«Паём» дар ду рӯз боз се табиби маъруфи кишвар аз гирифтори ба вируси коруно ба шаҳодат расиданд. Дар умум дар ин муддат аз марги ҳади ақал 5 табиб хабар расид. Яке аз онҳо пизишки номӣ ва чеҳраи саршиноси миллӣ ва фарҳангӣ Сайидшоҳ Акрамзода субҳи имрӯз ба дидори парвардигораш шитофт. Ӯ на танҳо пизишки ҳозиқу касбӣ буд, балки нафари фарҳангӣ, зиёӣ ва миллӣ маҳсуб мешуд, ки қабл аз маргаш ҳам дар васфаш достонҳо навишта буданд. Ҳамчунин дар табибон Шералӣ Султонов сардухтури бахши кӯдаконаи беморхонаи Қарияи боло, табиб ва устоди донишгоҳи тиббӣ Мулосабур Каримов, осебшиноси бинои 4 уми беморхонаи Қараболо Абумутаалим Хомидов, табиб Мӯсоев аз шаҳри Истаравшан бо дунё падрӯд гуфтанд.
“Радиои Озодӣ” бо нашри наворе дар шаҳри Душанбе бемористони сайёр барои муолиҷаи гирифторони COVID-19 ба қабули беморон оғоз кард. Дармонгоҳи муваққатӣ, ки дар 144 «контейнер»-е бунёд шудааст, ки Узбекистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дода буд. Бемористони сайёр дар варзишгоҳи «Бофанда» ҷойгир шудааст.
“Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар шаҳрдории пойтахт аз ҳудуди 50%-и кормандони муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд, дархост шудааст ба рухсатии бемузд раванд. Ба иттилои манбаъ, танҳо роҳбарони хадамоти шаҳр ва мутахассисони зарурӣ дар кор боқӣ мемонанд.
“Ховар” олимони соҳаи тибби кишвар дар якҷоягӣ бо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи ёрирасони нафасдиҳии сунъиро ба истифода доданд. Ин дастгоҳро табибон дар Беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе якчанд муддат озмоиш намуданд.
«Паём» дар зиндони рақами 3-и пойтахт, воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо “1-ум Советский” вируси коруно мисли зиндони рақами 1 босуръат паҳн мешавад. ҳудуди 400 нафар маҳбус дар ин зинон гирифтори вируси коруно буда, ҳолати 47 нафар вазнин арзёбӣ мешавад.
“Радиои Озодӣ” бо истинод ба Акрам Маҳмудов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи ду моҳ боз дар Истанбул дармондааст , қарор аст, як ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines дар парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз Истанбул ба Душанбе оварда, дар роҳи бозгашт сад шаҳрванди Туркияро бибарад.
“Азия Плюс” бо такя ба қавли манбаъаш дар ҳукумат мисли пештара ва то сабти аввалин далели ошкор шудани сирояти коронавирус дар Тоҷикистон охири моҳи апрел ва ҳам имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун наздики 20 ҳазор нафар коргарону муҳандисон фаъолият доранд. Тибқи нақшаи бинокорон, агрегати сеюми Роғун нимаи дуюми соли 2025 ба истифода дода мешавад.
Вираҷ Сингҳ, сафири Ҳиндустон гуфтааст, қарор аст, ду ҳавопаймо охири моҳи май якуним ҳазор шаҳрванди ин кишварро аз Тоҷикистон баргардонанд. Ӯ ба вебсайти хабарии дар Ҳинд гуфтааст, ки “Айни замон ширкати ҳавопаймоии Индиа Эйр ду парвози махсус аз Деҳлӣ ба Душанберо дар рӯзҳои 27 ва 28-уми май барномарезӣ кардааст.”
«Паём» бо истинод ба Шӯҳрати Раҳматулло, писари зиндонии сиёсии тоҷик, узви Раёсати олии ҲНИТ Раҳматуллоҳи Раҷаб , ки ӯ пас аз тақрибан як моҳи гирифторӣ ба COVID-19 пирӯз шуда, аз бунгоҳи тибби зиндони рақами 1 мураххас шуд. Раҳматуллоҳи Раҷаб баъди ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар гӯё кудатои Ҳочӣ Ҳалим Назарзода ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд.
“Радиои Озодӣ” Элис Уэллс, муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегӯяд, дар давраи бӯҳрони беҳдоштӣ мардуми Тоҷикистон бояд ба иттилои воқеиву шаффоф дастрасӣ дошта бошанд ва матбуот битавонад вазифаи худро иҷро кунад.
“Азия Плюс” иттилоъ дод Русия , ки бо сабаби пандемияи коронавирус омӯзгорони русиягии дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаро ба хонаҳояшон баргардонад. Онҳо бо ҳавопаймои ширкати Русия рӯзи 25 май парвоз мекунанд. Тоҷикистон гуфтушунид мегузаронад, то ки бо ин ҳавопаймо шаҳрвандони тоҷик ба ватан оварда шаванд.
Писари Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари муҷоҳидони зидди нирӯҳои Шӯравӣ ва Толибон гуфт, ки ӯву чанд узви хонаводааш ба коронавирус гирифтор шудаанд. Аҳмад Масъуд дар Твиттери худ рӯзи 19 май , бо ин ки “нишонаҳои вирус чандон ҷиддӣ нестанд”, ин ба он маъно нест, ки вирус набояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ӯ навишт, ки бар асоси натиҷаҳои озмоиши тестии бадастомада давоми ду ҳафта дар карантин мемонад.
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия,ба «Спутник» дар навбати аввал муҳоҷирони тоҷикеро, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия қарор доранд, ба Ватан баргардонда мешаванд. Гуфта мешавад теъдоди тоҷикистониёне, ки феълан дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия қарор доранд, беш 400 нафарро ташкил медиҳанд.
«Паём» дар таҳлиле ҳукумати Тоҷикистон маъракаи мубориза бо COVID-19-ро ҳам ба як маъракаи сиёсӣ табдил дода, аз он ба ҳадафи таблиғи раиси ҳукумат ва хонаводаи ӯ истифода мебарад. Коргирифтатарин силоҳаш ҳам дар ин маърака силоҳи иттилоъотиаш аст, маъруф бо “Фабрикаи ҷавоб”.
“Радиои Озодӣ” Дилшод Нурматов, муҳоҷири тоҷикро, ки кӯдаконаш баъди марги модар дар Русия танҳо монда буданд, аз Душанбе ба Маскав бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, сафари ӯ бо ризояти ҷониби Русия шаби 19-уми май имконпазир шуд ва ҳоло дар хонааш дар карантин аст. Нурматов моҳи марти имсол ба дидани волидон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон омад, аммо ба сабаби якбора баста шудани марзҳо ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо дар инҷо монд.
Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шушҳо (ИВЛ) сохта шуд. ки аз ҷониби кормандони яке аз сохторҳои Академияи миллии илмҳо таҳия гардид. “Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона озмуда шуд”, — ба “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 210 каси дигар ба COVID-19 гирифтор шудаанд ва рӯзи 21-уми май шумори умумии беморон ба 2350 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон 1008 кас аз ин беморӣ шифо ёфта, 44 нафар ҷон бохтаанд.
Сообщение ПАЁМ.net.