Categories Хабарҳо

Дар Хуҷанд барои набастани ниқоб ҷарима мекунанд

Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои риоя накардани реҷаи ниқоббандӣ нисбати мусофирону ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷарима татбиқ кардаанд

 Ҳолатҳои бениқоб ба ронандагӣ машғул шудани шаҳрвандон дар нақлиёти ҷамъиятӣ зимни санҷиши кормандони соҳаи беҳдоштӣ ошкор шудааст.

Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ масофа ва реҷаи ниқобӣ то ҳол риоя карда намешавад. Ронандагони нақлиёти мусофирбар аз меъёр зиёд шаҳрвандонро савор мекунанд ва дар бархе ҳолатҳо худашон низ бениқоб нақлиётро идора мекунанд. Дар натиҷаи баргузории рейди кормандони соҳаи беҳдоштӣ нисбати 20 нафар ронандаҳо барои роҳ додан ба қонуншиканӣ, яъне надоштани ниқоб, протоколҳои ҷаримавӣ тартиб дода шуд”.

Бино ба иттилоъи манбаъ барои риоя накардани реҷаи ниқоббандӣ, бар асоси бандҳои Кодекси маъмурӣ нисбати ронандаҳо аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 дар шаҳри Хуҷанд, бо шурӯъ шудани таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои ҳудуди шаҳр, кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологиро барои баргузор кардани ин гуна рейдҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ муваззаф намудааст.

Ахиран вакилони парлумони Тоҷикистон  ба як қатор қонунҳо аз ҷумла ба Кодекси маъмурии кишвар тағйирот ворид намуданд, ки бар асоси он барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *