Паҳлавони номдори тоҷик Темур Раҳимов, ки ба финали Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин роҳ ёфта буд, шикаст хӯрд. Бо ин вуҷуд ӯ як нишони нуқра ба сандуқи тими Тоҷикистон ворид кард.
Раҳмов дар ин даври ниҳоӣ барои нишони тило бо Муҳаммадумар Муҳаммадумаров аз Арабистони Саудӣ сабқат кард, аммо натавонист пирӯз шавад.
Дирӯз ду ҷудокори маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода медалҳои тиллову биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Тоҷикистон ҳоло бо се медал дар мавқеъи 10-ум қарор дорад.