Рубрики Pressa

Дар Душанбе ҳамоиши “Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо” баргузор шуд


 22 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони “Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо” баргузор гардид.

Чорабинӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор шуд.

Қабл аз оғози ҳамоиш, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода аз намоишгоҳи расмҳои мактаббачагон дидан намуд, ки дар онҳо манзараҳои пиряхҳои Тоҷикистон ба тасвир даромада буданд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид нуҳ қатънома дар бораи масоили об қабул гардидааст. Ин иқдомҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии марбут ба об ва иқлим заминаи муҳими ҳамкорӣ ва рушд фароҳам овардаанд.

Дар охир, ғолибони озмуни мазкур муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *