Дар нашрияи “МК” 3.2-9.2 2017, №22(291) чопи Маскав матлабе аз номи худи ҳафтанома ба нашр расидааст, ки гуё як писари синфи 11 тоҷик дар шаҳри Маскав бо муаллимаи забони англисӣ, ки 40 сола будааст алоқаи ҷинсӣ доштааст.
Дар бобати ҳақиқат доштан ва ё надоштани ин матлаб ва ҳам чӣ будани асли воқеъа хостем хонандагонро огоҳ намоем.
Дар ин ҳафтанома, ки дар авввалин саҳифаи нашрия мақола бо номи «Школьник разговаривал с учительницей английского на языке любвы» ба нашр расидааст, омадааст, ки гуё ин писарбаччаи тоҷики 17-сола забони англисиро хуб балад будааст. Гоҳ-гоҳе аз забони англисӣ дар мактабе, ки таҳсил мекардааст дарс ҳам мегуфтааст. Ҳамин тавр муаллимаи фанни забони англисӣ бо ин тоҷикбачча ошно шудаанду рақамҳои телефонии худро ба якдигар додаанд.
Минбаъд бисьёр ба ҳам паёмак навиштаанд ва гуё ин талаба, ки қадаш қариб ду метр будааст ба муаллимааш гуфтааст, дар ишқбозӣ маҳорати калон дорад, духтарони наврас ба ҷонаш задаанд ва вақтҳои охир ба у калонсолон маъқул шудаанд ва рузе омада бо муаллима ҳамхобагӣ кардааст.
Ба гуфтаи муаллима баъди чанде дар хонаи у ин писарак худро чун як хуҷаин ҳисоб мекардаасту вақти дилхоҳаш меомадааст. Ҳатто баъзе вақт духтари 17 солаи ин муаллимаро бо ҳар баҳона аз хона берун мекардааст. Аз ин воқеъа хоҳарони ин писар бохабар будаанд ва рузе ин писар ба модараш ҳамаро қоил шудааст, баъди ин модари талаба ба муаллима занг зада ғавғо бардоштааст.
Муаллима баъди ин ба сафорати Тоҷикистон, ки гуё модари ин талаба онҷо кор мекунад, омада гуфтааст, ки ҳамкори шумо ба ману духтарам таҳдид дорад. Баъди ин дар сафорат аллакай ба ин кор машғул шудаанд. Модари ин талаба ба шуъбаи пулис муроҷиат кардааст, ки ба касе таҳдид накардааст ва баъд ариза навиштааст, ки муаллима писари ноболиғашро аз роҳ задааст. Ба шуъбаи пулис ин талабаро ҷеғ задаанд ва у гирякунон гуфтааст, ки ин муаллима уро аз роҳ задаасту гуфтааст, агар бо ман намонӣ ман худамро мекушам ё расмҳои якҷояи ҳамхобагиро ба дигарон нишон медиҳам.
Баъди тадқиқот маълум шудааст, ки ин расмҳоро худи ин талаба гирифтааст ва паёмакҳои аз назар гузаронида тасдиқ кардаанд, ки ҳамхобагӣ бо маслиҳат ва розигии ҳамдигар сурат гирифтааст. Ба ҳар ҳол тадқиқот аз тарафи мақомоти дахлдор давом дорад ва муаллима аллакай аз ҷои кораш рафтааст.
Ин буд матлабе, ки дар «МК» ба нашр расидааст.
Пойгоҳи иттилоотии Лайфнюз низ ин ҳодисаро ба таври дигар нишон додаанд, ки гӯё писар бо модари он духтар ҳамхоба будааст. Лекин шоҳидон чи гуна рӯй додани ин ҳодисаро ба мо фиристоданд.
Ҳамингуна тадқиқоте, ки Паём. нет дар ин бора бурд, пешкаши хонандагон мегардад:
Дар рафти тадқиқот ба Паём.нет муяссар шуд, паёмакҳои ирсолнамудаи муаллимаи мактаб, дар аввал таҳдидҳо ва баъдан илтимос ва хоҳиши бахшишпурсиҳо, нусхаи аризаи навиштаи худи модари писарбачча ба пулис дастрас шавад. Илова бар ин шахсони муътамад ва наздик ба модари писарбаччаи тоҷик, ба Паём.нет тамос гирифта асли воқеаро шарҳ доданд
Ному насаб, сурати паёмакҳо, ариза ва дигар далелҳое, ки ба Паём.нест дастрас шудаанд, бинобар хоҳиши қаҳрамони воқеъа дар зер оварда намешавад.
Шарҳи асли воқеъа:
Ҷавони ноболиғи тоҷик дар як мактаби кадетии шаҳри Маскави ФР таҳсил мекардааст. Азбаски чанд забонро медонист, ба ӯ иҷозат медиҳанд ба ҳайси омӯзгор аз фанни забони англисӣ дарси иловагӣ диҳад. Ӯ, ки ҷавони қадбаланду зебо буд, бисёр духтарони рус бо ӯ хоҳиши шиносоӣ мекарданд. Духтари он муаллимае, ки гӯё пи222сар бо ӯ ҳамхоба шудааст, чандин маротиба ин ҷавонро барои вохурӣ даъват мекунад. Азбаски он духтар ба ин ҷавон маъқул набуд як — ду маротиба вомехурад ва баъд дурӣ меҷӯяд. Баъди ин модари он духтар ба модари ҷавон паёмак, яъне смс менависад, ки “духтари ман беморӣ дорад, худам ҳам бемор ҳастам, ба ман ёрӣ диҳед, ба писаратон фаҳмонед, ки аз духтари ман рӯй нагардонад, ки мабодое духтарам ба ягон кор даст назанад.”
Баъди он ки писар саркашӣ мекунад, бобои он духтар бо писарбачча тамос гирифта таҳдид мекунад ва мегуяд, “ ту мусалмонӣ, ту, ки бо набераи ман вохурӣ кардӣ, бояд бо ӯ издивоҷ кунӣ”, вале писар ҷавоби рад медиҳад.
Рӯзе ин писарбачча ба мағоза мерафт ва дар он ҷой бобо ва модари он духтарро мебинад, ки якҷоя истодаанд. Писарбачча ба модараш занг зада мегӯяд, ки назди мағоза онҳо ҳастанд, ба мағоза равад ё на, модараш иҷозат медиҳад ва писарбача роҳашро давом медиҳад. Бобои он духтар шишаеро бо пакет мепечонад ва писарбачаро дошта мезанад. Баъд модари ин писар ба идораи пулис рафта ба 2222пулис ариза менависад ва бо модари духтар бо тариқи телефон муноқиша мекунад, модари он духтар бошад ба сафоратхонаи Тоҷикистон ариза менависад, ки корманди шумо ману духтарамро таҳдид карда истодааст.
Кормандони пулис ҳам мехостаанд модар ва писарашро маҳкум кунанд, лекин модари писар ба онҳо мегуяд, ки “ман аз он муҳоҷирони қади роҳ нестам, ҳуқуқи худро хуб медонам, ман корманди дипломатӣ ҳастам ва ба ман зуроварӣ накунед. Марҳамат ана он паёмакҳое, ки он духтар ба писарам ва модараш ба ман навиштаанд”.
Баъди ин ҳодиса роҳбарияти сафорати Тоҷикистон низ тасмим мегирад, модари он писарро бе ягон хел санҷиш аз кор ихроҷ кунанд.
Модари писар, ки бино ба гуфти2222 манбаъи ин матлаб нахостааст номаш ифшо шавад, корманди намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буда илова бар ин модари писарбачча фарзанди яке аз шахсони бонуфузи Тоҷикистон ҳам будааст.
Роҳбарияти намояндагии муҳоҷират ва меҳнати Тоҷикистон дар ФР ба сафорати Тоҷикистон тамос гирифта мегӯяд, Шумо чигуна намояндаи як кишвар ҳастед, ки ақалан ҳуқуқи кормандони дипломатии худро муҳофизат карда наметавонед, куҷо расад ба як муҳоҷири бечора? Чаро бидуни таҳқиқ ва муаян намудани ҳақиқати ҳодиса сафорат тасмим гирифтааст, то модари писарбачча аз кор ронда шавад?
Баъди ин тамос роҳбарияти сафорати Тоҷикистон дар ФР ночор аз паи таҳқиқ шудаанд ва дар натиҷа модару писар бегуноҳияшон тасдиқ шуда аз он ҷумла модари духтар тавассути паёмак узрхоҳӣ мекунад.
Ногуфта намонад, ки дар ҳақиқат модари духтарро аз ҷои кораш меронанд.
Сабаби руи сафҳа овардани ин ҳодиса ин аст, ки муносибати роҳбарияти сафорати Тоҷикистон дар Русия нисбати корманди дипломатияш моро нагузошт бетараф бошем. Сафорати Тоҷикистон, ки вазифаи асосиаш ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва ҳифзи ҳуқуқу шаъну шарафи шаҳрвандони кишвар мебошад, ҳатто нисбати як шахси дипломатӣ беэтиноӣ зоҳир намуда, бидуни ҳеҷ як таҳқиқе хостааст, корманди дипломатӣ аз кор ронда шавад.
Пас чигуна метавон, тақдири дифоъи ҳуқуқу шаъну шарафи наздик ба як миллион муҳоҷири тоҷики муқими Русия, ки аксарият аз ҳуқуқи худ бехабаранд ба ин сафорат бовар кард?
Ҳамин аст, ки ҳамеша ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия поймол мешавад ва ҳеҷ кас аз ҳоли онҳо ба ҷуз як ду созмонҳои ҳуқуқӣ парвое надорад.
Бепарвоии як сафорат нисбати поймол шудани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрванд ва гирифтор шудан ба туҳматро бубинед, ки бо вуҷуди собит шудани бегуноҳии фарзанди шахси дипломатияш ақалан як изҳороти кучак ва ё як вокунише дар ҷавоби туҳматномаҳо расонаӣ накардааст.