ҲАНӮЗ ҲАМ БО МУҲАММАД (С) ДУШМАНӢ МЕВАРЗАНД
Асрҳост зиндагии Муҳаммад (С) ‐ охирон фиристодаи Худо ба сӯи башарият муй ба муй омухта мешавад. Кинатузон ва душманони қасамхӯрдаи Муҳаммад (С) бо навиштани ҷилд‐ҷилд китобу мақолот ва суханрониву таблиғҳои густурда то охири асри 20 натавонистанд ба чизе даст ёбанд (ба ҷуз як қисм аз инсонҳое, ки мутаассифона зери ин таблиғот қарор гирифта натавонистанд, шариати Муҳаммад(С)‐ро бишносанд ва аз ин неъмат ва ганҷинаи бузург истифода намоянд), ва ҳатто ин амал ба он оварда расонд, ки садҳо донишманду мутафакирони ғарбӣ ва шарқии ғайримусалмон ба азамат, раҳмат ва ахлоқи олии Муҳаммад (С) эътироф қоил шаванд.
Аммо аз оғози асри 21 душманӣ шакли наверо ба худ касб карда, идома дорад.
Гарчанде ин роҳ ва равиш ҳам дар муқобили шариати ноби Муҳаммад (С) шикастхӯрда ба назар мерасад, аммо барои мо мусалмонон хусусан ҷавонони уммат бисёр зарур аст, ки ин душманиро бишносем.
Соли 1992 дар донишгоҳои Иёлоти Мутаҳидаи Амрико маърӯзае дар мавзӯъи “Бархурди тамаддунҳо”, ки он аз тарафи сиёсатшиноси амрикоӣ, ҷомеашинос ва тарроҳи сиёсӣ Самуел Филпс Ҳантингтон (SamuelPhillipsHuntington 1927‐2008) омода шуда буд, барои донишҷӯён пешкаш гардид. Якбора ин назария дар ҷомаеи амрикоиву аврупоӣ машҳур шуд.
Аммо касе хабар надошт, ки самараи ин назария дар оянда сиёсатҳои Амрикоро дар муқобили ҷаҳони муосир, бахусус ҷаҳони Ислом ба чи оварда мерасонад.
Соли 1996 Ҳантингтон назарияи худро комил карда онро дар шакли як китоб бо номи “Бархӯрди тамаддунҳо ва тақсимоти нави ҷаҳонӣ” (The clash of civilization sand there making of world order) аз чоп баровард. Ин назария ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон мунтақил гардид.
Он вақт Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ‐ сиёсатшинос ва президенти собиқи Ирон (1934‐2017) ҳамчун мусалмон ба ин назария вокуниши шадид нишон дода ва дар муқобили “Бархӯрди тамаддунҳо” назарияи “Гуфтугӯи тамаддунҳо”‐ро пешниҳод намуд. Зеро Ҳантингтон дар ин назарияи худ ба чунин хулоса расида буд, ки дигар байни кишварҳо ҷанге ба вуқуъ намеояд танҳо тамаддунҳо бо ҳам бархӯрд карда вориди рақобат мешаванд ва низоъу кашмакашҳоеро ба вуҷуд меоранд.
Аммо дар айни замон ӯ тероризми исломи (Islamicterrorism)‐ро бузургтарин хатар барои ҷаҳониён донист. Акнун ҳар низову кашмакаше, ки дар кишварҳои мусалмоннишин ба вуҷуд меомад, бо номи тероризми исломӣ ё экстремизми исломӣ муаррифӣ мегардид. Баъд аз ин ибораи тероризми исломӣ дар ВАО‐и ҷаҳонӣ мисли борон рехт.
5 сол баъд аз назарияи Ҳантингтон, шабеҳи як тарҳи бузург ва нақшаи ояндадор, 11 сентябри соли 2001 мудҳиштарин ҳодисаи террористӣ дар Ню‐ Йорки Амрико ба амал омад. Ду маркази бузурги тиҷоратии Амрико тавассути тайёраҳои мусофирбар ба замин яксон шуд, ки пурқурбонитарин амали террористӣ дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Ҳарчанд ин амали террористро гуруҳи “АЛ‐ҚОИДА” ба дӯш гирифт ва онро тамоми мусалмонҳои ҷаҳон маҳкум карданд, аммо ибораи терроризми исломӣ на танҳо дар Амрикову Аврупо, балки дар кишварҳои исломиву мусалмоннишин низ васеъ истифода шуд ва он ишораҳое ба таълимоти Муҳаммад (С) ва шариати ӯ низ дошт.
Агар дақиқтар омӯхта шавад ин як тавтеъа алайҳи ҷаҳони Ислом буд. Зеро терроризм ва экстремизм ҳеҷ гоҳ бархоста аз таълимоти Ислом набуд. Ва онро пайравони Муҳаммад (С) ба вуҷуд наоварда буданд. Чуноне, ки муҳаққиқон мегӯянд, таркондан, қатлҳои бераҳмона ва ҳаракатҳои экстремистиро худи Амрико аллакай дар замони Ҷанги сард алайҳи Шуравӣ ба вуҷуд оварда буд.
Ва он зодаи кишварҳое буд, ки дар торихи навин роҳбарии ҷаҳонро мехостанд ба даст гиранд.
“Ҳангоми Ҷанги сард миёни Шарқу Ғарб ISI (Шабакаи истихборотӣ ва ҷосусии Покистон )–и Покистон дар якҷоягӣ боCIA( Хадамотӣ ҷосусии Амрико )–и Амрико ҳама усулҳои корҳои инфиҷориро ба муҷоҳидон таълим медод ва онҳоро барои иҷрои амалиёти махсус омода мекард.
Аксарият ҳамон таълимдидагони урдугоҳҳои ISI ва CIA айни замон “дарди сари”‐асосии худи Амрико (ва кишварҳои дигар шуданд)” (М. Ҳимматзода, муфасал ниг. Дидгоҳ ва масоил, саҳ, 54‐62).
Кор то ҳадде расид, ки ҳар ҷо калимаи ислом буд ҳатман паҳлӯяш терроризм ё экстремизм навишта мешуд. Ин ҳоло охири кор набуд.
Таваҷҷуҳи дигарбора ба зиндагонӣ ва ҳаёти Муҳаммад (С) шуруъ гардид.
Бо қабеҳтарин шева ва туҳмату дурӯғ шариати Муҳаммад (С) ҳамчун манбаи терроризм ва ифротгароӣ дар матбуоти ғарбӣ инъикос мегардид.
Амрико ба ин қаноатманд нашуда, гуё бо ҳадафи нест кардани террористон дар мудати хеле кӯтоҳ ‐ 7 октябри соли 2001 ‐ ба қаламрави Афғонистон лашкар кашид. Кишварҳои исломӣ ё мусалмоннишин яке паси дигар вориди низоъҳо, буҳронҳо ва ҷангҳои тӯлонӣ шуданд.
Афғонистон, Ироқ, Либия, Сурия, Яман ва чанд кишвари дигарро буҳронҳо ва низоъҳои доманадор фаро гирифт.
Ҳарчанд соли 2003 сиёсатшинос ва ҷомеашиноси дигари амрикоӣ Пол Берман китоби худ “Террор ва либерализм” (Terror and liberalism)‐ро ба нашр расонд ва назарияи Ҳантингтонро зери суол бурд, аммо Амрико аз масири пешгирифтааш дар баробари ҷаҳони Ислом ақибнишинӣ накард.
Пол Берман муносибати Арабистони Саудӣ бо Амрикоро мисол оварда мегӯяд: “Тамаддунҳо дар асри нав бо ҳам метавонанд гуфтугӯ кунанд. Ва барои он бояд шароитро фароҳам овард.Ва ҳеч зарурате вуҷуд надорад то тамаддунҳо бо ҳам бархӯрд кунанд”.
Қатли ҳазорон тифлаки бегуноҳ, овора шудани миллионҳо мусалмон ба ҳам задани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ зери зулму фишор қарор гирифтани садҳо шахсияти исломӣ дар гӯшаву канори олам бас набуд, ки якбора тарҳи роҳандозишудаи ДИИШ пайдо шуд.
Ин гуруҳи худхонда ва даҳшатафкан бо бераҳмии махсус ва театркунонидашуда боз бо номи поки Ислом ва шариати Муҳаммад (С) иснод овард. Гарчанде тамоми уламои ҷаҳони ислом ва кишварҳои исломӣ ин гуруҳро маҳкум карданд, вале таблиғоти густурда ва истифодаи васеъ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи маблағҳои ҳангуфт, ҳазорҳо ҷавони мусалмонро аз гӯшаву канори олам дар ин гуруҳ ба ҳам овард ва онҳоро туъмаи манофеи геополитикӣ ва бозиҳои номашруъи Амрикову Русия ва кишварҳои Аврупо кард. Гуиё сенориёи “Бархӯрди тамаддунҳо” дар шакли нав идома пайдо кард.
Бояд иқрор шавем, ки воқеан мусалмонҳо ғафлатзада шуданд. Раҳмдилӣ, эҳсосоти баланди имонӣ, ғафлат аз шинохти ҷаҳони муосир, ҳиллаву найранги душманони деринаи Муҳаммад (С) боз умматро ба гирдоби фалокатҳо ва буҳронҳо кашид.
Назарияи “Бархӯрди тамаддун”‐ҳои Хантингтон алакай самар медод. Ҷанг дар Ироқу Сурияву Афғонистон… шиддат мегирифт, аз тарафи дигар ВАО‐и Амрико ва Аврупо фурсатро ғанимат дониста корҳои тарғиботии худ алайҳи дини муқаддаси Ислом, ба хусус паёмбари он Муҳаммад (С)‐ро пеш мебурданд.
Ҳамин буд, ки баъд аз 11 сентябри соли 2001 дар кишвари Дания Паёмбари Ислом Муҳаммад (С)‐ро карикатура карданд. Ва садҳо мақолаву гузоришҳо оид ба бисёрҳамсарӣ, ҷангҷӯйӣ ва ҷиҳодро бо такя ба гуруҳҳои даҳшатафкане шабеҳи “Ал ‐ Қоида”, “ Толибон” “Боку ҳарам”, ки кори дасти худашон буд,(бояд эътироф кунем ки мусалмонҳои эҳсосӣ ва бесавод низ дар ташкили ин гуруҳо даст доштанд) ба рухи мусалмонҳо мекашиданд ва онро таълимоти нодурусти Муҳаммад (С) медонистанд.
“Шарли Эбдо” ‐ маҷаллаи фаронсавӣ низ ба ин таблиғоти густарда ҳамроҳ шуда, соли 2014 қабеҳтарин карикатураро дар ҳаққи пайёмбари ислом раво дид. Бад аз он ки ба идораи ин нашрия ҳамла сурат гирифт ва дар он 12 нафар кушта шуд ин нашрия боз 7 январи соли 2015 такроран ин амали ғайриахлоқӣ ва ноҷавонмардонаи худ алайҳи Муҳаммад (С)‐ро такрор кард.
Ин таблиғот танҳо ба Аврупову Амрико маҳдуд намешуд. Ба он давлатҳои дигар ҳам шомил шуданд. Алалхусус дар минтақаи таҳти нуфузи Русия, аз ҷумла расонаҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон низ баъзе матолибро оид ба танқиди шариати Муҳаммад (С) ба чоп расонданд. Онҳо аз ин тариқ гуиё як навъ аз ифротишавии ҷомеа ва хатарҳои он дар оянда пешгирӣ мекарданд.
Аммо раванди ҳодиса нишон дод, ки бархӯрди носолим ва таблиғоти нодуруст натанҳо пеши роҳи ифротишавии ҷомеаро нагирифт, балки он дар ҷомеаҳое, ки аслан чунин мафҳумҳо бегона буданд, онҳоро ба вуҷуд овард.
Барои мисол дар Тоҷикистон, ки 99 фисадаш мусалмон мебошад, якбора ҳуҷуми баъзе бо ном “зиёиён” ба Муҳаммад (С) ва шариати ӯ шуруъ гардид. Гумон меравад, баъд аз воқеаҳои соли 2001 гуруҳе аз сиёсатмадорон ё олимону зиёиёни мо таҳти таъсири матбуоти Ғарбу Русия ва Чин қарор гирифтаанд.
26 сентябри соли 2003 Абдураҳмон Бобоев мақолае таҳти унвони “Дардҳои дину ойин”‐ро дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба нашр расонда, китоби муқаддаси Қуръонро ба “Майн Камф”‐и Гитлер баробар донист.
Соли 2004 бошад, олими дигари тоҷик Олим Ғафуров аз тариқи ВАО‐и Русия Қуръон ва фарҳанги Исломиро бо қабеҳтарин шева таҳқир карда онро “ҳамчун вируси зараровар барои ҷомеаи тоҷик ва минтақа” хонд.
12 июли соли 2005 Зиё Абдулло мақолаи худ таҳти унвони “Шинохтситезии кланҳои клонзо”дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”‐ро ба нашр расонд ва дар он мақола Муҳаммад (С)‐ро “аз Чингиз маънавиятситезтар” донист.
Ҳамин тариқ ба ин маъракаи зидди Муҳаммад (С) ва шариати ӯ олимону “зиёиён”‐и дигари тоҷик, аз қабили шоир Бозор Собир, ҳамроҳ шуда “шапкаи Ленинро” аз тамоми муқаддасоти Ислом боло донист ва шеърҳо дар танқиди Пайёмбар ва Ислом навишт.
Академик ва таърихнигори тоҷик Раҳим Масов бошад дар як пурсиш ба “Радиои Озодӣ” масҷидро барои ҷавонони тоҷик зараровар дониста, пешниҳод намуд, ки ҷавононро аз масҷид рафтан манъ кунанд.
Файласуф Комил Бекзода бо чанде дигар аз ҳамсафонаш бо ташкили маркази “Оянданигарӣ” ба навиштани мақолаву гузориш ва ташкили маҳфилҳои “хос” ба оин ва фарҳангӣ исломӣ тохт ва ҳамин тавр чанд “олим” ва “зиёӣ”‐и ҷавони тоҷик ба ин таблиғот ва маъракаи ғалату масхараомез ҳамроҳ шуданд (мисолҳо аз Тоҷикистон ва кишварҳои ОМ зиёданд).
Хушбахтона, он дар урфу одат ва имону ақидаи мусалмонҳои тоҷик ҳеч таъсири манфие нарасонд ва ҳеч чиз ҳам аз дӯстдориву пайравии Муҳаммад (С)‐ро кам накард, аммо ин амалҳо метавонанд дар ифротишавии ҷомеа ва бозӣ бо эҳсоси мардуми мусалмон нақши бадегузошта бошанд ва гуруҳеро барои он, ки дину имонашон таҳқир шудааст ва худро бе пуштибон ёфтаанд ба сӯи ифрот кашонда бошад.
Ва бояд иқрор шуд, ки дар ин маъракаи таблиғотӣ дар минтақа бо навиштаҳои бемантиқ ва дур аз одобу ахлоқ бо ном баъзе “зиёӣ”‐ҳои мо аз ҳамсафони хориҷиашон камӣ надоштанд.
Мутаассифона калимаи терроризм ё экстремизм танҳо ба мусалмонҳо ва Ислом рабт дода мешавад. Аммо ончи ки амирикоиҳо, аврупоиҳо (мурод тамоми ҷомеаи амрикоиву аврупоӣ нест) ва душманону муғризони Ислом дар муқобили мусалмонҳо ва волотарин арзиши эътиқодии онҳо Қуръону Муҳаммад (С) ба шакли бисёр қабеҳ ва дур аз ҳар гуна одобу ахлоқ анҷом медоданду медиҳанд, озодӣ ва демократия унвон дошту дорад.
Ҳарчанд ба ин мавзуъ жарфтар нигоҳ кунем ва онро рӯз ба рӯз таҳлил намоем воқеият ин мешавад, ки ҳанӯз ҳам инсонҳо ва диду назарҳое дар ҷаҳони муосир вуҷуд дорад, ки онҳо бо Муҳаммад (С) ва таълимоти инсонсозу ахлоқмеҳвари он бо ҳар шакле душманӣ доранд. Ин амалҳоро ба ҷуз душманӣ намешавад чизи дигаре унвон кард.
Сарчашмаи ин ҳама душмание, ки мо рӯйи он таъкид дорем, куҷост?
Ин маншаъ мегирад аз саҳйунизми ҷаҳонӣ ва нуфузу қудраталабии онҳо.
Ҳамонҳое, ки то кунун иддао доранд онҳо қавми баргузида ва роҳбари ҷаҳонанд, онро бояд ба ҳар қимате ҳифз кунанд.
Ҳангоми мутолиаи китоби “Торихи саҳйунизм” ба чунин ҷумлае рӯ ба рӯ шудам, ки он ҳама бархурдҳои носолим ва дур аз одобу ахлоқро алайҳи пайёмбари бузурги Ислом Муҳаммад (С) ошкор месозад.
“Қавми бани Исроил (мурод яҳудиён, бунёдгузорони саҳйунизми ҷаҳонӣ)‐ро ба ҳоли худ гузоред, агар онҳо пайёмбар набошанд, фарзандони пайёмбарон, ки ҳастанд”. (Ниг. Торихи саҳйунизм, саҳ 177, навиштаи Ноҳум Савкулов, тарҷумаи форсӣ).
Инҷо иддаои қавми беҳтар ва баргузидаҳои олам талқин карда мешавад. Яъне мо “фарзандони
паёмбарон” ҳар чизеро хоҳем ва ҳар тарзе хоҳем бо шумо инсонҳои кураи замин рафтор мекунем ва шумо набояд аз мо эроде бигиред ва бояд ҳамеша мисли ғуломони ҳалқабардӯш ба ҳарфҳои мо гӯш диҳед. (Албата ин бардошти шахсии банда аст. Д.Ш.)
Аммо гуруҳе аз донишмандони дигар ки ба ин душманӣ ҳамроҳ мешаванд ё зери таблиғи расонаҳои саҳйунистӣ ва тарбияи онҳо қарор гирифтаанд ё бо эҳсоси дурӯғини миллигароӣ худ бо чунин амалҳо даст мезананд. Ин тоифа дар камоли бесаводӣ ва ноогоҳӣ ҳам аз торихи воқеии миллаташон бехабаранд ҳам аз донишҳо ва сарчашмаҳои поку зулоли Ислому Қуръон ва суннат чизеро наомӯхтаанд.
Аз ин лиҳоз ҷавонони мусалмонро зарур аст, ки ҷаҳони муосир ва равандҳои онро биомӯзанд. Онҳо бисёр зиракона душмани дини худ ва пайёмбарашонро бишносанд. Ва дар камоли огоҳӣ ва шинохти дуруст аз Исломи азиз қарор дошта бошанд. Дар акси сурат онҳо фирефтаи таблиғоти нодуруст гашта, саодати дунёву охиратро аз даст медиҳанд.
Шарқшиноси фаронсавӣ Имайл мегӯяд: “ Муҳаммад аз қабоили мухталифи дар ҳоли набард ва кашмакаш як уммати воҳид ва якпорча сохт”. ( Ниг. Ҳайёти Муҳаммад, тарҷумаи арабӣ, саҳ 183).
Муҳаммад (С) дар чи ҷомеа паёми нубуват ва Худошиносиро овард?
Ӯ бо чи пайёме вориди ҷомеаи пур аз фасод ва дур аз ҳар гуна ахлоқу рафтори инсонӣ гардид? Бо фармони қатлу куштор? Ҷанг? Террор? Ҳаргиз НЕ!
Дар шароите, ки арабҳо фарзандони худро ҳангоме, ки духтар таваллуд мешуд зинда ба гӯр мекарданд, дар шароите ки зулму ситам ва фасоду ҳаромхурӣ одати рӯзонаи онҳо буд, Муҳаммад (С) нахустин пайёми Қуръон ва амри китобе бо номи Қуръонро, ки бо он мабъус шуда буд, овард. Ва нахустин паём ва амри ин китоб бо калимаи “БИХОН” ғоз шуд.
“Муҳаммад (С) дар маъракаи саҳеҳи зиндагӣ, дар вазъияти саросар аз ҷаҳл ва барбарӣ ва ваҳшигарӣ ворид шуд”. ( Ниг. Торихи ҳаёти Муҳаммад(С), саҳ. 18).
Ҷаъфар ибни Абитолиб, ки худаш яке аз сокинони аслии Макка аст, вазъи ахлоқии ҷазираи Араб ва хусусан шаҳри Маккаро дар ҳузури подшоҳи Ҳабашистон (Эфиопия) Наҷошӣ чунин тасвир мекунад:
“Подшоҳо! Мо аҳли ҷоҳилият будем, бутҳоро парастиш мекардем ва гӯшти мурдор мехӯрдем ва аъмоли мунофии иффат анҷом медодем, риштаи хешовандиро қатъ мекардем ва бо ҳамсоя ба бадӣ рафтор менамудем ва тавонои мо нотавонамонро туъмаи хеш месохт”. (Набии раҳмат, саҳ 90, таълифи Алома Абуҳасани Надавӣ, форсӣ).
Дар шаҳри Макка ва ҷазираи Араб арабҳо дар ҷоҳилият ба сар мебурданд. Ин торихи сиёҳро на танҳо торихнигорони мусалмон, балки торихнигорони ғайримусалмон низ эътироф доранд. (Муфасал ниг: Торихи Ислом, пажӯҳиши донишгоҳи Кембриҷ, тарҷумаи Аҳмад Ором).
Дар чунин вазъият Муҳаммад (С) аз китобе паём овард, ки бо таҳлил ва ҳисоби муҳаққиқон ва муфассирони улуми қуръонӣ калима “салом = сулҳ ва амният” бо тамоми хусусиёти он 140 маротиба омадааст, калимаи “ҳарб = ҷанг” бо тамоми хусусиятҳои он ҳамагӣ 6 маротиба дар Қуръон зикр гардидааст. Агар онро ба миқдори фоиз ҳисоб намоем калимаи сулҳ ва амният дар Қуръон 96%‐ро ташкил мекунад, калимаи ҳарб яъне ҷанг ҳамагӣ 4% ро. (муфасал ниг. Паёмовари раҳмат, саҳ 254 ‐256, форсӣ).
Навиштаи муаррихон ва муҳаққиқону донишмандони улуми инсонӣ ва ҷамъиятшиносӣ нишон медиҳад, натанҳо ҷазираи Араб, балки он замон тамоми ҷаҳон дар ботлоқи фасоди ахлоқӣ ва бебандуборие ба сар мебурд. Ва дар ҳеҷ ҷои ҷаҳони он вақта гуруҳ ва ё кишваре вуҷуд надошт то инсоният битавонад дар пайравӣ аз он худро ба ахлоқе, ки хоси инсонӣ аст, ороста намояд ё дар бархӯрд ба он сари инсоният ва офариниши ҷаҳони ҳастӣ биандешад.
“Дар шароите, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (С) мабъус шуд ҷаҳон ҳамчун биное буд, ки бо зилзилаи қавӣ, сахт такон хурда буд. Ҳечиз сари ҷояш набуд; бархе аз биноҳо ва сутунҳояш шикаста буд ва бархе дигар хамида шуда буд; бархе дигар ҷойгоҳи аслиашро раҳо ва ҷойи дигареро ишғол карда буд. Муҳаммад (С) инсонеро дид, ки инсонияташ барои вай аҳмияти худро аз даст дода буд. Вай инсонеро дид, ки санг, дарахт, дарё ва ҳар ончиро ки тавони нафъ ва зарар барои хеш надорад, мепарастад”. (Инҳитоти мусалмонон, саҳ 128).
Дар чунин вазъи бади ахлоқиву иҷтимоӣ, ки хабаре на аз илм буду на аз дониш Муҳаммад (С) мисли офтобе, ки ҷаҳонро бо нури худ равшан мекунад зуҳур кард. Ӯ дар камоли адаб, ахлоқ ва сабру ҷавонамрдии бемисл мардумро ба сӯи дин ва шариате, ки аз ҷониби Худованд ба он мабъус шуда буд, даъват мекард. Даъватҳои ӯ, ки ба сӯи яктопарастӣ ва раҳоӣ аз ширку бутпарастӣ сурат мегирифт, дар айни замон саршори муҳаббат, раҳмат ва сулҳу оромиш буд. Дуронӣ чунин менависад: “Яке аз бузургтарин ҷурмҳо ва гуноҳон он аст, ки ин марди раббонӣ мавриди инкор қарор гирад (ва ҳар навъ иттиҳоми бад дар ҳаққи ӯ асос надорад)”.(Ниг.Пайёмовари раҳмат, саҳ 150, форсӣ).
Даъватҳои Расули акрам дар Макка ба сӯи яктопарастӣ ва дурӣ аз ширку бутпарастӣ бисёр оромона ва шаффоф сурат мегирифт.
Чаро шаффоф? Зеро Муҳаммад (С) ҳадафу барномаҳои худро ошкоро ба пайравонаш мегуфт ва ҳеҷ ҳиллаву найранг ё кадом манофеи дунявӣ дар миён набуд. Ҳангоми таҳқиқ дар мавриди сираи Расули акрам ҳеч шиканҷа, озор, таҳдид, фишор ё ҳиллаву найранге гузориш нашудааст, ки ӯ нафареро аз ин тариқ мусалмон карда бошад.
Донишманди ингилис Ҳайдлӣ Лурд, ки баъди таҳқиқот оид ба ҳаёти паёмбар соли 1914 исломро пазируфтааст ва китобе дорад бо номи “Марди ғарбӣ ба ҳуш омад ва исломро пазируфт”. Баъди таҳқиқоташ чунин мегӯяд: “Ҳаргиз Муҳаммад (С) дигаронро ба пазириши Ислом маҷбур накардааст”.
Ӯ воқеан аз дари сулҳ вориди ҷаҳони нав шуд. Ӯ нагуфт ҳамаи ин ҷоҳилонро қатли ом карда, аз сари нав инсонҳои дигареро бояд тарбия кард. Ӯ ҳамин ҷоҳилонро чунон тарбия кард ва ҷаҳони харобгаштаи онҳоро таъмир кард, ки кору пайкори онҳо намуна ва улгу барои башарият шуд. Саҳафоти таърих тилоранг аз ҳилму сабру ахлоқу адаби онҳо гашт.
Паёмбаре, ки дар 23 соли даъваташ ҳатто як нафарро ҳам ба зури шамшер ё таҳдиду фишор вориди ислом накардааст, оё аз рӯи инсоф ва ақли солим аст, ки ӯ ва шариаташро сарчашмаи террористӣ ва экстремистӣ бихонед?!!.
Онҳое, ки чунин иддао мекунанд ва бо далели сохтаву бофтаи худ мехоҳанд чунин итиҳомро бар Муҳаммад (С) ва шариати ӯ бор кунанд ё руҳан беморанд ё эҳсоси дуруғини миллигароӣ ва ифтихориашон аз гузаштаи пучу беарзиш аст. Тарбияти нодуруст ва зери бори таблиғи душманони қасамхӯрдаи Ислом низ қарор гирифтаанд ва шахсони солимфикру мустақил нестанд.
Ҳангоми баҳсу гуфтугӯ аз бархе “муҳаққиқон” ва “зиёиён” мешунавем, ки ин ҳама таблиғи ором дар Макка ва бо душманонаш, муборизаи мусаллаҳона накардани Муҳаммад (С) ба он вобастагӣ дошт, ки Ислом қавӣ набуд ва пайравони Муҳаммад (С) заиф буданд. Ин иттиҳом низ асос надорад. Аллакай дар Макка Абубакри Сиддиқ, Алӣ, Усмон, Ҳамза писари Абдулмуталиб, Умар писари Хатоб (Худо аз ҳамаи онҳорозӣ бошад) исломро пазируфта буданд ва аз оилаҳои бонуфуз ва шахсиятҳои қавии шаҳри Макка буданд.
Инчунин аз хонаводаҳои бонуфузи Макка фарзандон ва ғуломонашон пайравӣ аз Муҳаммад (С) ва шариати ӯ мекарданд. Бале, он вақт дастуроти ҷанг аз сӯи Худованд содир нагашта буд, аммо торих гувоҳ аст, ки ин афрод дар муқобили он ҳама зулму ситам ва қатлу куштор ва террорҳое, ки мушрикони Макка алайҳашон анҷом медоданд сабр ва шикебоӣ пеша кардаанд. Зеро Муҳаммад (С) асло намехост, зери зулму фишор ва қатлу куштор паёмашро, ки аз ҷониби Аллоҳ ба ӯ дастур мешуд, ба мардум бирасонад. Файласуф ва шарқшиноси фаронсавӣ Эдвард Монтия дар китобе бо номи “Ал‐араб” чунин мегӯяд: “Муҳаммад боҳуштарин, одилтарин ва меҳрубонтарин инсоне аст, ки торих дидааст”. Шабеҳи дигар низомҳо Муҳаммад (С) ва пайравонашон тамоми имконотро доштанд, ки бо ташкили ҷангҳои партизанӣ ё фитнаву ошуб дар Макка аз душманони худ қасос бигиранд, аммо накарданд.
“Раҳбари ислом (Муҳаммад (С)) намехост ҷанги хунини хонаводагӣ ба роҳ андозад. Мусалмонон дар он ҳангом шохаҳое аз танаи хонаводаҳо буданд. Ҳамин хонаводаҳо буданд, ки фарзандони хешро азият ва озор медоданд ва мехостанд онҳоро аз динашон баргардонанд. Агар дар он вақт ба мусалмонон иҷоза дода мешуд, ки аз хештан дифоъ кунанд, маънои ин иҷоза ин буд, ки ҷанг ва ошуб дар ҳар хонае дар гирад ва дар ҳар хонавода хуне бирезад”. (Фи‐зилоли Қруъон, саҳ. 282, ҷилди 1).
Муҳаммад (С) аз рӯзи оғози даъваташ ҳамвора ва таҳти ҳар шароите мардумро ба сулҳу ҳамзистии мусолиматомез дар канори ҳамдигар даъват мекард ва то охирин лаҳзаи ҳаёташ ин амри муҳим барои башариятро барои пайравонаш таълим дод. Ин гуфтаҳо барои ӯ шиор набуд, мисли роҳбарони дунёи имрӯз, балки ӯ қотеона ба он амал мекард.
Ба таъбири Лурд ‐ донишмандӣ инглис: “Муҳаммад пайваста барои ҳифзи хунҳо талош мекард”.
Зулму фишор бар Муҳаммад (С) ва паравонаш то ҷое пеш рафт, ки ҳатто Сумайя духтари Хаёт ва шавҳараш Ёсир писари Омир, ки аз нахустин исломовардаҳо буданд, аз тарафи оли Муғира ба шаҳодат расиданд. Зулм бар Билол писари Равоҳа, Аммор писари Ёсир ва садҳо пайравони навимоновардаи Муҳаммад (С)‐ро торих кам дар хотир дорад. (Муфассал ниг.Китоби «Родмардоне дар артофи пайёмбар» (С) соли 2012).
Ин оғози шариате аст, ки таҳти ҳама шароит ба худаш иҷоза надод, ки як низоъ ва ошуби хурдеро ҳам бар по кунад то дар он як инсон ба ҳалокат расад. Пас маълум мешавад, ки сарчашма ва оғози шариати ноби Муҳаммад (С) пок, соф ва дур аз ҳар гуна амали террористию экстремистӣ аст.
Дар хулосаи ин мавзуъ бояд ба як масъала диққати ҷиддӣ бидиҳем, ки Исломи азиз ба сулҳу оштӣ ва зиндагии сулҳомез таъкиди махсус дорад, ки ҳеҷ низом ва мактабҳои иҷтимоӣ то ин ҳад ба он
алоқаманд набудаанд. Шиоре ки Муҳаммад (С) ба пайравонаш омӯхт ва он як амри воҷиб ва лузумӣ барои тамоми мусалмонҳост, ин “Ассалому ълайкум” мебошад, яъне сулҳу оромиш ва оштӣ аз ҷониби Худо ва ман ва мардум бар шумо бод ва ҳамеша дар сулҳ қарор гиред.
Ин шиор ба сурати як шиори калидӣ рӯзона миллионҳо маротиба ба воситаи мусалмонон такрор мешавад. Ҳамчунин Ислом гуфтани ин ҷумларо дар охири ҳар намоз воҷиб кардааст. Ин аст бархӯрди Муҳаммад (С) ва шариаташ ба инсонҳо. Ҳамин далел кофист бар ҳамаи онҳое, ки хунгармӣ, ифрот ва хушунатро бар мусалмонҳо нисбат медиҳанд. Дар воқеъ Муҳаммад (С) паёмовари сулҳ буд, на ҷанг!
(Идома дорад)