотиашон гуфтанд, ки ҳеҷ иттилоъе аз Абдуллоҳ надоранд.

Рӯзи 7 март ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин гуфт, ки  ӯ аз худ дарак додааст ва дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *