Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки аввалин маркази интишори вируси корона буд, баъд аз ҳафт моҳи таътилӣ мактабҳову боғчаҳо бозкушоӣ шуд
Ҳудуди як миллиону 400 ҳазор нафар аз донишомӯзони ин шаҳр ба синфҳои худ ҳозир шуданд.
Ҳудуди ду ҳазору 800 боғчаи кӯдакон, макотиби ибтидоӣ ва дабиристон дар шаҳри Вуҳон, ки ба иллати нигаронӣ аз ҳамагирии вируси корона ҳафт моҳ ин тараф баста буд, бозкушоӣ шуд.
Ба донишомӯзон дар Вуҳон тавсия шудааст, дар масири рафту баргашт ба макотиб аз ниқоби тиббӣ истифода кунанд ва то ҳадди имкон аз васоили ҳамлунақли умумӣ парҳез кунанд.
80 дарсади фавтидагон аз вируси корона дар Чин ба Вуҳон рост меояд ва маҷмӯи қурбониёни ин беморӣ дар Чин чаҳор ҳазору 600 нафар будааст.
Бо ин ҳол аз 18 май то кунун ҳеч мавриди ҷадид ва дохилии ибтило ба вируси корона дар ин шаҳр сабт нашудааст.
Мақомҳои чинӣ мактабҳо дар Шанхайро дар моҳи май бозкушоӣ карданд ва мактабҳо дар Пекин ҳам қарор аст ҳамин моҳи сентябр бозкушоӣ шавад.
Бояд қайд кард, ки дар Пекин истифодаи муаллимону донишомӯзон аз ниқоби тиббӣ дар мактабҳо иҷборӣ аст.