Бо назардошти эҳтиёҷ ва хоҳиши мардуми кишвари Ӯзбекистон, Идораи мусулмонон, Кумитаи оид ба корҳои дин ва як қатор ташкилотҳои шарикӣ ҷиҳати зиёд намудани парвозҳо ба сафари умра тадбирҳои амалӣ андешида, натиҷаҳои хуб ба даст оварда истодаанд.
Аз 10 феврали соли равон тибқи нақшае, ки дар оғози мавсими ҷорӣ муқаррар шуда буд, парвозҳо ба сарзамини муборак барои адои намози умра ҳар рӯзҳои сешанбе ва шанбеи ҳафта 3 маротиба ва дар 5 рӯзи боқимонда 2 маротибагӣ парвоз ба роҳ монда шудааст. Ҳамагӣ дар давоми як ҳафта 16 парвоз анҷом дода мешавад.
Бояд гуфт, ки шаҳрвандони ҳамсоякишвар, ки ба зиёрати ҳаҷ мераванд, аз сафари муборак, шароити омодашуда ва сифати баланди хизматрасонӣ хеле миннатдоранд.