Рубрики Хабарҳо

Хоҳари Шӯҳрати Раҳматуллоро боз барои сатраш боздошт карданд (навор ва садо)

Ҳамин ҳоло дар Душанбе, ҳади ақал аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-2 амалиёти зидди сатр ҷараён дорад. Ба дасти Паём сабти видеоӣ ва садоии ҷараёни ин боздошт ва ному насаби кормандони ин шӯъба ва шарҳи онҳо ба ин амалиёташон расид.

Байни боздоштшудаҳо Нилуфар Раҷабова, хоҳари рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло ва духтари зиндонии сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб қарор дорад. 

Кормандони ШВКД Сино-2 ва ҳукумати ин ноҳия дар як амалиёт чаҳор бонуи сатрпӯшро боздошт карда ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Аз дақоиқи аввали боздошти бонувон то чанд муддати буданашон дар дохили шӯъба сабти садоӣ ва видеоии ин боздошт ба дар ихтиёри Паём қарор гирифт.

Дар дақоиқи аввали боздошт, ки дар кӯча сабт шудааст, як зан, ки баъдтар худро мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила (маълум нест кадом ноҳия) муаррифӣ мекунад, ба боздошшуда мегӯяд, ки “мо гурӯҳи корӣ оид ба фарҳанги бегона ҳастем. Инҷо шинед (зоҳиран мошинро ишора мекунад) мо штаб дорем, бо шумо каме сӯҳбат мекунем”. Нилуфар Раҷбаова ба ӯ мегӯяд, ки “ҳаминҷо гап занед”, вале мудирзан посух медиҳад “мумкин нест, мо корманди ҳукуматем, сатрпӯшӣ мумкин нест.” Нилуфар аз ӯ ному насаб мепурсад ва зан посух медиҳад, ки “Абдуллоева Раъно Ҳайдаровна, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила”. Вале намугӯяд, ки кадом ноҳия.

Баъдан ба гуфтугӯ як мард ҳамроҳ мешавад ва мегӯяд “апаҷон, ягончӣ нест, мепурсанд, ана онҷо духтарако шиштагиян бачаҳако катӣ, гузарен апаҷон, гузарен”. Садои ба мошин даромадан шунида мешавад ва Абдуллоева мегӯяд “ба қафо гузарен, баҳузур шинен”. 

Аз дуртар садои ду мард ва як зани дигар, ки зоҳиран аз гурӯҳи амалиётгузаронандаҳо ҳастанд, шунида мешавад. Яке мепурсад, ки “чӣ қадар меистем?”, дигарӣ посух медиҳад, “камтари дигар истем меравем”. Садои занона мегӯяд “як тов хӯрем худаш ба фикрам ҳамун чӣ (зоҳиран нақшаро дар назар дорад) мешавад, меравем баъд”. Як марди дохили мошин мепурсад, ки “апа, (ШВКД) ноҳияи Сино мерем?”. Аз дуртар садои марди дар берунбуда меояд, ки “уна як духтари дигара оварда истодан, ҳамун меёяд мерем”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *